Қатъи судури раводиди сода дар фурӯдгоҳи Душанбе

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон судури раводиди сода ба хориҷиён дар фурӯдгоҳи Душанберо мутаваққиф кардааст.
Масъулони ин вазорат сабаби тавқиф дар судури раводид ба афроди хориҷиро дар фурӯдгоҳи Душанбе аз кор уфтодани яке аз дастгоҳҳои фаннӣ (барҷаспи визо) дар ин фурӯдгоҳ унвон кардаанд.
Абдулфайз Атоев, сухангӯйи вазорати хориҷаи Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 23 апрел ба Би-би-сӣ гуфт: “Сабаби аслӣ он аст, ки як дастгоҳ дар фурӯдгоҳ, ки барчаспи визоро мегузошт, вайрон шуда ва кормандон машғули таъмири он ҳастанд. Ҳамин ки ин дастгоҳ таъмир шуд мо додани раводидро дубора оғоз мекунем.”
Оқои Атоев гуфт, ки ҳодисаи аз кор баромадани дастгоҳи фаннии фурӯдгоҳ дирӯз рух дод ва аз он замон ироаи визо ба хориҷиён дар фурӯдгоҳ мутаваққиф шудааст.
Бар асоси гузоришҳои таъйиднашуда баъд аз мутаваққиф шудани ин дастгоҳ дар фурӯдгоҳ ҳудуди 80 нафар аз мусофирон аз кишварҳои хориҷӣ маҷбур шудаанд, ки дубора ба ватан бозгарданд. Аммо оқои Атоев ин иттилоъро тайъид накард.
Бар асоси хабари сойти расмии ин вазорат қарор аст, рӯзи 29 апрел судури визои сода ба ҳудуди 80 кишвари хориҷӣ дар фурӯдгоҳи Душанбе дубора аз сар гирифта шавад. Зеро дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон сафоратхонаҳои Тоҷикистон вуҷуд надоранд ва меҳмонон аз он мамолик маъмулан раводидро дар фурӯдгоҳи Душанбе-пойтахт дарёфт мекарданд.
Аз сӯйи дигар дарёфти раводиди сода барои хориҷиён дар фурӯдгоҳ, дақиқ баъд аз як рӯзи эъломи баргузории кунфаронси вижаи Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон ба муносибати 40-умин солгарди ин ҳизб дар ҷараёни нишасти хабарии масъулони ҳизб, мутаваққиф шудааст.
Аз ин рӯ бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки ин иқдом ба даъвати меҳмонҳои зиёде аз кишварҳои хориҷӣ барои ширкат дар ин ҳамоиши ҳизб бастагӣ доштааст. Аммо Абдулфайз Атоев ин иттилоъро бепоя хонд ва гуфт, ки ин суханон “хаёлпардозӣ” буданд.
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ мегӯяд, ки онҳо ба ҳамоиши рӯзи 27 апрел ҳудуди 200 нафар аз меҳмонон аз кишварҳои хориҷӣ даъват кардаанд ва ҳудуди 80 дарсади онҳо ниёз ба дарёфти раводид доштаанд.
Вале оқои Кабирӣ мегӯяд: “Бидуни хароб шудани дастгоҳе дар фурӯдгоҳи Душанбе, бештари меҳмонҳое, ки мо даъват кардем ҳатто дар кишварҳое, ки Тоҷикистон сафорат дорад, мушкили дарёфти раводидро доранд.”
Оқои Кабирӣ мегӯяд, ки баргузории кунфаронси ҳизб бештар барои аъзои он аҳамият дорад ва афзуд, ки бо вуҷуди мушкили омадани меҳмонони хориҷӣ ин нишаст дар замони таъйиншуда доир хоҳад шуд.
Ҳарчанд вай афзуд, ки хуб мебуд, ки меҳмонони хориҷӣ низ дар ин ҳамоиш ширкат мекарданд, зеро озодии фаъъолияти аъзоби сиёсӣ дар Тоҷикистон ба суди сиёсати давлати ин кишвар будааст.
Дар чанд соли ахир ин барои бори нахуст аст, ки масъулони вазорати хориҷаи Тоҷикистон эъломи қатъи муваққатии судури визо ба сокинони кишварҳои хориҷӣ дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанберо кардаанд.
