Русия; Чаро муҳоҷирон тундравони мазҳабӣ мешаванд?

Дар чанд соли ахир шуморе зиёде аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба иттиҳоми узвият дар созмонҳо ва гурӯҳҳои мазҳабии ғайриқонунӣ дар он кишвар афзоиш ёфтааст.
Ҳарчанд ниҳодҳои интизомии Русия омори дақиқе дар мавриди шумори ин ҷавононро пахш накардаанд, вале ҳафтаи гузашта кормандони интизомӣ дар он кишвар аз узвияти се тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ҳизби Таҳрир хабар доданд.
Кормандони амниятии Русия ҳамчунин мегӯянд, таҳқиқоти муқаддамотӣ мушаххас кардааст, ки ин афрод қасди мунфаҷир кардани бархе аз амокин дар Русияро доштаанд ва ҳамчунин машғули таблиғи ҷалби ҷавонон дар Русия ба узвияти ин ҳизб будаанд.
Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Русия таъйид кардаанд, ки ин се нафари боздоштшуда аз ҷумла сокинони Тоҷикистон буда ва ду нафари онҳо бародар ҳастанд.
Вале сафорат бо баҳонаи халалдор накардани таҳқиқоти парвандаи ҷиноӣ дар робита ба ин ҳодиса аз шарҳи ҷузъиёти бештари он ва ифшои номи афроди боздоштшуда худдорӣ кард.
Ин нахустин бор нест, ки дар Русия шаҳрвандони Тоҷикистон, ки маъмулан ба хотири ҷустуҷӯйи кор ба он кишвар мераванд, ба иттиҳоми узвият дар созмонҳо ва ҳизбҳои мамнӯъ боздошт ва зиндонӣ мешаванд.
Дар моҳи ноябри соли 2012 пулиси рус аз боздошти шаш нафар аз атбои Тоҷикистон барои узвият дар Ҳизби Таҳрир хабар дода буданд.
Умед аз ноумедӣ ба Русия рафт
Ин дар ҳолест, ки бисёре аз ҷавононе, ки дар Русия боздошт шудаанд, қаблан ба ҳеч гурӯҳ ва ё созмони тундрав дар Тоҷикистон иртибот надоштаанд.
Коршиносни рус мегӯянд, ки дар таблиғи ҷавонон барои ҷалби онҳо ба узвияти аҳзоб ва созмонҳои тундрав дар қаламрави Русия, иддае аз сокинони кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Миёна даст доранд.
Ин дар ҳолест, ки дар Русия тибқи гузоришҳои расмӣ беш аз як милюн нафар аз сокинони Тоҷикистон машғули кор будаанд, ки ағлаби онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Сарнавишти Умед, номи мустаъори яке аз сокинони Тоҷикистон, ки муддате дар Русия ба сар бурда ва маҳз дар он кишвар таваҷҷуҳаш ба мазҳаб зиёд шудааст, ба зиндагии бисёре аз ҷавонон дар Тоҷикистон мушобеҳ аст.
Умед мегӯяд, ки аз ноумедӣ ба фардои зиндагии хеш ва талошҳои зиёде барои пайдо кардани ҷойи кори доимӣ бо ҳуқуқи (маъоши) кофӣ барои рӯзгор водор шуд, ки ба Русия биравад.
Умед гуфт, ки дар Русия шоҳиди рафтори нохуби иддае аз ҳамватанонаш шуд ва ба мазҳаб рӯ оварду оромии нисбиро дар намозгузорӣ ва ибодат ба Худо пайдо кард. Вай мегӯяд: "Мазҳаб ба ман боварӣ ба адолат ва оромиш ва умедро дод – он чизеро, ки ман аз муддатҳо ҷустуҷӯ мекардам."
Пайвандони Умед мегӯянд, ки вай то сафар ба Русия мазҳабӣ набуд ва ҳатто намоз ҳам намегузошт, вале онҳо мегӯянд, ки аз он хушнуданд, ки Умед ба гурӯҳҳои тундрав напайвастааст.
Дониши сиёсии қавии ҷавонон
Муҳаммад Эгамзод, сухангӯйи сафорати Тоҷикистон дар Русия низ яке аз сабабҳои бо осонӣ ба доми фиреби афроди тундрави мазҳабӣ уфтодани ҷавонон, аз ҷумлаи сокинони Тоҷикистон дар Русияро мушкилоти аввалин рӯзҳои будубоши онҳо дар ғурбат хонд.
Оқои Эгамзод афзуд: "Замоне, ки як ҷавон аз Тоҷикистон барои пайдо кардани кор ба Русия меояд, вай дар рӯзҳои аввал дар ҷустуҷӯйи кор буда ва муддате дар ин замина мушкилӣ мекашад. Сипас фикр мекунад, ки бояд равад ба масҷид ва намоз гузорад ва масоҷид дар Русия ҳамеша аз намозгузорон, аз ҷумлаи муҳоҷирон зиёд аст. Ва иддае аз онҳо ба осонӣ мағзшӯйӣ мешаванд ва ба гурӯҳҳои ғайриқонунӣ ҷалб мешаванд."
