Додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо мақомоти Русияро ҷарима баст

  • 30 Апрел, 2013
Додгоҳи Урупо
Image caption Додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо давлати Русия муваззаф кардааст барои озори равонӣ ба Савриддин Ҷӯраев 30 ҳазор юру ва барои махориҷи додгоҳӣ 5,9 ҳазор юру пардохт кунад

Додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо мақомоти Русияро дар нақзи чаҳор моддаи Кунвенсиюни ҳуқуқи башар дар ҷараёни бозрасии қазияи Савриддин Ҷӯраев, шаҳрванди Тоҷикистон ва истирдоди ӯ ба ватанаш муқассир хондааст.

Дар баёнияи ин додгоҳ омадааст, дар пайи истирдод ба Тоҷикистон оқои Ҷӯраев бо хатари истифода аз шиканҷа ва бадрафторӣ мувоҷеҳ шуд.

Тибқи мусаваббаи ин додгоҳ, давлати Русия муваззаф шуда, барои озори равонӣ ба Савриддин Ҷӯраев ба миқдори 30 ҳазор юру ва барои махориҷи додгоҳӣ 5,9 ҳазор юру пардохт кунад.

Бино ба баёнияи Додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо, моҳи июни соли 2006 Савриддин Ҷӯраев ба далоили мазҳабӣ мавриди таъқиб қарор гирифта ва аз Тоҷикистон ба Русия рафтааст. Дар моҳи ноябри ҳамон сол дар мақомоти Тоҷикистон алайҳи ӯ ба иттиҳоми узвият дар Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон ва ҳамлаи мусаллаҳона ба се узви порлумони минтақавӣ парвандаи ҷинойӣ боз карданд.

Дар моҳи ноябри соли 2009 оқои Ҷӯраев дар шаҳри Маскав бар асоси дархости ҷониби Тоҷикистон боздошт шуда ва дар моҳи июни соли 2010 муъовини додситони кулли Русия мусаваббаи истирододи ӯ ба Тоҷикистонро содир кардааст.

Сипас Русия бар асоси тақозои Додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо истирдоди Савриддин Ҷӯраевро ба Тоҷикистон худдорӣ карда ва дар моҳи майи соли 2011 ӯро аз боздоштгоҳ озод кардааст. Пас аз се моҳ Идораи муҳоҷирати Русия ба ӯ мақоми паноҳандаи муваққатро додааст.

Аммо 31 октябри соли 2011 ӯ аз ҷониби гурӯҳи номаълум дар шаҳри Маскав рабуда шуда, пас аз ду рӯзи азияту озор тавассути ҳавопаймо ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон мунтақил шудааст.

Моҳи апрели соли гузашта додгоҳи вилояти Суғди Тоҷикистон Савриддин Ҷӯраевро ба иттиҳоми иртикоби ҷароими сангин ба муддати 26 сол равонаи зиндон кард.

Дар пайи шикояти вакили мудофеъи Савриддин Ҷӯраев дар мавриди рабуда шудани муваккилаш Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтааст, ки оқои Ҷӯраев “довталабона худро ба ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон таслим кардааст.”

Дар баёнияи Додгоҳи ҳуқуқи башри Урупо мехонем, ки додгоҳи Русия низ ин гуфтаҳоро таъйид карда, аммо ба суолҳои мабнӣ бар он, ки чи гуна як нафар бидуни шиноснома ва сабти ном дар гузаргоҳҳо аз марзи чанд кишвар убур кардааст, посухе надодааст.

Тибқи мусаваббаи Додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо давлати Русия дар канори пардохти ғаромат бояд аз мавориди рабудани афроди мазнун дар иртикоби ҷароим ва истирдоди онҳо ба кишвари дигар, ки худ нақзи ҳуқуқи башар аст, ҷилавгирӣ кунад, ба хусус истирдоди афрод ба кишварҳое, ки дар онҳо аз вуҷуди шиканҷа гузориш мешавад.

Дар солҳои ахир бар асоси дархости давлати Тоҷикистон чанд тан аз мухолифони давлати ин кишвар дар мамолики хориҷӣ боздошт шуда ва иддае аз онҳо ба Тоҷикистон истирдод шуданд.

Дар зарфи шаш моҳи ахир Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мухолифони мавсум ба “Гурӯҳи 24” дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешини давлати Тоҷикистон, дар шаҳри Киев боздошт шуданд.

Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар, аз ҷумла, созмони Афви Байналмилал аз ин кишварҳо хост, то боздоштшудагонро ба Тоҷикистон истирдод накунанд. зеро ба эътиқоди ин созмонҳо, дар сурати истирдод ин афрод мавриди шиканҷа ва азияту озор қарор хоҳанд гирифт.

Зимнан, додгоҳи шаҳри Киев Абдумалик Абдуллоҷоновро озод карда, қазияи истирдоди Умаралӣ Қувватов ба Тоҷикистон низ то ҳол комилан рӯшан нашудааст.

Матолиби муртабит