'Чиҳилу ду дарсади ҷароим дар Маскавро муҳоҷирон содир кардаанд'

Расонаҳои Русия аз афзоиши иртикоби ҷурм аз сӯйи муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла тоҷикон дар пойтахти ин кишвар хабар додаанд.
Правда.ру аз қавли масъулони Идораи федероли муҳоҷирати Русия (ИФМР) менависад, ки дар чор моҳи соли ҷорӣ 42 дарсади ҷароим аз сӯйи муҳоҷирони корӣ содир шуда ва бештарини ин ҷароимро шаҳрвандони се кишвари Узбакистон, Тоҷикистон ва Молодвӣ содир кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, Константин Ромадоновский, раиси ИФМР ба телевизюни НТВ-и Русия гуфтааст, ин вазъ қобили қабул набуда ва нақзи қонуни Русия аз сӯйи муҳоҷирон боиси нигаронии сокинони ин кишвар шудааст.
Ин дар ҳолест, ки Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав барои мубориза бо муҳоҷироне, ки даст ба нақзи қонун мезананд, пешниҳод кардааст, ки мизони пардохти ҷарима барои муҳоҷирони қонуншиканро афзоиш диҳанд.
Қаблан масъулони Идораи федероли муҳоҷирати Русия барои мубориза бо муҳоҷироати ғайриқонунӣ дар Русия тасмим гирифта буданд, аз аввали соли 2015 сафари шаҳрвандони кишварҳои мутсақили ҳамсуд ба қаламрави он кишвар танҳо бо шиносномаҳои хориҷӣ анҷом бигирад.
Дар ҳоле ки Идораи федероли муҳоҷирати Русия омори қонуншикании муҳоҷирони корӣ дар ин кишварро пахш карда, аммо иттилоъ ва омор дар бораи ҷиноёте, ки алайҳи муҳоҷирон дар Русия содир мешавад, пахш накардааст.
Бархе аз ҳуқуқдонҳо бо ишора ба пардохти маъоиши моҳиёнаи ночиз ба муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон мегӯянд, ки бисёре аз корфармоён дар Русия бо истифода аз дониши андаки ҳуқуқии бисёре аз муҳоҷирон барои анҷоми корҳои сангин истифода мекунанд.
Вазорати кишвари Тоҷикистон мегӯяд, ки дар соли 2012 аҷсоди беш аз як ҳазор нафар аз атбоъи тоҷик аз Русия ба ин кишвар интиқол дода шудааст, ки ҳудуди ду дарсад аз ин афрод ба дасти гурӯҳҳои нажодпарасти рус кушта шудаанд.
Бо ин вуҷуд ҳамсола ҳазорҳо нафар аз сокинони Тоҷикистон барои ба даст овардани даромади бештар барои ниёзмандиҳои рӯзгори хонаводаҳояшон ба Русия барои ҷустуҷӯйи кор мераванд.
Хадамоти федероли муҳоҷирати Русия шумори муҳоҷирони тоҷики сабтшуда дар он кишварро беш аз як милюн нафар мехонад. Коршиносони иқтисодӣ нақши муҳҷорони корӣ аз Тоҷикистонро дар пешрафти иқтисодӣ дар Русия муҳимм медонанд.
Гуфта мешавад, ки бештари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия машғули кор ҳастанд дар вазъи риқатборӣ иҷтимоъӣ ба сар мебаранд.
