Хариду фурӯши оби ошомиданӣ дар вилояти Хатлон

Саидмуҳиддин Сабзалиев, як ҷавони сокини ҷамоъати Машъали ноҳияи Вахш мегӯяд, ки барои рӯзгори хонавода онҳо маъмулан обро аз фурӯшандагони он харидорӣ мекунанд.
Оқои Сабзалиев гуфт, ки хонавода барои як тунн об ҳудуди 150 сомонӣ, ки муъодил ба беш аз 30 дулори омрикоӣ аст, масраф мекунад.
Вай афзуд: “Дар ҷамоъати мо оби тозаи нушиданӣ нест ва барои нӯшидан ва омода кардани ғазо мо обро мехарем, вале барои оббозӣ ва шустушӯйи либос аз ҳамон оби касиф, ки дар масофаи дур аст, истифода мекунем.”
Оқои Сабзалиев мегӯяд, ки бархе авқот агар саромяи кофӣ барои харидории оби тозаро набошад, онҳо водор мешаванд, ки барои омода кардани ғазо низ аз оби касиф истифода кунанд.
Ӯ мегӯяд: “Аз ин рӯ бархеҳо ба бемориҳои мухталиф гирифтор мешаванд. Замистону баҳор аз оби борону барф истифода мекунем, вале тобистон оби тозаро аз обфурӯшон бо пул фармоиш медиҳем.”
Дар ҳамин ҳол масъулони идораи обу обёрӣ дар вилояти Хатлон мегӯяд, ки сокинони даҳҳо русто дар ин вилоят аз оби тозаи ошомиданӣ бебаҳра буда ва маҷбур ҳастанд, ки оби покро аз тоҷирони об харидорӣ кунанд.
Камбуди оби ошомиданӣ натанҳо дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон эҳсос мешавад, балки гуфта мешавад, ки дар бархе дигар аз шаҳру навоҳии ин вилоят ин омил мушоҳида мешавад.
Камбизоъатӣ ва беобӣ
Бо ин вуҷуд бисёре аз сокинони манотиқи камоби ин вилоят мегӯянд, ки касе аз мақомоти ҳукумати маҳаллӣ барои ҳалли мушкили беобӣ расидагӣ намекардааст.
Бино бар иттилоъи идораи обу обёрии Хатлон сокинони рустоҳои беоб аз масофаи дуре аз манзили маскунӣ ва аз оби ҷуйборҳое, ки барои обёрии мазореъи кишоварзӣ, аз ҷумла заминҳои панбазорҳо ва боғҳо истифода мешаванд, об мегиранд.
Абдуҷаббор Катаев, яке аз масъулони ин идора гуфт, ки беш аз 70 дарсади сокинони шаҳру навоҳии ин вилоят ба оби ошомиданӣ ниёзи мубрам доранд.
Оқои Катаев мегӯяд, ки яке аз сабабҳои набуди оби тозаи ошомиданӣ дар бархе аз манотиқи вилоят адами дастгоҳҳои вижаи обкашонӣ будааст.
Ӯ афзуд: "Солҳои пеш дар шаҳру навоҳӣ барои рустоҳое, ки оби нушиданӣ набуд дастгоҳҳои обкашонӣ фаъъолият мекард, аммо ин дастгоҳҳо куҳнаву фарсуда шуда аз фаъъолият мондаанд. Ва сокинони рустоҳое, ки ҳол об надоранд, оби ошомиданиро мехаранд."
Сайдмурод Сафаров, сокини 75-солаи вилояти Хатлон гуфт, ки ҳамроҳ бо ду наберааш аз субҳ то шом ба хонааш оби шӯр мекашонад.
Вай афзуд: "Ҳамин деҳа солҳои пеш об дошт, вале ҳоло об надорад ва кори аслии мардумаш обкашонӣ мебошад. Ман аз субҳ то шом инҷо навбат меистам то ки об ба ман расад."
Сокинони рустоҳо ва ҷамоъатҳое, ки аз об бебаҳра ҳастанд ва обҳои шӯру лойолудро аз масофаҳои дур ба хона мекашонанд, мегӯянд, ки онҳо маҷбуранд кӯдакони худро барои кашонидани об кор фаромянд.
Санавбар, духтари даҳсола аст ва маъмулан баъд аз тамом шудани дарсҳо дар мактаб ба модараш барои обкашонӣ кумак мекунад.
Аз сӯйи дигар масъулони бахши вазорати беҳдошт дар вилояти Хатлон мегӯянд, ки камбуди оби тозаи нӯшиданӣ ва хӯрдани оби касиф, омили аслии сар задани бемориҳои сироятӣ дар бархе аз навоҳии ин вилоят шудааст.
Пизишкони вилоят ҳушёр додаанд, ки мардум барои ҷилавгирӣ аз ибтило ба бемориҳои мусрӣ аз обҳои тоза истифода бикунад. Аммо барои таъмини мардуми ин навоҳӣ бо оби ошомиданӣ ҳукумати маҳаллӣ сармояи лозимаро барои харидории дастгоҳҳои обкаш ва кашидани лӯлаҳои об ихтисос надодааст.
Ин дар ҳолест, ки дар ҳукумати маҳаллӣ даҳҳо аризаҳои шикоятии сокинони шаҳру навоҳии камоб расидааст, ки дар он мардум аз ҳукумат тақозои таъмин кардани онҳоро бо об кардаанд.
Гуфта мешавад, ки аксаран хонаводаҳое, ки фарзандонашон дар муҳоҷират ҳастанд имкони харидории оби тозаи ошомиданиро доштаанд. Аммо афроде, ки маъоши ночизро дарёфт мекарданд аз нӯшидани оби пок маҳрум буда ва замистону баҳор оби борону барфро барои истифода дар тобистон дар зуруфи вижае захира мекардаанд.
