Барномаи вижа барои коҳиши иртикоби ҷароим аз сӯйи занон дар Хатлон

  • 24 Май, 2013
Занони панбакор
Image caption Таҳлилгарон мегӯянд, аксари занон ва духтарони хатлонӣ дар мазореъи кишоварзӣ ба корҳои сангин машғул ҳастанд

Пулиси вилояти Хатлон эълом карда, ки аз аввали соли ҷорӣ то ҳоло дар ин вилоят 932 ҷиноят сабт шудааст, ки дар муқоиса ба даврони мушобеҳи соли 2012 даҳ дарсад бештар аст.

Сухангӯйи бахши вазорати кишвар дар Хатлон ба Би-би-сӣ гуфт, ки аз ин омор 130 ҷурм аз сӯи занону духтарон содир шудааст. Бархе аз ин занон ва духтарон ҳанӯз дар боздоштгоҳи муввақат ба сар бурда ва иддае маҳкум ба зиндон шудаанд.

Ба гуфтаи пулис ҷиноёте, ки занон ва духтарон дар Хатлон ба он даст мезананд, сирқат ва эҷоди мавонеъ ба таҳсили ҳатмии фарзандони ноболиғ будааст.

Ҳарчанд занону духтарон муртакиби фақат даҳ дарсади ҷиноёт аз кулли мавориди ҷиноёти содиршуда дар Хатлон шудаанд, пулиси вилоят ин вазъро нигаронкунанда хонда ва барои пешгирӣ аз ҷароим дар миёни занону духтарон дар ин вилоят барномаи вижаеро бо номи “Тартибот” рӯи даст гирифтааст.

Офоқи Қодириён, сухангӯи бахши вазорати кишвари вилояти Хатлон мегӯяд, дар чорчуби ин барнома нозирони пулис бо занону духтарони маҳаллӣ дар мавриди ҷароим ва авоқиби он сӯҳбатҳо анҷом медиҳанд. Ин нахустин тарҳи пулис бо чунин муҳтаво барои занону духтарон будааст.

Ҷароим занон ва духтарон аз сӯйи кормандони интизомӣ бештар дар шаҳрҳои Қурғонтеппа, Кӯлоб ва навоҳии Вахш, Ёвон, Қубодиён ва Фархор сабт шудааст.

Image caption Хонум Қодириён гуфт ҳадаф аз барномаи ҷадид коҳиши мизони ҷурм дар миёни занон ва духтарон аст

Сайфура, як сокини вилояти Хатлон аст, ки барои дуздӣ муддате дар зиндон ба сар бурда ва бо татбиқи қонуни афҷ нисбати ӯ дар канори бисёре аз занон озод шуд.

Ӯ мегӯяд "гумроҳ" шуда ва даст ба сирқати моли мардум дароз кардааст. Ӯ мегӯяд: “Агар ман шароити хубе барои гузарони зиндагӣ медоштам, метавонистам шиками бачаҳоямро сер кунам, ҳеҷ гоҳ ба ин ҷиноят даст намезадам. Ҳоло дар барномаи пулис ба занон мефаҳмонанд, ки бо вуҷуди мушкилот беҳтар аст, ки бо роҳи дуруст зиндагӣ бикунем. Ин кори хуб аст.”

Масъулони пулиси вилояти Хатлон дар соли 2012, бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши мавориди иртикоби ҷароим аз сӯйи занон ба пахши филме бо номи “Гумроҳ” барои занону духтарони ҷавон дар ин вилоят оӯоз карданд, ки дар он аз вазъи риққатбори занони зиндонӣ ва сарнавишти талхи занони муртакиби ҷурм ҳикоят мешуд.

Дар ҳоле, ки пулис аз мавориди зиёди иртикоби ҷароими аз сӯйи занон ва духтарон дар вилояти Хатлон ибрози нигаронӣ мекунанд, бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ки шумори зиёди занон ва духтарон дар ин вилоят дар мазореъи кишоварзӣ машғули кори сангин, аз ҷумла кишт ва ҷамъоварии панба ҳастанд.

Коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, ки яке аз сабаби даст доштани занону духтарон ба ҷиноят, бекорӣ, фақр ва дониши нокофии ҳуқуқии занон аст.

Аксари занон дар ин вилоят ба далели муҳоҷирати мардони хонавода ба Русия ба танҳоӣ заҳмати тарбияи кудакон ва таъмини рӯзгори хонаводаро мекашанд.

Матолиби муртабит