Дархости 100 ҳазор сомонӣ ғаромат аз ширкати “Тоҷирон”

  • 19 Апрел, 2013
Воҳидова
Image caption Хонуми Воҳидова мегӯяд ширкати "Тоҷирон" фаъъолияти ҳирфаиашро "бо арзёбиҳои худ дар расонаҳо зери суол бурдааст"

Ҳуқуқдон Файзиниссо Воҳидова дар ҷаласаи навбатии додгоҳи иқтисодӣ алайҳи ӯ ва рӯзномаи “ИмрӯзNews” аз сӯйи ширкати "Тоҷирон", даъвои мутақобилро ба додгоҳ ироа кардааст.

Хонум Воҳидова мегӯяд, муҳтавои даъвои мутақобили вай алайҳи ширкати “Тоҷирон”барои таҳқир ва тавҳини фаъъолияти ҳирфаии ӯ будааст.

Хонум Воҳидова, рӯзи ҷумъаи 19 апрел баъд аз анҷоми мурофиъаи навбатии додгоҳи иқтисодӣ ба Би-би-сӣ гуфт: “Фаъъолияти ҳирфаии манро ин ширкат бо арзёбиҳои худ дар расонаҳо зери суол бурдааст ва ман барои ин аъмол аз ширкат дархости пардохти ғаромати 100 ҳазор сомонӣ кардаам.”

Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон ба баррасии шикояти ширкати "Тоҷирон" алайҳи рӯзномаи "ИмрӯзNews" дар авоили моҳи март оғоз кард ва шикояти ин ширкат дар пайи нашри мусоҳибае зери унвони "Мурдафурӯшӣ дар ширкати "Тоҷирон" дар ин рӯзнома дар авоили соли ҷорӣ ироа шуда буд.

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқдони саршинос, дар мусоҳиба бо ин рӯзнома дар бораи марги як нафар дар пайи тасодуми худраваш бо комюне мутаъаллиқ ба ин ширкат иттилоъ дода буд.

Ширкати "Тоҷирон" дар шикояти худ ба додгоҳ аз нашрияи "ИмрӯзNew" барои "зарари маънавӣ" ба як сомонӣ ва аз Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқдони маъруф, ки матлаб дар асоси мусоҳибаи ӯ таҳия шудааст, 50 ҳазор сомонӣ ғаромат тақозо кардааст.

"ТоҷИрон", як ширкати муштараки соҳибкорони тоҷику эронӣ аст.

Бархе аз расонаҳои Тоҷикистон ин ширкатро, дар канори ширкатҳои "IRS", "Осиё Экспресс" (Asia Express) ба хотири озод шудан аз бархе аз анвоъи молиёт бо ризояти порлумони ин кишвар, аз ширкатҳои "эрка" дар кишвар унвон кардаанд.