Кумаки Идораи муҳоҷират барои ситонидани ҳуқуқи муҳоҷирон
Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ як милюну 920 ҳазор рубли русӣ аз ҳақулзаҳмати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро дар Русия аз корфармоён ситонда ба соҳибонашон баргардондааст.
Ин идора гуфтааст, ки дар муқоиса б ҳамин давраи соли 2012 ин маблағ яку ним милюн рубли русӣ бештар будааст.
Ин идора ҳамчунин гузориш додааст, ки дар се моҳи соли 2013 бо мусоидати намояндагии ин идора се қарори додгоҳи шаҳри Маскав дар бораи ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон аз қаламрави Русия бекор карда шудааст.
Дар ин бора Назрулло Бекназаров, як масъули ин Идора дар ҷаласаи ҳайъати мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолияти ин Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон дар семоҳи аввали соли 2013 гуфтааст.
