Сафорати Тоҷикистон: Дар миёни лату кӯбшудагони шаҳри Чехов атбоъи Тоҷикистон нестанд
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо пахши баёнияе гуфтааст, дар миёни афроди латукӯбшуда дар шаҳри Чехови Русия шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд.
Пештар хабаргузории "Интерфакс" и Русия гузориш дода буд, ки гурӯҳи ҷавонони рус ба муҳоҷирони тоҷик, ки ба ҳангоми тафреҳ дар майдон машғули бозии футбол буданд, ҳамла кардаанд.
Бино ба иттилоъи хабаргузории "Интерфакс"-и Русия, ин ҳодиса шоми гузашта (шанбе) дар шаҳри Чехови вилояти Маскав рух дода, ки бар асари ин ҳамла 5 тан аз атбоъи Тоҷикистон захмӣ ва дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Аммо сафорати Тоҷикистон ин гузоришро такзиб карда ва гуфтааст, ки ин бори нахуст нест, ки бархе расонаҳои Русия дар бораи муҳоҷирони тоҷики муқими ин кишвар ахбори носаҳеҳ нашр мекунанд.
