СБМ: “Истифода аз кори ғуломонаи муҳоҷирон ба суди корфармоён аст”
Image copyrightBBC World ServiceБисёре аз мамолики ҷаҳон бардадорӣ (ғуломӣ) дар қаламрави кишварҳояшонро аз муддатҳо қабл комилан маҳв кардаанд.
Бардадорӣ тибқи қарордоди Ҷомеъаи Милал дар соли 1926, Эъломияи ҳуқуқи башари СММ дар соли 1948 ва тамомии асноди муҳимми марбут ба ҳуқуқи башар маҳкум мешавад.
Вале бо ин вуҷуд бархе аз корфармоён бо тағйири наҳваи бардадорӣ, аз кори ба истилоҳ "ғуломонаи" иддае аз қишри ҷомеъа дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон ҳанӯз истифода мекунад.
Осебпазиртарин қишр дар баробари бардагӣ дар ҷаҳон занон ва муҳоҷирони корӣ будаанд.
Беш аз як милюн нафар аз сокинони Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ ба сар мебаранд ва хабарҳо дар мавриди ба "бардагӣ" уфтодани бархе аз ин афрод дар кишварҳои бегона гаҳ-гоҳе дар расонаҳо садо медиҳанд.
Фиреби фарди миёнҷӣ
Мавҷуда Холматова, сокини шаҳри Хуҷанд, ки ҳудуди 50 сол дорад, яке аз қурбониёни ҳодисаи "бардадорӣ" буда ва вай мегӯяд, ки ҳафт моҳ ҳамроҳ бо шавҳараш бидуни пардохти пули маъош дар Русия кор мекардааст.
Хонуми Холматова дар ҳоли ҳозир дар Русия машғули кор аст ва вай дар суҳбати телефунӣ ба Би-би-сӣ аз сарнавишти талхи ба чунин ҳолат гирифтор шуданаш ҳикоят кард.
Ӯ мегӯяд, ки эъломи корро аз тариқи яке аз ширкатҳои телевизюнӣ дидааст, ки дар он ваъдаи пардохти 15 ҳазор дулорро барои фаъъолият кардаанд. Вай мегӯяд, ки тибқи роҳнамуди ин эълом, ӯ ва шавҳарашро як шаҳрванди мулдовӣ ба Русия бурд.
Аммо вай афзуд: “Мо ба Истосино омадем ва корфармоён се моҳ моро бидуни пардохти маъош кор фармуданд. Гузарномаҳои моро гирифтанд ва ба мо гуфтанд, ки қарордоди кор ва сабти расмӣ барои зиндагии мо дар Русияро омода карданд. Вале баъдан фаҳмидем, ки мадорики тақаллубӣ барои мо омода кардаанд.”
Вай афзуд: “Гузарномаҳои моро танҳо баъд аз чанд моҳ ба мо бозгардонданд. Ва ману ҳамсарамро барои сармояе, ки гӯиё барои овардани мо ба Русия корфармо масраф кардааст, маҷбур карданд, ки дар мазореъ ба корҳои сангин машғул шавем.”
Мавҷуда Холматова бо гиря аз сарнавишти талхи худ ҳикоят мекард ва мегуфт, ки ҳоло бо корҳои сангине дар Русия машғул ҳастанд, то барои пардохти қарзе, ки барои маросими арӯсии фарзандонашон гирифтаанд, сармоя ҷамъоварӣ кунанд.
Вай гуфт, ки онҳо 10 соъат дар рӯз кор мекунанд ва шавҳараш, ки дар даврони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон захмӣ шуда буд, тавони корҳои сангинро надоштааст.
Хонуми Холматова ва шавҳараш ҳоло мунтазири он ҳастанд, ки яке аз фарзандонашон ба онҳо пул барои бозгашт ба ватан бифиристад. Вале то он замон ин завҷ бо кумаки як марди солманди рус кореро пайдо кардаанд ва машғул ҳастанд.
Адами омори дақиқ
Омори расмии дақиқе дар мавриди шумори муҳоҷироне, ки дар солҳои ахир дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия ба унвони "барда" аз сӯйи корфармоён истифода шудаанд, вуҷуд надорад.
Бар асоси иттилоъи намояндагии IOM ё Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон дар ду-се соли ахир даҳҳо нафар аз сокинони Тоҷикистон ба созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар шикоят бурда ва гуфтаанд, ки аз онҳо дар хориҷ ба шакли барда истифода шудааст.
Ин дар ҳолест, ки бисёре аз ин афрод бо таваҷҷуҳ ба тасаллут надоштан ба забонҳои хориҷӣ ва асли қавонин аз бурдани шикоят ба масъулони ниҳодҳои интизомӣ дар кишварҳои хориҷ худдорӣ кардаанд. Афзун бар ин барои муҳоҷират ба кишварҳои хориҷ аз афроди миёнҷӣ истифода кардаанд.
Тибқи иттилоъи Маркази мутолеъоти муҳоҷират, як созмони ғайридавлатӣ дар Русия, 10 то 15 дарсади муҳоҷироне, ки дар миёни онҳо назарсанҷӣ анҷом шудааст, гуфтаанд, ки барои истихдом ба кор аз хадамоти расмии давлатӣ истифода карданд.
Вале 80 дарсади муҳоҷирон дар Русия барои дарёфти кор ва сабти ном дар он кишвар ба афроди миёнҷӣ муроҷиъат мекардаанд.
