'Фақру норозигии сиёсӣ далели ифротгаро шудани ҷавонон аст'

Бароварда нашудани талабу ниёзҳои сиёсию иҷтимоъии ҷавонони тоҷик роҳи онҳоро ба сӯйи ифротгаройӣ боз мекунад.
Ин натиҷаи пажуҳиши муштараки Анституи “Ҷанг ва сулҳ”-и Бритониё ва Анҷумани Миллии Расонаҳои Мустақили Тоҷикистон аст, ки рӯзи 20-уми июн дар Душанбе муъаррифӣ шуд.
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани Миллии Расонаҳои Мустақили Тоҷикистон (АМРМТ) гуфт, ки ин пажӯҳиш дар моҳи октябри соли гузашта аз ҷониби коршиносони АМРМТ дар ҳамкорӣ бо Анституи бритониёии “Ҷанг ва Сулҳ” дар Душанбе анҷом шуд.
Оқои Қаришибоев, ки рӯзи панҷшанбе дар ҳошияи ҳамоиши “Ҷилавгирӣ аз ифротгаройӣ миёни ҷавонон: таҷрубаи Олмон” дар шаҳри Душанбе сӯҳбат мекард, гуфт: “Бароварда нашудани талабу ниёзҳои сиёсию иҷтимоъии ҷавонон роҳро ба ифротгаройӣ мекушояд."
Ӯ гуфт барои мисол гуфт, ҷавононе, ки дар тазоҳуроти шаҳри Хоруғ дар тобистони соли гузашта ширкат доштанд, "ормонҳои сиёсӣ доштанд.”
Вай афзуд, камбуди иштиғол бо даромади муносиб, вазъи бади омӯзиш ва парвариш дар макотибу донишгоҳҳо боиси ба гурӯҳҳои тундрав рӯ овардани ҷавонони тоҷик будааст, зеро онҳо мепиндоранд, ки ин гурӯҳҳо дар ҳалли мушкилоти онҳо кумак кунанд.
Лола Олимова, масъули дафтари Анституи “Ҷанг ва сулҳ”-и Бритониё дар Тоҷикистон низ гуфт, ки фақру бекорӣ ва муҳоҷирати умумӣ ба Русия аз далоили дигари тавсеъаи ифротгаройӣ миёни ҷавонони тоҷик аст. Ӯ гуфт “вазъи ғуломонаи ҷавонони тоҷик дар Русия онҳоро "ҳадафи содаи гурӯҳҳои ифротгаро" мекунад.”
Аммо Кристоф Линкс, раиси интишороти “Линск”-и Олмон дар ин ҳамоиш таъкид кард, ки танҳо фақру бекорӣ наметавонад, омили ифротгаройӣ бошад. Ба гуфтаи оқои Линкс, бо вуҷуди бо кори хуб ва зиндагии осуда мавориди ифротгаройӣ дар миёни ҷавонони Олмон ҳам дар ҳоли афзоиш будааст.
Ӯ гуфт, тибқи иттилоъи расмӣ, феълан аъзои гурӯҳҳои ифротгаро дар Олмон беш аз 17 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад, ки болиғ ба 50 дарсади онҳоро ҷавонони мусалмонони муҳоҷири муқими Олмон ташкил медиҳанд ва гуфта мешавад, ки ҳоло 40 тан аз табоъи Олмон дар суфуфи мухолифон алайҳи нерӯҳои давлати Сурия ҷангида ва теъдоди зиёде дигар дар минтақаи Вазиристони Покистон омӯзиши низомӣ мебинанд.
Коршиносони Олмон, далели густариши ифротгаройӣ миёни ҷавонони худро “навъи эътироз ба сиёсати давлати Олмон дар қиболи Афғонистон ва нодида гирифтани бархе аз ҳуқуқу озодиҳои ҷавонон” мехонанд.
Дар ҳамин ҳол Фаридун Ҳодизода, коршиноси умури адён дар ин ҳамоиш аз он ибрози нигароонӣ кард, ки вебсойти созмони мазҳабии “Ҷамоъати Ансоруллоҳ” дар Тоҷикистон, ки дар моҳи майи соли 2011 фаъолияти он дар ин кишвар мамнӯъ эълом шуда, то ҳоло қобили дастрас аст.
Ба гуфтаи оқои Ҳодизода, “Ансоруллоҳ” метавонад, аз тариқи ин сойт корҳои таблиғотиро роҳандозӣ карда ва ҷавононро ба суфуфи худ ҷалб кунад.
Соли гузашта манобеъи амниятии Афғонистон гузориш дода буданд, ки гурӯҳҳои пайкорҷӯ, аз ҷумла "Ҷамоъати Ансоруллоҳ", талошҳои худро барои ҷалбу омӯзиши ҷавонони тоҷик ва бозпас фиристодани онҳо ба қаламрави Тоҷикистон барои анҷоми амалиёти теруристӣ тақвият кардаанд.
Тибқи мусаввабаи Девони олии Тоҷикистон, "Ҷамоъати Ансоруллоҳ" як гурӯҳи "теруристӣ ва ифротгаро" шинохта шуда ва гуфта мешавад, ки фаъъолияти ин гурӯҳ амнияти Тоҷикистонро ба хатар меандозад.
