Диплумотҳои тоҷику чинӣ муқобала бо терурисмро баррасӣ карданд

  • 14 Май, 2013

Низомиддин Зоҳидов, муъовини вазири хориҷаи ин кишвар ва Тсю Гохун, раҳбари бахши амнияти Вазорати хориҷаи Чин зимни як дидор дар шаҳри Душанбе дар рӯзи гузашта аз натоиҷи машварати нахустини Тоҷикистону Чин дар заминаи муқобала бо террурисм ибрози қаноатмандӣ кардаанд.

Масъулони вазоратҳои хориҷаи Тоҷикистону Чин хостори тавсеъаи ҳамкориҳо дар мубориза бо террурисм, бунёдгаройӣ ва ҷудоихоҳӣ шудаанд.

Ҷонибҳо масоили амниятӣ дар минтақа ва вазъи эҳтимолии Афғонистон дар пайи хуруҷи нерӯҳои Эътилофи байналмилалӣ алайҳи террурисм аз ин кишвар дар авохири соли 2014-ро баррасӣ ва дар робита ба ин вазъ, ба зарурати таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар мубориза бо чолишҳои амниятӣ, назири террурисм ва бунёдгаройӣ таъкид кардаанд.

Зимнан, Тоҷикистон ва Чин узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой буда ва дар канори масоили иқтисодӣ муборза бо террурисм, бунёдгаройӣ ва ҷудоихоҳӣ дар меҳвари ҳамкориҳои аъзои ин созмон қарор доштааст.