Ваколатдорони ҳуқуқи башар вазъи ҳуқуқии муҳоҷиронро баррасӣ мекунанд

Дар шаҳри Екатеринбурги Русия конфронси байналимилалӣ зери унвони “Тавсеъа ва таҳкими зарфияти ваколатдорони ҳуқуқи башар барои ҳалли мушкилоти муҳоҷират ва дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирону хонаводаҳои онҳо” оғоз ба кор кардааст.
Бар асоси иттилоъи сойти расмии Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон, дар ин ҳамоиш, ки рӯзи сешанбеи 28 май оғоз шуд, ваколатдорони ҳуқуқи башари Тоҷикистон, Қирғизистон ва Русия ширкат доранд.
Сойти расмии идораи муҳоҷирати Тоҷикистон аз қавли сухангӯйи идораи ваколатдори ҳуқуқи башари вилояти Свердловскийи Русия навиштааст, ки дар ҳамоиш чаҳор масъала баррасӣ хоҳад шуд. Яке аз масоили аслии ин нишаст ҳифозат аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ, паноҳандагон ва паноҳҷӯён будааст.
Ҳамчунин Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон бо ҳамтоёни рус ва қирғизи худ мушкилоти созгории иҷтимоъӣ ва фарҳангии муҳоҷирон ва паноҳандагонро матраҳ хоҳанд кард.
Ширкати Зариф Ализода дар ҳамоиши байналмилалии ваколатдорони ҳуқуқи башар дар Русия дар ҳолест, ки Тоҷикистон содиркунандаи ҳудуди як милюн муҳоҷири корӣ ба онҷо аст.
Аз сӯйи дигар бархе аз созмонҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар ҳамвора аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар Русия интиқод мекунанд.
Ин созмонҳо бо такя ба таҳқиқоти коршиносон дар Русия менависанд, ки бисёре аз муҳоҷирони хориҷӣ барои дарёфти корҳои муносиб ба Русия мераванд, вале бо хушунат ва бадрафтории маъмурони пулис, корфармоён ва гурӯҳҳои нажодпарасти ин кишвар рӯбарӯ мешаванд.
