Тавсеъаи қолибофӣ дар Ҷиликул: талош барои истиқлоли иқтисодии занон

Ҳукумати ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлон барои коҳиши бекорӣ дар миёни занони ин ноҳия онҳоро ба омӯзиши қолибофии туркманӣ ҷалб мекунад.
Масъулони ҳукумати маҳаллӣ иттилоъ додаанд, ки ба ин манзур дастгоҳҳои хурди қолибофӣ харидорӣ ва ба ноҳия ворид кардаанд.
Ба гуфтаи онҳо дар назар аст, аввал ҳудуди 70 нафар аз занону духатрони ноҳияи Ҷиликул барои омӯзиши қолибофӣ ҷалб шавад.
Соле қабл дар ин ноҳия туҷҷори турк коргоҳи қолибофиро фаъъол ва судури қолиҳои туркманиро ба хориҷи кишвар оғоз карда бунад.
Барои кор дар ин коргоҳи ҳудуди 100 занони туркмантабори ин ноҳия, ки қолибофӣ аз шуғлҳои аҷодиашон маҳсуб мешавад барои кор ҷалб шуда буданд.
Тамара Чориева, масъули ҳукумати ноҳияи Ҷиликул мегӯяд: “Дар Ҷиликул занони туркмантаборе, ки таҷрубаи қолибофӣ доранд омодаанд ба дигарон ин шуғлро биомӯзононад. Занони қолибофи туркманӣ аз шуғлашон даромади хуби молӣ ба даст меоранд.”
Баҳор Навбатова, як сокини туркмантабори ноҳияи Ҷиликул қолибофи собиқадор аст ва дар миёни сокинони ноҳия шогирдони зиёд дорад.
Ӯ бофтани қолиҳоро ба сурати дастӣ ва дар шароити хона ба дигарон меомӯзад, ки ин гуна ҳунари дастӣ дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он харидори зиёде дорад.
Баҳор мегӯяд: “Мо ба занони тоҷик ҳунари аҷдодии худ, яъне қолибофиро меомӯзонем. Ва бо ҷалби онҳо ба ин шуғл онҳо аз вартаи бекорӣ наҷот меёбанд ва қолиҳои туркманӣ, ки дар канори қолиҳои эронӣ шӯҳрат доранд бештар дастраси мардумон хоҳад шуд.”
Омӯзиши қолибофӣ дар ноҳияи Ҷиликул дар ҳоле сурат мегирад, ки ахиран, раиси вилояти Хатлон дар мулоқот бо сокинони ин ноҳия бо нигаронӣ аз афзоиши бекорӣ дар миёни занону духтарон аз мақомоти маҳаллӣ дархсот кардааст, ки ҳунари қолибофиро дар ин ноҳия рушд диҳанд.
Ҷаъмияти бузургтарини туркманҳо дар Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷиликул зиндагӣ мекунанд ва бо гузашти беш аз сесад соли сукунати онҳо дар ин кишвар, туркманҳо забон ва суннатҳои миллии худро дар инҷо пос доштаанд.
Дар ин ноҳия беш аз 10.500 ҳазор туркмантабор ба сар мебаранд, ки ин рақам ҳудуди 12 дарсади ҷаъмияти ноҳияи Ҷиликулро ташкил медиҳад.
