Муҳокимаи Ашӯров ва Карамхудоев ба таъвиқ уфтод

  • 5 Апрел, 2013
Шаҳри Хоруғ
Image caption Дар амалиёти шаҳри Хоруғ даҳҳо нафар, аз ҷумла шумори номушаххасе аз ғайринизомиён, кушта шудаанд

Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи парвандаи Дамон Ашӯров ва Шерик Карамхудоев, ду сокини Хоруғро, ки дар муқовимат ба нерӯҳои интизомии кишвар муттаҳам шудаанд, то рӯзи 8-уми апрел ба таъвиқ гузошт.

Қарор аст муҳокимаи парвандаи ин ду нафар таҳти раёсати қозӣ Нуриддин Расулов пушти дарҳои сурат бигирад.

Вакилони мудофеъи ин ду нафар гуфтанд, мувакилонашон тибқи панҷ моддаи Қонуни кайфарии Тоҷикистон муҳокима мешаванд.

Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъи Дамон Ашӯров ба Би-би-сӣ гуфт, мувакили вай тибқи моддаҳои 187, таъсиси гурӯҳҳои ҷинояткор, 188, бенизомиҳои гурӯҳӣ, 247 тақаллуб, 326 ҳамли ғайримуҷоз бо аслиҳа ва 368 сарпечӣ аз итоъат ба мақомоти зидахл муҳокима мешавад.

Вай вазъи саломати муввакилаш Дамон Ашӯров "вахим" унвон кард. Оқои Қудратов гуфт: "Саломати Дамон Ашӯров бад аст. Пойи захмхӯрдааш варам кардааст. Ӯро дар боздоштгоҳ табобат накардаанд."

Дамон Ашӯров аз моҳи январи соли равон баъд аз истирдоди вай аз Чин ба Тоҷикистон дар боздоштгоҳи муввақатии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ба сар мебарад.

Вай ки дар шаҳри Урумчии Чин дар моҳи декабри соли 2012 машғули табобати захми пояш буд, рӯзи 8 январи соли равон аз сӯйи пулиси Чин дар бемористон боздошт ва ҳамон рӯз ба Душанбе истирдод шуд.

Исми Давлатбек ё Дамон Ашӯров дар расонаҳо дар тобистони соли ҷорӣ, баъд аз амалиёти низомии давлат дар шаҳри Хоруғ матраҳ шуд.

Он замон давлат оқои Ашӯровро барои ҳамдастӣ бо гурӯҳи Имумназар Имумназаров, яке аз мухолифони пешини давлат, муттаҳам ва боздошт карда буданд, вале ба гуфтаи мақомоти давлатӣ, он замон оқои Ашӯров аз боздошт фирор карда буд.

Шерик Карамхудоев низ баъд аз амалиёти як рӯзаи нерӯҳои давлат дар рӯзи 24 июли соли 2012 дар шаҳри Хоруғ боздошт шуда буд.

Оқои Карамхудоев, раиси бахши шаҳрии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Хоруғ аз 8 моҳ бадин сӯ дар маҳбас ба сар мебарад.

Масъулони ҲНИТ дар як нишасте ба дунболи боздошти Шерик Карамхудоев аз ӯ ба унвони зиндонии сиёсӣ ном бурданд. Модар ва ҳамсари оқои Карамхудоев иддаъо карданд, ки Шерик дар боздоштгоҳ шиканҷа шуда ва алайҳи хеш шавоҳид додааст.

Аммо мақомоти интизомии Тоҷикистон, аз ҷумла Додситонии кулли ин кишвар зимни як баёния гуфта буд, ки Шерик Карамхудоев раҳбарии як гурӯҳи 21-нафарии мусаллаҳро бар ӯҳда дошта ва ин гурӯҳ ба нерӯҳои давлатӣ дар шаҳри Хоруғ муқовимат кардааст.

Рӯзи 24 июли соли 2012, нерӯҳои давлатии Тоҷикистон ба манзури боздошт ва муҷозоти афроди мазнун дар қатли Абдулло Назаров, раиси бахши маҳаллии амният, дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, амалиёти густардаеро анҷом доданд.

Дар ин амалиёт, ки дар шаҳри Хоруғ, маҳалле пурҷамъият ва ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, бо истифода аз аслиҳаи сангин анҷом шуд, даҳҳо нафар, аз ҷумла шумори номушаххасе аз ғайринизомиён, кушта шудаанд.

Дар авохири моҳи феврали соли равон Додгоҳи вилояти Бадахшон, Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродовро дар қатли Абдулло Назаров, раиси пешини бахши амният дар ин вилоят, муҷрим шинохта ва бар асоси моддаи 104-и Қонуни кайфарии Тоҷикистон мутаносибан барои 17 ва 16 сол равонаи зиндон карда буд.

Матолиби муртабит