Медведев: Русия ба муҳоҷирони корӣ ниёз дорад

Нахуствазири Русия гуфтааст, ба далели мушкилоти демугрофӣ Русия наметавонад дар чанд соли оянда аз нерӯи кории муҳоҷирон сарфи назар кунад.
Дмитрий Медведев рӯзи сешанбеи 21 май, дар сӯҳбат бо рӯзномаи “Комсомолская правда”-и чопи Маскав гуфтааст: “Мо дар шароити душвори демугрофӣ қарор дорем ва ба нерӯи кории изофӣ ниёз дорем. Аз ин лиҳоз, баъйид аст, ки дар даҳсолаи оянда аз кори муҳоҷирон сарфи назар кунем. Масалан, мо намехоҳем фаррошӣ кунем. Ин дар ҳолест, ба ҳангоми донишҷӯйӣ ман фаррошӣ мекардам.”
Аммо ба гуфтаи нахуствазири Русия, ин кишвар танҳо ба муҳоҷирони корие ниёз дорад, ки қавонину анъаноти Русияро риъоят карда, бо забони русӣ хуб сӯҳбат кунанд.
Оқои Медведев бозори кори Русияро барои муҳоҷирони хориҷӣ ҷаззоб хонда ва гуфта, дар ин бозор на танҳо муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои шӯравии пешин, балки Бритониё, Олмон ва Ҳоланд фаъъолият мекунанд.
Ҳамзамон, Дмитрий Медведев хостори эҷоди назорати раванди муҳоҷират шуда ва гуфтааст, муҳоҷирони корӣ бояд бо шиносномаи хориҷӣ вориди Русия шуда ва масоили марбут ба беҳдорӣ ва амниятии онҳо зери назар бошад.
Бино ба иттилоъи Идораи муҳоҷирати Русия, дар ин кишвар ҳудуди 15 милюн муҳоҷирони корӣ фаъолият карда ва беш аз як милюн нафари онҳоро атбоъи Тоҷикистон ташкил медиҳанд.
Бино ба иттилоъи Вазорати молияи Тоҷикистон, дар соли гузашта аз ҷониби муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ба ин кишвар ба миқдори 3,8 милёрд дулор сармоя ворид шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба соли 2011, беш аз 20 сад бештар будааст.
Гуфта мешавад, маболиғи интиқолӣ аз муҳоҷирони кории тоҷик дар соли гузашта 47 дар сади Маҳсулоти Нохолиси Миллии Тоҷикистонро ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол, созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар аз мавориди нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ, бахусус, пардохт нашудани дастмузд ба онҳо ибрози нигаронӣ мекунанд.
Аз ҷумла, созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) зимни интишори як баёния дар моҳи марти соли ҷорӣ дар муддати чанд моҳ пардохт нашудани дастмузди ҳазорҳо нафар муҳоҷирони корӣ дар шаҳри Сочии Русия хабар дода буд.
Дар ин баёния таъкид шуда буд, ки корфармоён дар сохтмонҳои муҷтамаъоти улампики зимистонаи соли 2014 ҳар рӯз аз муҳоҷирон аз 12 то 14 соъат кор мегиранд, аммо дар муддати муқаррар дастмузди онҳоро пардохт накардаанд.
