Бемории ҷоғар яке аз мушкилоти умдаи занони ҳомила дар вилояти Хатлон

Бахши вазорати беҳдошт дар вилояти Хатлон мегӯяд, ки 40 дарсад занони қобили таваллуд дар ин вилоят аз бемории ҷоғар ранҷ мебаранд.
Масъулони ин бахш бо изҳори нигаронӣ аз афзоиши шумори мубталоён ба бемории ҷоғар гуфтаанд, ки аксари ин беморонро занони аз 18 то 30 сола ташкил медиҳанд.
Пизишкон мегӯянд, ки бемории ҷоғар, ки бар асари он гулӯ варам карда ва танаффусро душвор мекунад аз камбуди йод дар бадани инсон пайдо мешавад.
Илёсиддин Саидов, сардори маркази бемориҳои ғадуди дарунаи вилояти Хатлон ба Би-би-сӣ гуфт, ки имсол дар муқоиса ба даврони мушобеҳ дар соли гузашта, даҳ дарсад занони қобили таваллуд бо бемории ҷоғар ба маркази онҳо муроҷеъа кардаанд.
Гулбаҳор, як сокини 27 сола аз ноҳияи Бохтар мегӯяд, ки дар замони ҳомиладорӣ аз бемории ҷоғар шадидан ранҷ бурдааст.
Гулбаҳор мегӯяд: "Нафасам мегирад ва бештар асабӣ мешавам, аммо ман намедонистам, ки бемории ҷоғар дорам. Фикр мекардам, ки сабабаш ҳомиладорӣ аст, вале духтурон баъди ташхис гуфтаанд, ки бемории ҷоғар дорам."
Илёсиддин Саидов мегӯяд, ки бемории ҷоғар ба саломати занони ҳомила таъсироти манфӣ мегузорад ва дар бархе авқот ба ҷони онҳо ва кӯдак дар батни модар хатарзо аст.
Оқои Саидов мегӯяд, дар аксари маворид заноне, ки бемории ҷоғар дорад кӯдаки мурда таваллуд мекунанд.
Ӯ мегӯяд: "Дар миёни занон ин беморӣ зиёд дида мешавад, вале вақти ҳомиладорӣ, ки барои занон вақти ҳасос ва душвор аст, вазъи саломати онҳоро бадтар мекунад. Ҳато фавти кӯдак дар батни модаре, ки гирифтори ин беморӣ будааст, мушоҳида шудааст."
Вай меафзояд, ки бемории ҷоғар одамро ассабонӣ мекунад ва ин омил ба кӯдак дар батни занон таъсири манфӣ мерасонад.
Бар асоси иттилоъи Илёсиддин Саидов дар вилояти Хатлон ҳудуди 25 ҳазор нафар аз сокинон бо бемории ҷоғар сабт шудаанд, ки шумори бештари онҳоро занони қобили таваллуд ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин дар миёни ин беморон шумори қобили мулоҳизаи кӯдакон низ будаанд ва бештари кӯдаконе, ки гирифтори бемории ҷоғар будаанд, аз ҷумлаи донишомӯзони макотиби ҳамагонии вилояти Хатлон ҳастанд.
Тибқи иттилоъи бахши раёсати беҳдошти ин вилоят сабаби зиёд будани бемории ҷоғар дар миёни мардум камбуди маҳлули йод дар ғазои мардум будааст.
Ин дар ҳолест ки ҳамасола дар вилояти Хатлон масъулони корхонаҳои тавлиди намак, ки маводди худро бидуни маҳлули йод ба фурӯш мегузоранд ва ё намаки фурӯшии онҳо кайфияти хуб надоштааст, ҷарима ва маводи тавлидии онҳо мусодира мешудааст.
