Кушта шудани се шаҳрванди Тоҷикистон бар асари масмумият дар Русия

  • 1 Май, 2013

Дар вилояти Пензаи Русия се нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон бар асари масмумият аз гози корбун ҷонҳои худро аз даст додаанд.

Хабаргузории INTERFAX-и Русия аз қавли кормандони пулиси вилояти Пензаи Русия навиштааст, ки ҷасади ин се шаҳрванди тоҷикистонӣ ва як табаъаи Узбакистон баъд аз се рӯзи марги онҳо пайдо шудааст.

Тибқи ин хабар ин афрод дар шаҳри Пенза сабти муваққатии иқомат дар Русияро доштаанд ва дар як манзили маскунӣ ки аз сӯйи онҳо ба иҷора гирифта шуда будаст ба сар мебурдаанд.

Пулиси рус гуфтааст, ки таҳқиқоти муқаддамотӣ ҳокӣ аз масмум шудани ин афрод аз гози карбун будааст.

Ҳамчунин таҳқиқоти кормандони интизомии вилояти Пенза мушаххас кардааст, ки ин чор сокини ду кишвари Осиёи Миёна расман аз сӯйи идораи муҳоҷирати ин шаҳр сабти ном шуда ва барои фаъъолият ба яке аз ширкатҳои сохтумони роҳи ин шаҳр истихдом шудаанд.

Корфармои ин муҳоҷирон баъд аз он ки онҳо се рӯз ба макони кор ҳозир нашудаанд ба манзили онҳо омада ва бо кумаки кормандони умури изтирории вилояти Пенза дари манзилро боз ва ин афродро мурда пайдо мекунанад. Сафорати Тоҷикистон дар Русия ин иттилоъро ҳанӯз таъйид накардаст.