Нишасти Маҷмаъи Гуфтугӯи Ҳамкории Осиё кори худро оғоз кард

  • 28 Март, 2013
Парчами давлатҳои узви МҲО
Image caption Дар ҳамоиши имрӯз намояндагони 32 кишвари осиёӣ ширкат доранд

Нишасти Маҷмаъи Гуфтугӯи Ҳамкории Осиё (Asia Cooperation Dialogue) кори худро дар Душанбе бо ширкати коршиносони аршад ва мақомоти марбути кишварҳои узви ин созмон оғоз кард.

Тибқи иттилоъи дафтари матбуъотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар ҳамоиши рӯзи панҷшанбеи 28 март намояндагони 32 кишвари ин созмон гирди ҳам омадаанд.

Ба гуфтаи Давлат Назрӣ, сухангӯйи ин вазоратхона мавзӯъи аслии матруҳа дар ин нишаст омодагӣ барои баргузории ҷаласаи 11-и Шӯрои вузарои хориҷаи кишварҳои узви Муҳовараи Ҳамкориҳои Осиё аст.

Оқои Назрӣ гуфт, ширкаткунандагони ин ҳамоиш матни ниҳоии “Эъломияи Душанбе”-ро ки фардо вузарои кишварҳои узви МҲО бояд ба имзо бирасонанд, ҳамоҳанг мекунанд.

Бар асоси иттилоъи расмӣ дар ҳамоиши фардо вузарои хориҷаи 12 кишвари узви ин созмон ҳузур хоҳанд дошт ва 9 кишвар муъовинони вазирони хориҷаи худро барои ширкат дар ин нишаст фирситодаанд.

Бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Узбакистонро дар ин ҷаласа сафиронашон дар Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд.

Қарор аст рӯзи 29-уми март анҷумани вузарои хориҷаи кишварҳои узви Маҷмаъи Гуфтугӯи Ҳамкории Осиё бо суханронии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шавад.

Давлати Кувайт мизбони аввалин ҳамоиши кишварҳои узви Маҷмаъи Гуфтугӯи Ҳамкории Осиё буд. Ҷаласаи ахири ин созмон низ 14-уми октябри соли 2012 дар Кувайт баргузор шуда буд. Дар ин ҳамоиш паймони муштараки ҳамкориҳои ин кишварҳо ба тасвиб расид.

Маҷмаъи Гуфтугӯи Ҳамкории Осиё дар моҳи июни соли 2002 дар Тойланд дар ҳамоиши 18-уми вузарои хориҷии кишварҳои Осиё муъаррифӣ шуд ва ҳамакнун 32 кишвари Осиёӣ дар ин ниҳод узв ҳастанд.

Ин кишварҳо дар заминаҳоэнержӣ, кишоварзӣ, биотекнулужӣ, ҷаҳонгардӣ, омӯзишу парвариш ва коҳиши фақр бо ҳам ҳамкорӣ мекунанд.

Тоҷикистон, ки дар соли 2006 дар Қатар ба узвияти Маҷмаъи Гуфтугӯи Ҳамкории Осиё пайваст дар соли 2013 раёсати ин созмонро бар ӯҳда гирифт.

Ҳарчанд бархе аз коршиносони сиёсӣ ба муассир будани натоиҷи нишастҳои ин созмон хушбин ҳастанд, вале иддае дигар бар ин ақидаанд, ки кишварҳои узви ин созмон бо дарназардошти мушкилоти дохилии худ наметавонанд, ҳамкориҳои муассири сиёсӣ ва иқтисодӣ миёни ҳамдигар дошта бошанд.

Матолиби муртабит