Ғайбулло Афзалов: Мардум медонад киро интихоб кунад

  • 28 Август, 2013
Ғайбулло Афзалов
Image caption “Андеша кунед, ки ҳудуди 22 сол аст, ки ҷаноби олӣ ба мардуми мо хидмат кардааст.”

Ахиран раиси вилояти Хатлон ошкоро раиси ҷумҳурии кунунии кишварро ба унвони номзад ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар поизи соли ҷорӣ таблиғ кардааст.

Ғайбулло Афзалов, дар як ҷаласае бо ширкати сокинони ноҳияи Ховалинги ин вилоят гуфтааст, ки "мардум худаш хуб медонад дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ киро интихоб кунад."

Оқои Афзалов интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар поизи соли ҷориро дар назар дошта ва ӯ ба масъулини муассисаҳои вилоят дастур додааст, ки дар баргузории ин интихобот дар фазои демукротик ва шаффоф иқдом кунанд.

Ҳамчунин оқои Авзалов гуфт: "Андеша кунед, ки ҳудуди 22 сол аст, ки ҷаноби олӣ ба мардуми мо хидмат кардааст."

Оқои Афзалов, ки яке аз аъзоёни фаъъоли Ҳизби халқии демукротики Тоҷикистон аст дар ин ҷаласа гуфтааст, ки ҳизби ӯ ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ омодагии хубе гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол коршиносони маҳаллӣ бо ишора ба суханрониҳои оқои Афзалов мегӯянд, ки ин иқдом таблиғоти ҳизби ҳокими кишвар будааст, ки ҳатто қабл аз эъломи замони оғози муборизоти интихоботӣ садо медиҳад.

Ин нахустин бор дар соли ҷорӣ нест, ки раиси вилояти Хатлон аз номзади ба гуфтаи вай "арзанда"-и интихоботи қарибулвуқӯъ дар Тоҷикистон ҳарф мезанад.

Вай дар моҳи январи соли ҷорӣ низ гуфта буд: "Мо дар ниҳоди худ шахсеро барои интихоб кардан ба раиси ҷумҳурӣ медонем."

Ин дар ҳолест, ки оқои Авзалов дар мулоқоти дигараш бо сокинони ноҳияи Ҷиликул аз омодагии ҳизбҳои сиёсии дигар ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ қабл аз эълом шудани замони табли-оти интихоботӣ ибрози нигаронӣ кард.

Image caption "Аҳзоби дигари сиёсӣ бояд имконияти муъаррифии худро дар пешорӯи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дошта бошанд.”

Вай ҳарчанд дақиқ аз барномаи пеш аз интихоботии ҳеч яке аз аҳзоби сиёсӣ ном набурд, аммо гуфтаст, ки баъзе аз ҳизбҳои сиёсӣ пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ситодҳояшонро фаъъол кардаанд.

Оқои Афзалов афзуд: "Ҳизбҳои сиёсии кишвар бар хилофи қонуни интихоботӣ барномаҳои пеш аз интихоботи худро оғоз кардаанд ва онҳо мафкураи одамонро дигар мекунанд. Шумо ба ваъдаву дасисаҳои ҳизбҳои сиёсӣ бовар накунед."

Қамариддин Афзалӣ, раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, гуфт, ки фаъол шудани ҳизбҳои сиёсӣ дар соле, ки интихобот баргузор мешавад, бояд назаррас бошад.

Оқои Афзалӣ мегӯяд: "Аъзоёни Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз мақомоти зери дасти худ барои таблиғот хуб истифода мекунад. Аммо аҳзоби дигари сиёсӣ низ дар чаҳорчӯби қонун фаъъолият мекунад ва онҳо бояд имконияти муъаррифии худро дар пешорӯи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дошта бошанд."

Таҳлилгарони маҳаллӣ мегӯяд, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва интихоботҳои миёндавраи танҳо Ҳизби халқии демукротики Тоҷикистон ва Ҳизби наҳзати исломӣ Тоҷикистон фаъъолияти назаррасе дорад.

Аммо дар вилоят дигар ҳизбҳои сиёсӣ дар канори надоштани дафотири корӣ ҳамчунин фаъъолияти муассири онҳо низ ба назар намерасад. Аз ин рӯ бисёре аз аъзои ин ҳизбҳо баъд аз ноумедиҳо ба узвияти Ҳизби ҳокими халқи-демукроти Тоҷикистон мепайванданд.

Дилбар Солиева, ки қаблан раҳбари бахши Ҳизби сусиёлистии Тоҷикистонро дар вилояти Хатлон бар уҳда дошт, чанде қабл ба Ҳизби ҳокими кишвар пайваст ва ҳамакнун симати сухангӯи шаҳрдори Қурғонтеппаро бар уҳда гирифтааст.

Коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, афроде, ки аъзоёни ҳизбҳои сиёсии мухолиф ба давлати кунунӣ, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳастанд, имкон надоранд, ки ба вазифаҳои раҳбарикунанда ва ё маъмулӣ дар ҳукумати маҳаллӣ истихдом шаванд.

Матолиби муртабит