Хонаи Озодӣ: Ҳамла ба Муҳаммадалии Ҳайит бидуни табъиз таҳқиқ шавад

Созмони байналмилалии Хонаи Озодӣ (Freedom House) аз давлати Тоҷикистон хостааст, ҳодисаи ҳамлаи дирӯз, 19-уми апрел ба муъовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ дар Душанбе мунсифона ва бидуни табъиз таҳқиқ шавад.
Ин созмон ҳамчунин аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва давлати Омрико дархост кардааст, мушкили таъқиби намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар сутуҳи болотарини давлатӣ матраҳ кунанд.
Муҳаммадалии Ҳайит, муъовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шоми 19-уми апрел дар наздикии манзилаш мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифт.
Оқои Ҳайит ки ҳоло дар бемористон қарор дорад, ба пулис гуфтааст, ду фарди ношинос, ки зоҳиран ӯро дар даромадгоҳи сохтмони манзилаш дар маҳаллаи 91 шаҳри Душанбе мунтазир буданд, пас аз ворид шудани ӯ ба даромадгоҳ (подъезд) ба ӯ ҳамла кардаанд.
Вазъи саломати оқои Ҳайит ба гуфтаи намояндагони ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон муътадил буда, аммо вай аз ноҳияи сару рӯй шадидан захмӣ шудааст.
Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, узви Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, ки оқои Ҳайит ҳамчунин аз тарафи чапи баданаш дар ноҳияи данда (қабурға) сахт зарб хурдааст.
Оқои Сайфуллозода, ки ду сол қабл худи ӯ низ мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифта буд ва пулис онҳоро то ҳоло пайдо накардааст, мегӯяд кори пулис ин бор бояд осонтар бошад.
Вай гуфт: "Замоне, ки ҳодисаи мушобеҳ бо ман рух дод, ман беҳуш афтода будам ва чеҳраҳои ҳамлагаронро дар ёд надоштам, аммо Муҳаммадалии Ҳайит ба ҳуш буда ва ҳадди ақал чеҳраи яке аз онҳоро ба ёд дорад."
Ба гуфтаи оқои Сайфуллозода шаби гузашта манзили оқои Ҳайит таҳти назорати маъмурони интизомӣ будааст. Гуфта мешавад Шералӣ Сабзов, муъовини вазири корҳои дохилӣ низ дишаб аз маҳалли ҳодиса дидан кардааст.
Тибқи итилоъи вазорати корҳои дохилӣ барои таҳқиқи ҳодисаи мазкур гурӯҳи вижаи таҳқиқоти фаврӣ таъсис шуда ва ҷустуҷӯи мазнунон ҷараён дорад.
Ҳеҷ фарзияе аз сӯйи пулис дар бораи кӣ будани ҳамлагарон мунташир нашудааст.
Аммо намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ангезаҳои сиёсӣ доштани ин ҳодисаро баъйид намедонанд.
Хонаи Озодӣ (Freedom House) дар изҳороти худ зимни нигаронӣ аз ин ҳодиса таъкид кардааст, ки Тоҷикистон дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ қарор дорад.
Дар ин изҳорот мехонем: "Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1994 раҳбарии Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад ҳанӯз эълом накардааст, ки оё дар ин интихобот ширкат хоҳад кард."
Изҳороти Хонаи Озодӣ афзудааст: "Фишорҳо бар Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тайи 12 моҳи охир бо наздик омадани замони интихобот афзоиш ёфтааст."
Хонаи Озодӣ ёдовар шудааст, ки дар моҳи июли соли гузашта намояндаи ин ҳизб дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон дар ҷараёни амалиёти низомӣ кушта шуда ва як масъули дигари маҳаллии ин ҳизб дар пушти дарҳои баста мавриди муҳокимаи додгоҳӣ қарор дорад.
