Шиъори номзадҳои интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи Восеъ

  • 30 Апрел, 2013
ҳавзаи интихоботии шумораи 39 дар Восеъ
Image caption чаҳор номзад ба курсии намояндаи порлумони Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии шумораи 39 машғули муборизоти интихоботӣ барои ба даст овардани раъйи сокинони навоҳи Восеъ, Балҷувон ва Темурмалик ҳастанд

Ҳудуди як моҳ аст, ки чаҳор номзад ба курсии намояндаи порлумони Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии шумораи 39 машғули муборизоти интихоботӣ барои ба даст овардани раъйи сокинони навоҳи Восеъ, Балҷувон ва Темурмалик ҳастанд.

Раҷаби Мизо ва Ҷӯрабек Қурбонов ду номзади мустақил буда, Ибодулло Неъматовро ҳизби ҳокими Халкӣ демукрот ва Зайниддин Сафаровро ҳизби Кишоварзии Тоҷикистон барои ширкат дар ин интихоботи миёндарвраӣ номзад кардаанд.

Қарор аст рӯзи 5-уми май дар интихоботимиёндавраӣ яке аз ин номзадҳо барои намояндагӣ аз се ноҳияи Восеъ, Балҷувон ва Темурмалик дар порлумони кишвар, интихоб шаванд. Қабл аз таъйиноти ахир ба симати раиси ноҳияи Восеъ, Рустам Латипов, узви ҳизби кишоварзии Тоҷикистон аз ин навоҳӣ дар порлумони кишвар намояндагӣ мекард.

Номзадҳо рӯзи 9 апрел корзори таблиғоти пешазинтихоботии худро оғоз карданд. То замони баргузории интихоботи миёндавраӣ дар ин ҳавзаи интихоботӣ як ҳафтаи дигар боқӣ мондааст ва номзадҳо дар марҳилаи ниҳоии корзори интихоботии худ қарор доранд. Ба гуфтаи номзадҳо, онҳо ҳудуди 90 дарсади мулоқотҳои худро бо раъйдиҳандагон дар навоҳии Восеъ, Балҷувон ва Темурмалик, тибқи барномаи корзори таблиғотии худ анҷом додаанд.

Ҳарчанд барномаҳои пешазнитихоботӣ ба мушкилоти мушобеҳи сокинони минтақа таваҷҷӯҳ кардаанд, шиъори номзахдҳо аз ҳам фарқ дошта ва ҳар номзад ҳалли масоили ҷудогонаеро ба унвони муҳимтарин ҳадафи барномаи худ унвон карда.

Раҷаби Мирзо: "Ман ба қадри раъйи шумо мерасам”

Раҷаби Мирзо (Раҷабалӣ Мараимов), хабарнигори матраҳи тоҷик ва номзади мустақил мегӯяд:

"Ман ҷонибдори Тоҷикистони қавӣ ҳастам. Ман дар барномаи худам ваъдаи имонӣ ва инсонӣ додаам, ки фосилаи ҷойдоштаеро, ки миёни мардум ва намояндагони порлумони кишвар вуҷуд дорд аз миён бубарам ва мардумро бо вакили худ наздик кунам.

Бо сабаби бемасъулиятии роҳбарони сатҳи пойин, мардум дар навоҳӣ мушкили зиёде доранд, ки ман мехоҳам бо пирӯз шудан, ин мушкили мардумро аз миён бибарам. Ин қабл аз ҳама масоили марбут ба набуди оби ошомиданӣ, мушкилоти бахши беҳдоштӣ, вайрон будани роҳҳо ва дигар мушкилоти иҷтимоъии мардум аст. Агар ман пирӯз шавам барои ҳалли ин мушкилоти мардуми минтақа талош мекунам.

Агар ба ваъдаи додаам ба раъйдиҳандаҳо истодагӣ накунам, пеш аз муҳлат аз порлумон истеъфо хоҳам дод."

Ҷӯрабек Қурбонов: "Барои созандагӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон”

Ҷӯрабек Қурбонов, номзади мустақил бештар аз мушкилоти марбут ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиъатҳои раъйдиҳандагонаш сӯҳбат мекунад:

"Дар барномаи ман ҳадафҳое мисли ҷалби бештари занону ҷавонон ба ҳаёти сиёсии кишвар, иштироки бештари мардум дар баланд бардоштани анъанаҳои миллӣ ҷо доранд.

Дар сурати соҳиб шудани раъйи бештар ва пирӯзӣ дар интихобот барои боло бурдани нафақаи барҷомондагон барномаи вижаеро пешбарӣ мекунам, ки кумакпулиҳои изофиро барои афроди бесарпаноҳу кӯдакони маълул дар назар дошта бошем.

Аз сӯйи дигар ба унвони ҷавонтарин номзад дар ин интихобот мехоҳам барои тавсеъаи ҷавонон ва ҷаҳонгардӣ дар ин се ноҳия корҳое анҷом диҳам."

Зайниддин Сафаров: “Имрӯз вақти қавлу амал аст”

Зайнидддин Сафаров, номзад аз ҳизби кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, ҳадафи аслиаш ба унвони намояндаи порлумон кумак барои тавсеъаи арсаи кишоварзӣ хоҳад буд:

"Дар сурати баранда шудан кумаки молӣ барои рушди кишоварзӣ, аз ҷумла мустақилшавии кишоварзон ва кам кардани молиёт аз заминҳои кишт дар назар гирифта мешавад.

Дар барномаи ман, ноил шудан барои тасвиби қонуни амнияти ғазо ва пойин кардани қимати маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳо ба унвони ҳадафҳои муҳҳим зикр шудааст."

Ибодулло Неъматов: “Мо мисли дигар вакилон нестем”

Ибодулло Неъматов, номзад аз ҳизби халқии демокартии Тоҷикистон мегӯяд, ки барномаи ӯ фарогирӣ масоили ҳам иқтисодӣ, ҳам иҷтимоъӣ ва ҳам фарҳангӣ аст:

"Мо мисли дигар вакилон нестем ва ваъдаамонро, ки барои Ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, таъмини аҳоли бо оби тоза, рушди боғдорӣ, беҳсозии обёрии заминҳои кишоварзӣ, бунёди маркази фарҳагӣ иҷро мекунем.

Паст кардани сатҳи камбизоъатӣ дар миёни мардум, тавлиди захираҳои заминӣ, дастгирии хонаводаҳои фақир ва маъюбон бахши муҳимми барномаи ман аст.

Дар сурати пирӯз шудан ба хонаводаҳои ҷавон кумак ва ҷавононро барои донишомӯзӣ ҷалб мекунем."

Қарор аст, интихоботи порлумонӣ дар ҳавзаи шумораи 39 ноҳияи Восеъ рӯзи 5 май баргузор шавад ва номзадҳо то рӯзи 4 май имкони таблиғи барномаҳои худро дар деҳаҳои дурдасти ин се ноҳияро доранд.