'Пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои мазҳабӣ нишонаи эътирози онҳо аст'

Дар панҷсолаи ахир давлати Тоҷикистон иқдомотеро барои аз миён бурдани гурӯҳҳои тундарви мазҳабӣ ва коҳиши ҷалби ҷавонон ба шомил шудан дар узвияти ин гурӯҳҳо иттихоз кардааст.
Аз сӯйи дигар мақомоти интизомии Тоҷикистон дар ин солҳо ба хотири риши баланд ва бебандубор иддае аз ҷавонони мазҳабиро таъқиб карда ва бархе аз ҷавондухтарони ҳиҷобиро аз мадорис ва муассисоти давлатӣ берун кардаанд.
Бо ин вуҷуд шумори сокиноне, ки дар шаҳри Душанбе ва манотиқи дигари Тоҷикистон дар маърази умум бо рише баланд ва ҳиҷоби исломӣ ба назар мерасанд, коҳиш наёфтаанд, балки бештар низ мешавад.
Тақрибан ҳамасола шуморе аз ҷавонон дар Тоҷикистон барои узвият дар созмонҳои мазҳабии мамнӯъ боздошт ва равонаи зиндонҳо мешаванд.
Аз авохири даҳаи 1990 то ба ҳол садҳо нафар аз пайравони Ҳизби Таҳрир, гурӯҳи мазҳабии мамнӯъ дар Тоҷикистон барои муҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуда ва бархе аз онҳо пас аз анҷоми муҳлати муҷозот дубора боздошт ва зиндонӣ шудаанд.
Душвориҳои пайвандони “таҳририҳо” дар озодӣ
Ҳуқуқдонҳо ҳушдор медиҳанд, бо ин ҳама шумори ҷонибдорони ин гурӯҳи мамнуъи исломӣ дар Тоҷикистон коҳиш наёфта, балки ончи "мавҷи севуми" пайравони ин гурӯҳ номида мешавад, фаъъол ва дар додгоҳҳо муҳокима мешаванд.
Аммо боздошт ва зиндонӣ шудани пайравони ин ҳизби мамнӯъ, авоқиби носазоеро барои пайвандони дар озодӣ будаи онҳо дорад, ки аз он камтар суҳбат мешавад.
Инобат Яъқубоваи 38-сола, ҳамсари Шариф Яъқубов, як зиндонии "таҳрирӣ" аст, ки ҳоло ба танҳоӣ рӯзгори панҷ фарзандашро таъмин мекунад.
Хонуми Яъқубова мегӯяд, шавҳараш дар соли 2011 дар узвияти Ҳизби Таҳрир муҷрим шинохта ва барои 23 сол равонаи зиндон шуд ва қарор аст дар соли 2032 аз зиндон озод шавад.
Хонуми Яқубова мегӯяд, шавҳараш, ки омӯзгори забони русӣ дар мактаби ҳамагонӣ буд, иқрор шудааст, ки узви ин ҳизб аст. Ӯ мегӯяд, аз соли 1998 бад-ин сӯ хонаводаи онҳо ҳамеша таҳти фишор қарор доштааст.
Дар соли 2010 замоне, ки шавҳараш пинҳон шуда буд, Яъқубова ду рӯз дар боздоштгоҳ мавриди бозрасӣ қарор гирифта буд ва ӯ мегӯяд кормандони амниятӣ алайҳаш "хушунат" кардаанд.
Хонуми Яъқубова мегӯяд: “Маро заданд ва дуввуми феврали он сол дар фасли зимистон ба берун бурда ва ба болои синаам оби сард рехтанд. Аз ман мепурсиданд, ки шавҳарам куҷост? Ба ман мегуфтанд, ки дар узвияти ин ҳизб иқрор шавам. Ман ба ин вазъият дигар натавонистам тоқат кунам ва маҷбур шудам бигӯям, ки узви Ҳизби Таҳрир ҳастам.”
Ӯ меафзояд "аз он замон кормандони интизомӣ дар як кунҷи шаҳр шабномаи Ҳизби Таҳрирро пайдо кунанд, маро дар тавзеъи ин шабномаҳо гунаҳкор мекунанд."
Аз сӯйи дигар ба бовари ин ҳамсари шавҳари зиндонӣ, шавҳараш пас аз узвият дар Ҳизби таҳрир марди беҳтаре шудааст: "Ӯ қаблан менӯшид, занакбозӣ мекард, вале баъди ба ин ҳизб ворид шудан тамоман тағйир ёфт, бо роҳи Худо зиндагӣ мекард.”
