Ирсоли 15 парванда ба додгоҳ барои нақзи қонуни забон

Додситони ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон 15 парвандаи маъмурӣ барои нақзи қонуни забони давлатиро барои баррасӣ ба додгоҳи ин ноҳия ирсол кардааст.
Ин парвандаҳои марбут ба нақзи қонуни забон, ки умдатан иборат аз "навоқис" дар номгузории идорот ва дуконҳо дар ин ноҳия будааст, дар се моҳи аввали соли ҷорӣ боз шудаанд.
Як масъули додситонии ноҳияи Ёвон мегӯяд, дар аксари маворид соҳибкорон ва соҳибони дӯконҳо ба ҳангоми номгузории ширкат ва дуконҳои худ аз забони русӣ истифода кардаанд.
Баҳодур Дӯстмуродов, рӯзи чаҳоршанбеи 17 апрел дар суҳбати телефунӣ ба Би-би-сӣ гуфт, бархе дигар аз соҳибкорон ва моликони мағозаҳо дар ин ноҳия барои номгузории нодурусти ширкату дуконҳояшон водор ба пардохти ҷарима шудаанд. Дар сурати нақзи мукаррари муқаррароти қонуни забон пардохти ҷаримаи 600 сомонӣ дар назар гирифта шудааст.
Иддае аз афроди ҷаримашуда мегӯянд, ки қабл аз ҷарима шудан ба онҳо бояд ҳушдор дода мешуд, вале онҳо бидуни ҳушдори қаблӣ ҷарима шудаанд ва онон ин амали масъулони додситониро нақзи ҳуқуқи худ мехонанд.
Дар авохири соли 2009 намояндагони порлумони Тоҷикистон қонуни ҷадиди забони давлатиро тасвиб карданд ва тибқи он корбурди забони форсии тоҷикӣ ба унвони забони давлатӣ дар ин кишвар дар ҳамаи муассисот, дар арсаҳои мухталиф ҳатмӣ шуда буд.
Сипас дар соли 2010 шаҳрдории Душанбе эълом кард, ки интишори таблиғот дар шаҳри Душанбе тибқи Қонун дар бораи забон, танҳо бо забони тоҷикӣ иншо хоҳад шуд.
Ҳамчунин бар асоси мусаваббае дар ин замина ҳар гуна навиштаҷот дар дохил ва беруни мусассисот, созмонҳо, фурӯшгоҳҳо ва рестуронҳои пойтахт низ бояд ҳатман ба забони давлатӣ чоп шуда ва дар сурати лузум дар канори он тарҷума низ метавонад ба забоне хориҷӣ иншо шавад.
Дар моҳи октябри соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ҳамоише бахшида ба "Рӯзи забони давлатӣ" аз кормандони сохторҳои давлатӣ, расонаҳо ва мардуми ин кишвар даъват кард, то "талаботи Қонуни забони давлатиро бечуну чаро риъоят кунанд."
Баъд аз ибрози ин ақидаи Президент Раҳмон, дар моҳи ноябри ин сол, маҷлиси намояндагони шаҳри Душанбе тасмим гирфт тамоми иштибоҳотеро, ки дар номгузории муассисот ва муҳтавои тоблуҳои огоҳии пойтахти Тоҷикистон вуҷуд доранд, ислоҳ кунад.
Тибқи қарори ин маҷлис, тамоми муассисоти тиҷорӣ ва амокини тафреҳӣ дар шаҳр, ки номи тиҷории байналмилалӣ надоранд (бренд) аз забонҳои ғайр ба забони давлатӣ, яъне форсии тоҷикӣ баргардон мешаванд.
Баъд аз ин тасмим аксари мағозаҳо дар шаҳри Душанбе табдили ном карда ва ба гуфтаи иддае аз тоҷирону соҳибкорон ин амр онҳоро водор ба масрафи ҳазинаҳои изофӣ ва ҷуброни ин пул тавассути афзудан ба қимати бархе аз колои фурӯшӣ дар дуконҳояшон кардааст.