Аз сӯйи дигар иттилоъи ин марказ ҳокист, ки 20 дарсади муҳоҷирони корӣ аз ҷумлаи сокинони кишварҳои хориҷӣ дар вазъи риққатборе ба сар мебаранд.
Дмитрий Полетаев, раиси ин марказ мегӯяд, ки муҳоҷирони ба истилоҳ ниҳонӣ, қабл аз ҳама фиреби корфармоёнро мехӯранд.
Оқои Полетаев афзуд: “Дар Русия ҳодисае буд, ки падар фарзанди 17-солаи худро барои истиходом ба кор ба масъулони як зуболагоҳ (мусоросвалка) месупорад. Вале дар идома фарзанди ин мард нопадид мешавад ва пас аз як сол падар ӯро пайдо мекунад. Маълум мешавад, ки аз кори ин ҷавон дар як сол дар п зуболагоҳҳои дигар низ бидуни пардохти музди кор истифода шудааст.”
Оқои Полетаев фасоди молии густарда дар арсаи муҳоҷиратро аз омили аслии ба кори бидуни музд уфтодани иддае аз хориҷиён медонад.
Дармади ҳангуфт ба корфармоён
Аммо Гулчеҳра Иброҳимова, мушовирии ҳуқуқи СБМ мегӯяд, ки истифода аз кори ғуломонаи муҳоҷирон барои бисёре аз корфармоён дар хориҷ, аз ҷумла Русия як манбаъи бузург барои дарёфти даромади ҳангуфт будааст.
Хонуми Иброҳимова афзуд: “Бахши аъзами муҳоҷирон, ки аз манотиқи берун аз шаҳрӣ ба Русия мераванд, забонро намедонанад ва корфармоён бо истифода аз ин онҳоро водор мекунанд, ки зери ҳаргуна мадорик имзо гузоранд ва дар натиҷа ин афрод ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ мубаддал мешаванд. Ва дар ин сурат ҳатто наметавонанад ба мақомоти зидахл шикоят бибаранд, зеро аз ихроҷ шуданашон ба ватан бим доранд.”
Бар асоси иттилоъи ин созмон 25 дарсади афроде, ки аз ба унвони "барда" ё "ғулом" истифода шудани худ шикоят бурдаанд дар натиҷаи анҷоми корҳои сиёҳ ва сангин маълул шудаанд.
Тибқи маъмул бисёре аз муҳоҷирон нахустин бор ба Русия бо кумаки пайвандонашон мераванд. Аммо иддае низ аз хидмати ширкатҳои хусусӣ истифода мекунанд ва дар натиҷа бархе аз масъулони ин ширкатҳо онҳоро бо роҳи фиреб ба корфармоён ба "бардагӣ" мефурӯшанд.
Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, ки омилони аксари мавориди ба "бардагӣ" гирифтани сокинони тоҷик дар хориҷ шаҳрвандони тоҷикистонӣ будаанд.
Ҷумъахон Каримов, муъовини раиси бахши мубориза бо қочоки инсони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки онҳо дар соли 2012 як мавриди истифода аз кори бардаии як гурӯҳи ҳудуди панҷоҳ нафара аз сокинони Тоҷикистонро ифшо кардаанд.
Оқои Каримов гуфт: “Аз ин афрод дар шарқи Русия барои бунёди мактабе истифода шуда ва корфармо қарордодро бо фарде, ки ин сокинонро ба Русия интиқол додааст, мебандад ва сармояро низ ба ӯ медиҳад. Ин сокин, ки шаҳрвандии ду кишварро доро будааст, сармояро гирифта ва фирор мекунад.”
Оқои Каримов гуфт, ки барои ҷилавгирӣ аз гирифтор шудани сокинони тоҷик бо ин мушкилӣ шабномаҳои вижаи ҳушдордиҳандаро дар маконҳои сафари сокинони Тоҷикистонён ба хориҷ тавзеъ мекунанд. Аммо ин масъули вазорат мегӯяд, ки мубориза бо падидаи бидуни музд истифода шудани кори муҳоҷирон ба сабаби иттифоқ уфтодани ин ҳодисот дар хориҷ аз кишвар мушкил будааст.
Давлати Русия аз сокинони хориҷӣ, ки ба он кишвар барои дарёфти кор мераванд, даъват мекунад, ки фаъъолиятҳои худ дар қаламрави Русияро қонунӣ кунанд.
Аммо бисёре аз муҳоҷирони корӣ бо баҳонаи қоғазпарониҳои зиёде барои иҷрои ин амр ва набуди сармояи зарурӣ барои пардохти хадамоти расмикунонии кори худ дар Русия аз муроҷиъат ба муассисоти вижа худдорӣ мекунанд. Ба гуфтаи яке аз муҳоҷирон дар Русия, ҳазинаи қонунӣ кардани кор дар он кишвар ҳудуди 20 ҳазор рубли русӣ, муъодили 700 дулор будаст.
Гуфта мешавад, ки дар шароити феълӣ ки бисёре аз муҳоҷирони тоҷикистонӣ танҳо қобили пардохти сармоя барои сафарро доштанд, пардохти ин маблағ ғайриимкон будааст.
Ин дар ҳолест, ки Идораи муҳоҷирати Русия шумори муҳоҷирони тоҷики сабтшуда дар он кишварро беш аз як милюн нафар эълом кардааст. Вале Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон расман ин рақамро беш аз 800 ҳазор нафар медонад.
