Мақомоти Хатлон аз афзоиши талоқ дар ин устон хабар медиҳанд

  • 24 Апрел, 2013
Зани танҳо
Image caption Дар зарфи се моҳи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 500 хонаводаи аксаран ҷавон дар Хатлон аз ҳам поишданд

Бар асоси иттилоъи расмӣ дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон беш аз 500 мавриди талоқ расман сабт шудааст. Тибқи ин омор аксарияти хонаводаҳои ҷудошуда аз ҷумлаи завҷҳои ҷавон будаанд.

Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон бо изҳори нигаронӣ азҳампошии хонаводаҳои ҷавон дар ин вилоят, масъулони шӯъбаи кор бо занони шаҳру навоҳии мухталифи вилояти Хатлонро муваззаф кардаст, то дар миёни ҷавондухтарон ва ҷавонписарон корҳои машваратӣ гузаронанд.

Оқои Афзалов мегӯяд, омили аслии азҳампошии хонаводаҳои ҷавон дар ин вилоят "омода набудани ҷавонон ба зиндагии хонаводагӣ" аст. Аммо коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, ки ин раванд бештар ба авомили иқтисодӣ марбут аст.

Сабина, номи мустаъори як зани 29 сола аз шаҳри Қурғонтеппа мебошад, ки бо ду кӯдакаш аз шавҳараш талоқ гирифтааст. Ӯ мегӯяд, шавҳараш "лоғарии бадани ӯро" сабаб карда ва ӯро аз манзилаш рондааст.

Вай афзуд: "Шавҳарам аз рӯзҳои аввали арӯсиям мегуфт, ки лоғар ҳастӣ ва маро мезад, мегуфт аз хона баромада рав. Доим мегуфт, ки ту муносиби ман нестӣ ва ман зани дигаре мегирам. Вале ман ҳамаи инро таҳаммул мекардам ва ба зиндагии хонаводагӣ идома медодам. Вай талоқам дод ва боз бо ду фарзанд ба хонаи падарам бозгаштам."

Сабина ҳоло барои баровардани ниёзмандиҳои рӯзгор бо мушкилот рӯбарӯ аст.

Дар шаҳри Қурғонтеппа маркази ҷаъмиятии мавсум ба "Ғамхорӣ" як барномаеро барои занони талоқгирифта рӯйи даст гирифтааст.

Шоҳсанам Қарабоева, масъули ин марказ гуфт, ки бештари заноне, ки талоқ гирифтаанд, дониши ҳуқуқии кофӣ надоштаанд.

Image caption Қарабоева: Бештари занони талоқгирифта огоҳии ҳуқуқӣ надоранд ва ба ин хотир аз нафақа ва манзил маҳрум мешаванд

Хонуми Қарабоева мегӯяд: "Бештари мардҳо аз бесаводии занҳо истифода карда онҳоро озор медиҳанд ва онҳоро талоқ медиҳанд ва аз манзил меронанд. Вақте зан дониши хуб дошта бошад ва тавонад, ки баъди ҷудошавӣ барои кӯдаконаш дархости манзил кунад дар ин сурат мизони талоқ низ кам мешавад."

Шоҳсанам Қарабоева бо нигаронӣ аз вазъи кӯдакон ин занон гуфт: "Дар натиҷаи азҳам пошидани хонаводаҳои ҷавон кӯдакон аз як сӯ аз падарон дур мемонанд ва аз сӯйи дигар парастории онҳо ба дӯши занони бекор мемонад."

Ин дар ҳолест, ки шумори андаки ин занон нафақа барои кӯдакон аз падарҳояшон талаб мекунанд.

Ба гуфтаи коршиносон дар бештари маворид кӯдакон аз хонаводаҳои ҷудошуда ба сабаби фақр аз омӯзиш дар макотиб дар канор мемонанд ва ба ноновари хонавода табдил меёбанд.

Зеро бештари ин кӯдакон барои ба даст овардани сармоя ҳамроҳ бо модаронашон дар хиёбонҳои шаҳру навоҳии Хатлон машғули кори мухталиф ба монанди чарчинфурушӣ, ё мошиншӯйӣ мешаванд.

Матолиби муртабит