Аммо Оқои Эгамзода мегӯяд, ки мағзшӯйии ҷавононе, ки дониши сиёсии қавӣ доранд, мушкил будааст.
Вай меафзояд, ки кишвари Русия дар солҳои ахир дарвоқеъ бо душвориҳои мавҷудияти афроди тундрави мазҳабӣ дар қаламрави кишвараш рӯбарӯ шудааст.
Аммо ӯ афзуд: "Вале дар ҷараёни муборизаи нерӯҳои интизомии Русия бо чунин афрод, набояд ки мардуми мазҳабии оддӣ зарар бинанд."
Ҳамчунин иддаи дигаре аз коршиносон мегӯянд, ки иддае аз ҷавонон дар сурати тағйири муҳити зиндагӣ дучори афсурдагӣ мешавад ва аз паси пайдо кардани муҳити осон барои хеш мешаванд.
Дмитрий Политаев, коршинноси рус мегӯяд, ки чунин ҷавонон ба осонӣ ба мазҳаб рӯ меоваранд ва вай афзуд: "Масоҷид ба танҳо ҷое дар ин кишвари бегона барои ин ҷавонон табдил меёбад, ки онҳо дар онҷо бо афроди ба назари худ ҳамфикр мулоқот мекунанд. Муҳоҷирон, ки аз ҷумлаи қишри осебпазир дар хориҷ мебошанд, ҳамеша дар ҷустуҷӯйи ҳамбастагӣ ва ҳимояти дигарон ҳастанд."
Аммо ӯ бо ишора ба андак будани шумори масоҷид дар Русия мегӯяд, ки бештари авқот ҷавонон дар манозил ва ё амокини дигаре гирдиҳам меоянд, ки дар ин макон ҷалб кардани онҳо ба созмонҳои ғайримуҷоз осонтар будааст.
Озодиҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ
Ҳарчанд ниҳодҳои интизомии Русия аз тақвияти мубориза бо тундравии мазҳабӣ дар кишварашон гузориш медиҳанд, аммо иддае аз соҳибназарон мегӯянд, ки Русия дар муборизаи худ дар ин замина бо душвориҳое рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
Абдуллои Раҳнамо, коршинос дар умури мазҳаб мегӯяд, ки бисёре аз ҷунбишҳои тундарви ғайриқонунӣ бо таваҷҷуҳ ба он ки дар Русия ва кишварҳои дигари урупоӣ озодиҳои бештари сиёсӣ, мазҳабӣ ва маданӣ будааст, фаъъолиятҳои худро ба ин кишварҳо интиқол додаанд.
Оқои Раҳнамо гуфт: “Дар Русия, ки муҳоҷирон аз кишварҳои осиёӣ, аз ҷумлаи ҷавонони мусалмон, зиёд ҳастанд, кор бо онҳо барои намояндагони ин ҷунбишҳо осонтар аст.”
Аз сӯйи дигар иддае аз рӯҳониён дар Тоҷикистон сабаби ба осонӣ пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ дар Тоҷикистон ва берун аз онро бесаводии мазҳабии онҳо медонанд.
Ба ақидаи онҳо ба таври комил ҳал кардани масъалаи ҷалби ҷавонон ба ин созмонҳо ва гурӯҳҳо мушкил буда, вале мақомоти кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон метавонанд, сатҳи мизони гароидани ҷавонон ба узвияти ин созмонҳоро коҳиш диҳанд.
Оқои Раҳнамо дар тақвияти ин ақида мегӯяд: "Бояд сатҳи омӯзиши мазҳабии ҷавононро афзоиш дод. Ҳадди ақал ҷавонон бояд дарки дини Исломро дар дохили кишвар ёд бигиранд то дар берун, яъне дар кишварҳои хориҷӣ ба доми фиреби афроди тундрави мазҳабӣ наюфтанд ва тавофути миёни дин ва тундравии мазҳабиро дарк кунанд."
Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки аксари ҷавонони тоҷике, ки дар Русия боздошт шудаанд, дар узвияти Ҳизби Таҳрир муттаҳам шуданд, ки фаъъолияти он дар қаламрави кишварҳои Осиёи миёна ва Русия мамнӯъ будааст.
Давлат Тоҷикистон низ бо аъзои ин ҳизби мамнӯъ мубориза мебарад ва гузоришҳои ғайрирасмӣ ҳокист, ки садҳо нафар аз ҷавононе, ки дар узвияти ин ҳизб дар солҳои мухталиф боздошт шудаанд, дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд.
