Таҳсили ғайрирасмии 22 ҷавони хатлонӣ дар кишварҳои хориҷӣ
Раиси вилояти Хатлон аз таҳсили ғайрирасмии иддае аз ҷавонони хатлонӣ дар донишгоҳҳои кишварҳои исломӣ ибрози нигаронӣ кардааст.
Ғайбулло Афзалов рӯзи душанбеи 22 апрел дар ҷаласаи мақомоти маҳаллии ин вилоят гуфтааст, ки 22 нафар ҷавон аз вилояти Хатлон дар кишварҳои исломӣ ба таври ғайриқлнунӣ таҳсил мекунанд.
Оқои Афзалов гуфт, ки ҳамаи ин ҷавонон бидуни дарёфти иҷозати вижа барои таҳсил дар кишварҳои исломӣ рафтаанд.
Дар авоили соли ҷорӣ бахши умури дохилӣ дар вилояти Хатлон шумори донишҷӯёнеро, ки дар кишварҳои исломӣ ғайрирасмӣ таҳсил мекунанд беш аз 50 нафар гуфта буд. Ба гуфтаи ин манбаъ бештари ин ҷавонон дар кишварҳои арабӣ ва Покистон таҳсил мекардаанд.
Онҳо таъкид карда буданд, ки масъулияти баргардонидани ин ҷавонон ба ватан бар уҳдаи ҳукуматҳои малаллӣ будааст. Аммо масъулони ҳукуматҳои маҳаллӣ барои баргардонидани ин ҷавонон волидон ва пайвандони онҳоро муваззаф кардаанд.
Ҳарчанд ҳукумати маҳаллӣ дар бораи зарурати бозгашти ин ҷавонон сӯҳбат мекунанд, гуфта мешавад барои бозгашти ин ҷавонон аз кишварҳои исломӣ сармояе тахсис нашудааст ва мақомот зоҳиран интизор доранд ин донишомӯзон бо маблағи худ ба кишварашон бозгарданд.
Бо ин ҳол таҳлилгарон мегӯянд, аксари ин ҷавонон моил ба бозгашт набудаанд, зеро аксари онҳо дар кишварҳои исломӣ ройгон таҳсил карда, вале дар Тоҷикистон чунин шароитро надоранд.
Гуфта мешавад аксари аз чунин ҷавонони тоҷик, ки дар солҳои қаблӣ иҷборӣ ба Тоҷикистон бозгардонида шуданд ба Русия рафта ва аз он ҷо дубора барои таҳсил ба кишварҳои исломӣ сафар кардаанд.
Дар авохири соли 2010 гузориш шуда буд, ки аз мадориси исломии кишварҳои хориҷӣ, умдатан аз кишварҳои арабӣ, Эрон ва Покистон беш аз 1900 донишҷӯйи тоҷик ба ватан бозгардонда шудаанд.
Раванди бозгардондани донишҷӯёни тоҷик аз мадориси исломии кишварҳои хориҷӣ бо дастури Президент Раҳмон сурат гирифта буд.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон он замон аз сокинони кишвар даъват кард, ки фарзандони худро аз мадориси мазҳабии кишварҳои исломӣ ба ватан бозгардонанд.
Вай дар мулоқоташ бо сокинони бархе аз ноҳияҳои кишвар аз ҷумла гуфта буд: “Шумо фикр мекунед, онҳо дар он ҷо мулло мешаванд? Онҳо терурист ва экстремист (пайкорҷӯй) мешаванд”.
