Орзуи наврӯзиён барои дастрасӣ ба оби тоза дар соли нави хуршедӣ

Эраҷ Айёнбеков, писарбачаи 11 сола аз рустои Наврӯзи ҷамоъати Навободи ноҳияи Қубодиён аст.
Эраҷ ва бародаронаш дар рустои Наврӯз таваллуд шуда ва дар бораи табиати зебо ва обҳои поки Бадахшон аз ҳикояти волидайнаш огоҳ шудааст.
Хонаводаи Эраҷ ва беш аз панҷоҳ хонаводаи дигари ин русторо мақомоти Тоҷикистон дар соли 2001 ба хотири таъмини қувваи кории ин минтақа аз вилояти Бадахшон ба ин ноҳия кӯч дода буданд.
Кӯдакони обкаш
Дар тӯлӣ беш аз даҳ сол шуморе аз дӯстони Эраҷ бо хонаводаҳояшон ба хотири камбуди оби ошомиданӣ ва душвориҳои дигари иҷтимоъӣ рустои Наврӯзро тарк карда ва ба шаҳру навоҳии дигар рафтанд. Иддае низ ба вилояти Бадахшон бозгаштаанд.
Вале бо ин вуҷуд Эраҷ мегӯянд, ки зиндагӣ дар ин русторо дӯст медорад.
Вай афзуд: “Дар ин ҷо ман таваллуд шудам ва роҳ рафтанро омухтаам. Ин ҷоро хеле дӯст медорам, аммо беобӣ дар ин деҳа зиндагии моро сахт кардааст. Баъди дарс дар мактаб, масъулияти аслии ман дар хона кашонидани об мебошад ва шуғли тамоми кӯдакон ҳамарӯза обкашӣ аст.”
Аксари сокинони рустои Наврӯз, воқеъ дар 260 килуметрии ҷануби шаҳри Душанбе, аз ҷумлаи сокиноне мебошанд, ки аз вилояти Бадахшон ба ин ҷо кӯч ёфтаанд. Бештари онҳо мегӯянд, ки дарвоқеъ аз набуди оби пок дар ин минтақа ранҷ мебарад.
Шуморе аз ин сокинон гуфтанд, ки масъалаи камбуди об ва ба вижа набудани об барои обёрӣ кардани мазореъ дар ин навоҳиро аз соли аввали кӯч ёфтанашон бо масъулони ҳукумати ноҳияи Қубодиён дар миён гузоштаанд.
Ҳамчунин онҳо ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ Тоҷикистон низ дар ин бора муроҷеъа кардаанд.
Аммо чунин ба назар мерасад, ки шикояти сокинони рустои Наврӯз ба гӯши масъулин нарасидааст, зеро аз соли 2001 то имрӯз барои кумак ба онҳо ҳеҷ масъуле иқдом накардааст.
Шояд имсол мушкил ҳалл шавад....
Чанд нафар аз сокинони рустони Наврӯз гуфтанд, ки орзуи онҳо аз соли нави хуршедӣ дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва об барои мазореъи кишоварзӣ будааст.
Ҳарчанд иддае аз сокинони русто мегӯянд, ки яке аз аҳдоф аз кӯчи онҳо ба ин минтақа тавсеъаи бахши кишоварзӣ дар ин макон будааст, аммо масъулони давлатӣ ин қисмати ҳадафи иқдоми хешро ба буттаи фаромӯшӣ супурдаанд.
Файз Душанбеев, сокини рустои Наврӯз мегӯяд: “Дар инҷо об нест ва фаъъолияти кишоварзон бе об ғайриимкон аст. Агар кишоварзӣ дар русто ривоҷ ёбад, таъмини зиндагии иҷтимоъии мо хуб мешавад.”
Ошӯрмо Қаладорова, як сокини дигар, аз ҷумлаи кӯчиҳои ин русто ҳаст, ки низ аз мушкили набуди оби тоза шикоят мекунад.
Вай мегӯяд, ки аз нӯшидани оби олуда бо гил дар рустои Наврӯз бисёреҳо бемор мешаванд.
Хонум Қаландарова мегӯяд, ки сокинони дигари русто низ аз масрафи оби касиф, ба бемориҳо мухталиф гирифтор шудаанд.
Ошӯрмо афзуд: “Маҷбур ҳастем дар бушкаҳо оби ифлос ва пур аз кирмроро ба хона биёрем, зеро илоҷи дигар надорем, агар обро нанӯшем аз гарми мемурем.”
Вай бо изҳори нигаронӣ аз вазъи кӯдакон мегӯяд: “Дар тобистон кӯдакони мо ҳамин оби ифлосро менӯшанд, мариз мешаванд. Духтарамро ба хотири нӯшидани ин об ду бор бемор ва ӯро амали ҷароҳӣ карданд.”
Матлуба Нозилшоева, пизишки деҳаи Наврӯз дар тақвияти суханони Ошӯрмо мегӯяд, ки ба сабаби набуди об ва масоили беҳдорӣ, бисёре аз сокинони русто зуд-зуд ба бемориҳо гирифтор мешаванд.
Ваъда додӣ вафо кун....
Авазбеков Вазирбек, яке дигар аз наврӯзиён аст, ки мегӯяд, масъулони ҳукумати ноҳияи Қубодиён рӯзҳои аввал ба онҳо ваъда карданд, ки барои иҷтимоъи мардум шароити хубе фароҳам мекунанд.
Аммо оқои Авазбеков мегӯяд: “Дар рӯзҳои аввале, ки моро ба ин ноҳия оварданд ба ҳар як хонавода 300 сомонӣ кумакпулӣ доданд ва ваъда карданд, ки хати оби тоза ва дастгоҳҳои обкашро дар деҳаи мо насб мекунанд. Борҳо мо ба давлатиҳо муроҷеъа мекунем, аммо ба доди мо касе намерасад.”
Оқои Авазбеков мегӯяд, ки дар чунин ҳол имкон дорад, бисёре аз сокинони ин русто ин маконро тарк бикунанд.
Ин дар ҳолест, ки Азиз Одинаев, аз масъулини ҳукумати ноҳияи Қубодиён дар мавриди сабаби набуди оби ошомиданӣ дар рустои Наврӯзи ҷамоъати Навобод ва ваъдаҳои мақомот барои иҷрои он изҳори беитилоъӣ кард.
Аз сӯйи дигар беш аз сад хонаводаи муҳоҷирони дохилӣ аз ҷумлаи сокинони влояти Бадахшон, низ бо мушкили набуди оби ошомиданӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ дар рустоҳҳо ин ноҳия рӯбарӯ ҳастанд.
Аъзои ин хонаводаҳо дар солҳои мухталиф ба ноҳияи Носири Хусрав кӯч дода шудаанд ва гуфта мешавад, ки ахиран бисёре аз ин хонаводаҳо ба таври гурӯҳӣ ин ноҳияро тарк карда дубора ба вилояти Бадахшон ба макони зисти қаблиашон бозгаштаанд.