Дар Тоҷикистон даҳҳо хонаводае дигар вуҷуд доранд, ки вазъияте мушобеҳ ба хонаводаи Яъқубовро доранд.
“Меваи мамнӯъ-ширинтар аст”
Мусаввабаи Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳизби таҳрирро дар соли 2008 як созмони ифротӣ хонд ва фаъъолияти онро дар кишвар мамнӯъ кард. Бар асоси ин санад, воридот, таҳия ва тавзеъи адабиёти марбут ба ин гурӯҳ дар қаламрави Тоҷикистон ҷурм маҳсуб мешавад.
Мақомоти Тоҷикистон муътақиданд, ки назарияи эҷоди хилофати исломӣ, ки тавассути он Ҳизби таҳрир мехоҳад ҳамаи ҷавомеъи мусалмони ҷаҳонро зери як парчами исломӣ гирди ҳам оварад, истиқлол ва пояҳои давлатдории миллӣ дар ин кишварро бо хатар мувоҷеҳ месозад.
Аммо Ҳизби Таҳрир, дар соли 2010 дар баёнияе эълом кард, ки тамомии маҳбусоне, ки барои узвият дар ин ҳизб дар Тоҷикистон маҳкум шудаанд, зиндониёни сиёсӣ ҳастанд.
Аз соли 2009 бад-ин сӯ ҳамчунин додгоҳҳои мухталиф дар Тоҷикистон фаъъолияти “Ҷамоъати таблиғ” ва фирқаи салафияро низ мамнӯъ карданд.
Вале суоли матраҳ ин аст, ки чаро дар Тоҷикистон иддае аз ҷавонон бо вуҷуди муҷозот шуданашон ба узвияти гурӯҳҳои тундарви мазҳабӣ аз қабили Ҳизби Таҳрир, “Ҷамоъати таблиғ” ва фирқаи салафия мепайванданд.
Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеъ, ки дар гузашта дар муҳкимаҳои додгоҳӣ аз мавзеъи бархе аз пайравони Ҳизби Таҳрир дифоъ мекард, мегӯяд, ки дар феҳристи мубориза бо афроди ҷароимпешаи кормандони амниятиии Тоҷикистон дар ҷойгоҳи аввал аъзо ва пайравони Ҳизби Таҳрир қарор доранд.
Оқои Қудратов меафзояд: “Кормандони амниятӣ ҳатто афродеро, ки машғули таблиғи ислом ҳастанд таҳти кунтрули шадид доранд. Ҳамасола дар ин кишвар аз 20 то 40 нафар барои узвият дар Ҳизби Таҳрир боздошт ва зиндонӣ мешавад”
Ин ҳуқуқдон мегӯяд, ки "мушкилоти иқтисодӣ ва нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон далели аслии пайвастани сокинон ба гурӯҳҳои мазҳабии мамнӯъ аст."
Оқои Қудратов гуфт: “Давлат сиёсати зидди исломии нодурустро дар Тоҷикистон пиёда мекунад, ки боъиси пайвастани бештаре аз сокинон ба ин гурӯҳҳо мешавад. Тавре ки мегӯянд, меваи мамнӯъ ширин аст.”
Ҷавонони эътирозгар
Иддаи дигаре аз коршиносон пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои мазҳабии мамнӯъ дар Тоҷикистонро навъе аз эътирози онҳо алайҳи сиёсати феълии давлат арзёбӣ мекунанд.
Ба гуфтаи онҳо тафовути зиндагии воқеъӣ аз суханрониҳои мақомот аз трибуунҳо ва барномаҳои мутантани расонаҳои давлатӣ боъиси нобоварии бисёре аз ҷавон ба давлати феълӣ мешавад.
Далели ин амр суханронии раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳизби умдаи мухолифи давлат ва танҳо ҳизби мазҳабӣ дар мантақа дар як ҳамоиш аст, ки ба фароянди пайвастани ҷавонон ба нишони эътироз ба узвияти ин ҳизб ишора карданд.
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ин ҳизб гуфт: “Мо намхоҳем, ки ба узвияти ҳизби мо ҷавонони эътирозгар ё танҳо ба хотири эътироз кардан, бипайванданд. Мо кӯшиш мекунем, ки ҷавононе, ки узви ҳизб мешаванд, ойиномаи ҳизбро бихонанд ва огоҳона узви ҳизб шаванд.”
