Раиси бахши ҲНИТ дар Хоруғ барои 14 сол маҳкум ба зиндон шуд

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 10-уми май бо анҷоми муҳокимаи як парванда Шерик Карамхудоев, раиси бахши шаҳрии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Хоруғро ба 14 сол ва Дамон Ашӯров, як сокини ин шаҳҳро барои 12 сол зиндон маҳкум кард.
Нуриддин Расулов, қозии ин паванда оқоёни Карамхудоев ва Ашӯровро дар таъсиси гурӯҳҳои ҷинояткор, бенизомиҳои гурӯҳӣ, тақаллуб, ҳамли ғайримуҷози аслиҳа ва сарпечӣ аз итоъат ба мақомоти зидахл муҷрим шинохт.
Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи парвандаи ин ду нафарро дар авоили моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз кард ва муҳокимаи он пушти дарҳои баста сурат гирифт.
Вакили мудофеъи Шерик Карамхудоев, рӯзи ҷумъаи 10 май ба Би-би-сӣ гуфт, ки аз ҳукми Додгоҳи Олӣ ба додгоҳи истинофӣ шикоят хоҳад бурд. Вай муҳокимаи мувакилонаш дар Догоҳи олиро “говсуд” номид.
Норизоятии вакилони мудофеъ
Файзи Олӣ, ки дар ҷараёни муҳокимаи парванда аз оқоёни Карамхудоев ва Ашӯров дифоъ мекард, гуфт: “Қозии парванда қабл аз эъломи ҳукм, таъйинот баровард, ки мо вукалои мудофеъро аз толор берун кунад. Ба ин тартиб қозӣ имрӯз ҳукмро бидуни ширкати мо эълом кард. Мо ҳатман аз ин ҳукм ба додгоҳи истинофӣ шикоят хоҳем бурд.”
Вай мегӯяд, ки дар ҷараёни муҳокимаи парвандаи Шерик Карамхудоев ва Дамон Ашӯров беш аз 60 шоҳид даъват шуда буданд, ки аксари онҳо дар мавриди қатл ва сӯйиқасд ба қатл шоҳидӣ карданд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи оқои Олӣ иттиҳомоти ворида алайҳи муввакилонаш аслан ба модди 104, яъне куштор рабте надоштааст.
Ҳудуди 20 нафар аз ин афрод аз ҷумлаи пайвандони низомиён ва кормандони ниҳодҳои интизомие буданд, ки дар амалиёти шаҳри Хоруғ ширкат доштаанд.
Оқои Олдӣ гуфт, тамоми пешниҳодоте ки вукало дар бораи даъвати шоҳидони аслии ҳаводис ба қозӣ кардаанд, радд шуданд. Дар миёни ин пешниҳодҳо даъвати Қодир Қосимов, раиси ҳукумати вилояти Бадахшон ба унвони шоҳид низматраҳ будааст.
Ӯ афзуд, адами ширкат раиси вилояти Бадахшон дар ин муҳоқима бисёре аз суолоти мавҷуда дар ин парвандаро, аз ҷумла чаро мақомоти маҳаллӣ то қатли раиси бахши амнияти ин вилоят аз мавҷудияти “гурӯҳҳои ҷинояткорҳо” хабар надодаанд, беҷавоб мондааст.
Шерик Карамхудоев, раиси бахши шаҳрии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Хоруғ баъд аз амалиёти як рӯзаи нерӯҳои давлат дар рӯзи 24 июли соли 2012 дар шаҳри Хоруғ боздошт шуда буд. Вай баъд аз боздошташ то имрӯз дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ба сар мебурд.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон ӯро дар ҳамдастӣ бо гурӯҳи Имумназар Имумназаров, яке аз мухолифони пешини давлат муттаҳам карда буданд.
Аммо масъулони ҲНИТ мегӯянд, ки то ҳол оқои Карамхудоева раҳбари ин ҳизб дар шаҳри Хоруғ буда ва онҳо ба ин бовар ҳастанд, ки ӯ бегуноҳ аст ва додгоҳ ин бегуноҳии ӯро собит хоҳад кард.
Қаблан масъулони ин ҳизб дар як нишасте ба дунболи боздошти вай аз ӯ ба унвони зиндонии сиёсӣ ном бурданд. Модар ва ҳамсари оқои Карамхудоев иддаъо карданд, ки Шерик дар боздоштгоҳ шиканҷа шуда ва алайҳи хеш шавоҳид додааст.
Раҳбари гурӯҳи мусаллаҳ
Вале мақомоти интизомии Тоҷикистон, аз ҷумла Додситонии кулли ин кишвар зимни як баёния гуфта буд, ки Шерик Карамхудоев раҳбарии як гурӯҳи 21-нафарии мусаллаҳро бар ӯҳда дошта ва ин гурӯҳ ба нерӯҳои давлатӣ дар шаҳри Хоруғ муқовимат кардааст.
Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъи Дамон Ашӯров, низ имрӯз ба Би-би-сӣ гуфт, ки пас аз машварат бо хешовандони оқои Ашӯров, ки Додгоҳи олӣ ӯро ба 12 сол зиндон маҳкум кард, аз ин ҳукм ба додгоҳи истинофӣ шикоят хоҳад бурд.
Исми Давлатбек ё Дамон Ашӯров низ дар расонаҳо дар тобистони соли 2012 баъд аз амалиёти низомии давлат дар шаҳри Хоруғ барои поксозии афроди ба гуфтаи давлат ҷинояткор матраҳ шуд. Ӯ дар моҳи январи соли равон дар Чин тавассути пулиси он кишвар боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.
Рӯзи 24 июли соли 2012, нерӯҳои давлатии Тоҷикистон ба манзури боздошт ва муҷозоти афроди мазнун дар қатли Абдулло Назаров, раиси бахши маҳаллии амният, дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, амалиёти густардаеро анҷом доданд.
Мақомот омори талафоти ҷонӣ дар миёни нерӯҳои давлатӣ дар амалиёти Хоруғро 17 нафар ва захмиёнро 40 нафар эълом карда буданд. Ҳамчунин тибқи ин омор дар ин амалиёт 30 шӯришӣ кушта ва 40 нафар боздошт шудаанд.
Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ ин амалиёт, ки бо истифода аз аслиҳаи сангин дар шаҳри Хоруғ анҷом шуд, дар миёни ғайринизомиён низ шуморе кушта ва захмӣ бар ҷой гузоштааст.
Ин дуввумин бор аст, ки додгоҳҳои дар Тоҷикистон муҳокимаи сокинонро дар робита ба ҳаводиси моҳи июли Хоруғ анҷом медиҳанд.
Дар моҳи феврали соли равон Додгоҳи вилояти Бадахшон, Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродовро дар қатли Абдулло Назаров, раиси пешини бахши амният дар ин вилоят, муҷрим шинохта ва бар асоси моддаи 104-и Қонуни кайфарии Тоҷикистон мутаносибан барои 17 ва 16 сол равонаи зиндон карда буд.
