Зиндонӣ шудани як сокини Хатлон барои таблиғи Ҷунбиши Исломии Узбакистон

  • 13 Май, 2013

Додгоҳи ноҳияи Шаҳритус, воқеъ дар 200-килуметрии ҷануби шаҳри Душанбе, як сокини ин ноҳияро барои ҳамдастӣ бо Ҷунбиши Исломии Узбакистон муҷрим шинохта ва ба муҳлати се солу 6 моҳ равонаи зиндон кардааст.

Қозии парванда Назурулло Аюбовро тибқи моддаҳои 307 қисми 1, моддаи 307 қисми 2 ва моддаи 189 қисми 1, яъне таблиғи ҳаракатҳои мамнӯъ, барангехтани низоъи миллӣ, нажодӣ ва таблиғи ҳаракатҳои тундрав муҷрим донистааст.

Тибқи иттилоъи ин додгоҳ Назурулло Аюбов ба иттиҳоми таблиғи Ҷунбиши Исломии Узбакистон тавассути телефуни ҳамроҳ боздошт шудааст.

Ҷониби таҳқиқи парванда гуфтааст, ки вай ки муддате дар шаҳри Адигеяи Русия ба сар бурдааст, аз он ҷо видиюҳои таблиғотии ин созмонро бо худ ба Тоҷикистон оварда ва онҳоро дар миёни ҷавонони ин ноҳия тавзеъ мекардаст.

Гуфта мешавад, ки муҳтавои ин видиюҳо иборат аз таблиғи ин ҷунбиш ва даъвати мардумро ба "ҷиҳод" будааст. Кормандони интизомӣ ҳамчунин мегӯянд, ки чунин клипҳои видиюиро аз лаптопи Аюбов низ пайдо кардаанд.

Ин нахустин бор нест, ки бархе афроди муқим дар вилояти Хатлон дар робита ба ҳамдастӣ бо Ҷунбиши Исломии Узбакистон маҳкум ба зиндон мешаванд.

Дар се соли ахир додгоҳҳо дар ин вилоят ҳудуди 40 нафар аз сокинонро барои ҳамдастӣ ва узвият дар Ҷунбиши Исломии Узбакистон муҷрим дониста ва ба муддатҳои гуногун равонаи зиндон кардаанд. Гуфта мешавад, ки бештари афроди маҳкумшуда, аз ҷумлаи сокинони узбактабори ноҳияи Қубодиёни ин вилоят будаанд.