Нигаронии мақомоти Хатлон аз афзоиши ифротагроӣ дар миёни ҷавонон

Додситони вилояти Хатлон мегӯяд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ин вилоят 21 ҷавон ба занни иртибот бо ҳизбу ҳаракатҳои тундрав боздошт шудаанд.
Анвар Назаров, ёвари додситонии ин вилоят мегӯяд, дар вилоят дар ин муддат 12 парвандаи ҷиноӣ дар робита ба узвияти ҷавонон дар гурӯҳҳои мамнуъ боз шудааст.
Оқои Назаров афзуд, ки дар даврони мушобеҳ дар соли 2012 дар вилояти Хатлон 11 парванади ҷиноӣ дар ин робита таҳқиқ шуда буд ва ӯ афзуд, ки бештари ин ҷавонон барои узвият дар Ҷунбиши Исломии Узбакистон, созмони мамнӯъ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ муттаҳам шудаанд.
Оқои Назаров ин иттилоъро рӯзи панҷшанбеи 11 июл дар ҷараёни нишасти матбуъотии додситонии вилоят ба хабарнигорон гуфт. Бино ба гуфтаи ӯ бештари ин ҷавонон сокинони рустоҳо, ба хусус аз ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон будаанд.
Ин масъули додситонӣ гуфт, ки таҳқиқоти муқаддамотӣ мушаххас карда, ки бархе аз ҷавонони боздоштшуда дар Русия бо гурӯҳҳои тундрав иртибот пайдо кардаанд ва пас аз бозгашт ба ватан ҳамдеҳагони худро барои пайвастан ба ин гурӯҳҳо тарғиб мекарданд.
Дар телефунҳои ҳамроҳ ва лаптоп ё роёнаи кифии ин ҷавонон наворҳое пайдо шуданд, ки ба “ҷиҳод” ва фаъъолият дар Ҷунбиши Исломии Узбакистон даъват мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки рустои Қизилнишони ноҳияи Қубодиён, ки аксари сокинони он аз ҷумла мардуми узбактабор ҳастанд, дар се соли ахир бештаринафроди боздоштшуда бо иттиҳоми ифротгароиро адр минтақа дод.
Дар ин муддат ҳудуди 40 ҷавони ин русто барои ҳамдастӣ бо Ҷунбиши Исломии Узбакистон боздошт ва муҷрим дониста шудаанд. Ин вазъ боъиси нигаронии кормандони ниҳодҳои интизомӣ дар вилояти Хатлон шуда ва гуфта мешавад ин русто таҳти назорати бештари маъмурони амниятӣ ва интизомӣ будааст.
Кишварҳои Осиёи Миёна Ҷунбиши Исломии Узбакистонро, ки ташкили хилофати исломиро ҳадафи худ қарор дода, дар листи созмонҳои теруристӣ қарор додаанд.
Тайи солҳои ахир дар манотиқи мухталифи Осиёи Миёна инфиҷор ва ҳамалоте анҷом шудааст, ки мақомоти кишварҳо аъзои ин ҷунбишро дар онҳо масъул медонанд.
