Раъйдиҳандагони Восеъ: Ба ваъдаҳои "калӯшин" бовар надорем

Эҷоди ҷойиҳои кории кофӣ дар минтақа ва кишвар мавзуъест, ки аксари сокинони Восеъ дар ҷануби Тоҷикистон мехоҳанд, сиёсатмадорон таваҷҷӯҳи худро ба он ҷалб кунанд.
Аммо сокинони ин минтақа, ки рӯзи якшанбе барои интихоботи миёндавраии намояндаи худ ба порлумони кишвар ба пойи сандуқҳои раъй хоҳанд рафт, мегӯянд ки барномаи ҳеҷ яке аз чаҳор номзад дар ин интихобот ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳи лозим зоҳир накардааст.
Ин нуктаро дар ҷараёни сафарам ба ноҳияи Восеъ, ки барои мушоҳидаи омодагии мардум барои ширкат дар интихоботи миёндавраӣ рафта будам, дарёфтам.
Аксари ҳамсӯҳбатонам мегуфтанд, агар вазифаи вакилони мардумӣ намояндагӣ аз раъйи мардум дар порлумони кишвар аст, нахустин нигаронӣ ва дархости онҳо бозгардонидани пайвандонашон аз муҳоҷират тавассути эҷоди ҷойҳои кории матлуб дар кишвар аст.
Раҳимҷон Латипов, сокини бознишастаи ноҳияи Восеъ яке аз раъйидиҳандагон аст. Ду фарзанди ӯ дар муҳоҷират ба сар мебаранд. Оқои Латипов мегӯяд: “Фарзандон, дӯстон ва пайвандони ман дар Русия ҳастанд, онҳо аз пайвандонашон дур ва бо мушкилоти зиёд зиндагии худро пеш мебаранд. Ман мехоҳам, вакили мо дар порлумон аз муҳоҷирони тоҷик сӯҳбат кунад, кор дар кишварамон зиёд шавад, сафи муҳоҷирон кам шавад. Ин кор осон нест, аммо агар дар ноҳия маоши хеле боло не, балки барои ниёзҳои аввалия кофӣ медоданд, муҳоҷират ба ин дараҷа зиёд намешуд.”
Гулсара Язнамқулова, раъйдиҳандаи дигар мегӯяд: “Садҳо ҷавони тоҷик ба хотири бекорӣ дар кишварамон дар Русия мушкил доранд. Вакилон бояд ин мушкили мардумро дар назар бигиранд.”
"Ман дигар ба касе раъй намедиҳам"
Солмандони ноҳия мегӯянд, ки интихоботи феълӣ аз интихоботҳои қаблӣ бо ин фарқ мекунад, ки мардум ба бовари онҳо "огоҳтар" шудаанд ва дигар ба ваъдаҳои "калӯшин" бовар надоранд.
Бобои Ғанӣ мегӯяд, дар гузашта борҳо дар интихоботҳо ширкат карда, аммо дигар ба "ваъдаҳои холии" номзадҳо бовар надорад. Ӯ мегӯяд: “Вакили мо бояд чашм ва гӯши мо дар порлумон бошад, аз мо пуштибонӣ кунад, аммо вакилони мо ҳар гоҳ пас аз баранда шудан моро фаромӯш кардаанд. Ман дигар ба касе раъй намедиҳам.”
Бархе дигар мегӯянд, бо андаке беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ дар солҳои ахир дарёфти раъйи мардум бар ивази ваъдаҳои орду шакар, калӯшу порча мумкин нест ва мардум интизори тасмимҳои сиёсӣ аз вакилон ҳастанд.
Зеро раъйдиҳандагони солхӯрда мегӯянд, ки пас аз ҷанги шаҳрвандӣ мардум фақир буданд ва дар ивази дарёфт кардани ашёҳои ниёзи аввалия ва ғизо раъй медоданд.
Савлатбӣ Шералиева, зане аз ноҳияи Восеъ мегӯяд: “Номзадҳо барои мо калӯш медоданд, ваъдаҳои зиёд мекарданд, ки дар сурати пирӯзияшон ба мо бештар кӯмак мекунанд. Мо ба онҳо раъй медодем, аммо баъди ба порлумон рафтанашон аз онҳо хабаре намешуд. Ҳоло мо аз вакилон талаб дорем, ки мушкилиҳои моро ҳал кунанд, аз мо, мардуми кишоварз ва бекормондагон пуштибонӣ намоянд.”
Рӯзи якшанбеи панҷуми май, дар интихоботи миёндавраии ҳавзаи интихоботии шумораи 39 сокинони се ноҳияи Восеъ, Балҷувон ва Темурмалик вакили худро ба порлумон аз миёни чаҳор номзад - Раҷаби Мирзо ва Ҷӯрабек Қурбонов ду номзади мустақил, Ибодуллоҳ Неъматов аз ҳизби ҳокими Халқӣ демукрот ва Зайниддин Сафаров аз ҳизби Кишоварзии Тоҷикистон интихоб хоҳанд кард.
