Даъвати кӯдакони ҳомили вируси Эйч-ой-вӣ ба ҷашни Рӯзи кӯдакон

  • 31 Май, 2013
Мубориза бо Эйч-ой-вӣ
Image caption Дар Хатлон 59 кӯдак аз модарони ҳомили вируси камбуди масунияти бадан таваллуд шуда ва таҳти муроқибати пизишкон қарор доранд.

Масъулони вилояти Хатлон кӯдакони ҳомили вируси камбуди масунияти баданро дар канори кӯдакони дигар ба маҳофили фарҳангӣ дар робита ба Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон даъват кардаанд.

Тибқи иттилоъи маркази мубориза бо Эч-ой-вӣ дар вилояти Хатлон, дар ин вилоят 59 кӯдак аз миёни кӯдаконе, ки аз модарони ҳомили вируси камбуди масунияти бадан таваллуд шудаанд, ҳомили ин вирус буда таҳти назорати пайвастаи пизишкон ҳастанд.

Барномаҳои вижа барои ин кӯдакон рӯзи якуми июн, ки мусодиф ба Рӯзи ҷаҳонии кӯдак аст, дар шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази вилоят ва навоҳии дигари он доир мешавад.

Акабар Давлатов, раиси ин марказ, рӯзи ҷумъаи 31 май ба Би-би-сӣ гуфт, ҳадаф аз даъвати ин кӯдакон ба барномаҳои фарҳангӣ дар канори кӯдакони дигар, муқобила бо табъиз алайҳи ин кӯдакон аст.

Оқои Давлатов гуфт: “Мо мехоҳем, ки ин кӯдакон ва модарону падарони онҳо эҳсоси танҳоӣ накунанд ва донанд, ки онҳо бо аъзои дигари ҷамъият аз ҳуқуқи баробар бархӯрдор ҳастанд.”

Барномаҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ барои кӯдакон иборат аз консерт, намоишномаҳо ва саҳначаҳои ҳаҷвӣ ва эътои армуғон ба кӯдакон иборат будааст.

Аз онҷо ки ноогоҳӣ дар бораи вируси Эйч-ой-вӣ ва таъассуб дар ҷомеъаи Тоҷикистон гоҳе боиси рафтори табъизомез нисбати афроди ҳомили вируси эйч-ой-вӣ дар ин кишвар мешавад, масъулони марказ ва аъзои хонаводаи кӯдакони мубтало ба вируси Эч-ой-вӣ тасмим гирифтаанд, ҳуввияти кӯдакони ҳомили ин вирусро махфӣ нигаҳ доранд.

Хонаводаҳои ин кӯдакон моҳиёна аз давлат 180 сомонӣ кумакпулӣ, ки муъодили беш аз 40 дулор будааст, дарёфт мекунанд. Аммо бо дарназардошти гарон будани қимати маводди ғазоӣ ва доруворӣ дар Тоҷикистон таъмини дору ва маводди лозима барои як кӯдаки бемор бо ин сармоя имконнопазир ба назар мерасад.

Ин дар ҳолест, ки тибқи омори расмӣ теъдоди ҳомилони вируси камбуди масунияти бадан дар вилояти Хатлон ба як ҳазору 89 нафар расидааст, ки 774 нафарашонро мардҳо ташкил дода ва 315 нафари дигар зан будаанд.

Омори расмӣ нишон медиҳад, ки бахши аслии ин афрод муътодон ҳастанд. Аммо теъдоди муҳоҷирони корие, ки дар Русия ба ин вирус мубтало шуда ва пас аз бозгашт ин вирусро ба ҳамсаронашон мунтақил кардаанд, низ кам нестанд.

Бо таваҷҷуҳ ба афзоиши ҳомилони вируси камбуди масунияти бадан дар Хатлон бархе аз созмонҳои байналмилалӣ тарҳҳое барои ироаи кумакҳои равонӣ ва пизишкӣ ба ин гурӯҳ пиёда кардаанд.

Масъулони бахши беҳдошти вилояти Хатлон мегӯянд, доруҳо ва хадамоти пизишкӣ барои ин беморон ройгон буда ва амали бо ҷарроҳӣ таваллуд кардани кӯдак барои занони ҳомили ин вирус низ бидуни пардохти сармоя сурат мегирад.

Зеро таваллуди кӯдак аз роҳи амали ҷарроҳӣ ё рустамона ва таъмини шири сунъӣ ба кӯдак хатари интиқоли вируси камбуди масунияти бадан аз модари ҳомили ин вирус ба фарзандашро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш медиҳад.

Матолиби муртабит