Вокуниши сафорати Омрико ба лату кӯби Муҳаммадалӣ Ҳайит

  • 25 Апрел, 2013
Муҳаммадалӣ Ҳайит
Image caption Сафорати Омрико дар Душанбе ҳамла ба муъовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро маҳкум кардааст

Сафорати Омрико дар Тоҷикистон зимни интишори баёнияе ҳамла ба Муҳаммадалӣ Ҳайит, муъовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро (ҲНИТ) маҳкум кардааст.

Дар ин баёния, ки рӯзи чаҳоршанбеи 25 апрел мунташир шуд, сафорати Омрико аз давлати Тоҷикистон хостааст, то ин ҳодисаро ба таври комил тақҳиҳ кунад.

Масъулони сафорати Омрико ҳамчунин тақозо кардаанд, ки муқассирони ҳамла ба Муҳаммадалӣ Ҳайит боздошт ва ҳувияти онҳо ифшо шавад.

Оқои Ҳайит, муъовини раҳбари ҲНИТ, шоми 19-уми апрел дар вурӯдии сохтмони манзилаш дар маҳаллаи 91, дар шаҳри Душанбе мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифт ва шадидан захмӣ шуд.

Ҳамла ба муъовини раҳбари яке аз аҳзоби умдаи сиёсӣ дар Тоҷикистон вокунишҳои фаровонеро дар Тоҷикистон дар пай дошт.

Аз ҷумла як рӯз баъд аз ин ҳодиса Хонаи Озодӣ (Freedom House) баёнияе пахш кард ва тавассути он аз давлати Тоҷикистон хостори таҳқиқи мунсифонаи ин ҳодиса шуд.

Ҳамчунин 20 апрел Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch низ аз зарбу шатми як узви ҳизби мухолифи давлат дар Тоҷикистон шадидан интиқод кард.

Масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аммо ҳамла ба Муҳаммадалӣ Ҳайитро як амали сиёсӣ унвон карда ва аз мақомоти баландпояи ин кишвар хостанд, ки таҳқиқоти парвандаи ин ҳодисаро таҳти назорат бигиранд.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ин ҳизб бо баргузории нишасте матбӯъотии вижа дар ин робита гуфт, ки ин амал аз қабл тарҳрезӣ шуда ва ҳадафи он ба ҳам задани авзоъи сиёсӣ дар Тоҷикистон будааст.

Дар ин нишаст ҳамчунин эълом шуд, ки ин ҳизб ба афроде, ки дар ошкор ва боздошт кардани муҷримон кумак мекунанд, ҷоизаи 10 ҳазордулорӣ дар назар дорад.

ҲНИТ мегӯяд, дар се соли ахир ин севумин ҳодисаи ҳамлаи афроди номаълум ба фаъъолони ин ҳизб аст. Дар моҳи феврали соли 2012 Аваз Абдурраҳмонов, аз фаъъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз сӯйи гурӯҳе аз афроди номаълум зарбу шатм шуда ва муддате дар бемористон бистарӣ шуд.

Ҳамчунин дар зимистони соли 2011 Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯйи ҲНИТ мавриди ҳамлаи ду фарди номаълум қарор гирифт ва ҷароҳатҳои шадид бардошт.

Ба гуфтаи масъулони ин ҳизб афроди муқассир дар ин ҳодиса то ҳол боздошт нашудаанд. Коршиносони сиёсӣ бо таваҷҷуҳ ба ин нукта баъид медонанд, ки афроде, ки Муҳаммадалӣ Ҳайит, муъовини раҳбари ҲНИТ-ро мавриди зарбу шатм қарор додаанд, боздошт ва ҳуввияти онҳо ифшо шавад.

Матолиби муртабит