Ширкатҳои жопунӣ заминҳои ширинбия дар Хатлонро афзоиш медиҳанд
Масъулони ширкати коркади гиёҳҳои нодири жопунӣ тасим гирифтаанд, ки заминҳои ширинбияро дар вилояти Хатлон афзоиш диҳанд.
Тавофуқ дар ин замина баъд аз мулоқоти як масъули ин ширкат бо Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон ба даст омадааст.
Дар мулоқоти ҷонибҳо масоили дигари ҳамкориҳои ширкатҳои Жопун дар арсаи кишоварзӣ бо кишоварзони вилояти Хатлон баррасӣ шудааст.
Таваҷҷуҳи намояндаи Жопун бештар барои коркад ва харидории гиёҳи нодире бо номи ширинбия будааст.
Ширинбия ва шираи камол гиёҳҳои нодире ҳастанд, ки дар вилояти Хатлон зиёд мерӯянд ва гиёҳҳо дар бахши дорусозӣ маводди камёб маҳсуб мешавад.
Бар асоси иттилоъи дафтари матбӯъотии раёсати вилояти Хатлон, Жопун ду милюн сомонӣ барои парвариш ва зиёд намудани заминҳои ширинбия ба арсаи кишоварзии ин вилоят ваъда кардааст.
