Омрико барои Тоҷикистон мураббиёни мубориза бо террурисм омода кард
Бист нафар аз кормандони Ожонси мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон ва Кумитаи амнияти миллии ин кишвар бо анҷоми давраи бозомӯзӣ гувоҳиномаи мураббии мубориза бо терурисмро дарёфт кардаанд.
Дар ин бора Сафорати Омрико дар Тоҷикистон хабар дод. Ба гуфтаи ин манбаъ 20 нафар аз афсарони ниҳодҳои марбутаи давлати Тоҷикистон дар давраҳои бозомӯзии зери унвони "Дарсҳо барои тавсеъаи муррабиён" фаро гирифта шуданд.
Патрик Беллингер (Patrick Bellinger) афсари амниятии мантиқаии сафорат зимни супоридани гувоҳиномаҳо ба афсарон гуфтааст, ки ин тадобир дар чаҳорчӯби барномаи вижаи Омрико барои кумак ба мубориза бо терурисм доир мешавад.
Дар ҷараёни давраҳои омӯзишӣ афсарон бо наҳваи ҷадиди мубориза бо терурисм дар ҷаҳон ошно шуданд.
Идораи Кумак ба Мубориза бо Терурисм дар соли 1983 дар Вазорати хориҷаи Омрико таъсис ёфта ва ҳадаф аз он кумаки фаннӣ ва омӯзишӣ барои боло бурдани сатҳи мубориза бо терурисм дар кишварҳои шарики Омрико дар ин замина будааст.
Сафорати Омрико дар Тоҷикистон мегӯяд, ин кишвар аз аввали соли ҷорӣ то ҳол кумакҳои қобили мулоҳизаи фаниро дар ихтиёри нерӯҳои марзбони Тоҷикистон гузоштааст.
Ин кишвар аз соли 1992 то ба ҳол аз иҷрои барномаҳои мутаъаддид дар Тоҷикистонро дар заминаҳои мухталифи иҷтимоъӣ, аз ҷумла маъориф, беҳдошт, тавсеъаи раванди демукросӣ ва рушди иқтисодии ин кишвар ба маблағи беш аз як милёрд дуллор ҳимояти молӣ кардааст.
