“Баёнияи Зойиров дар мавриди таҳвили замин ба Чин иғвоангез аст”

  • 17 Апрел, 2013
Абдулфайз Атоев
Image caption Оқои Атоев гуфт, ки ин баёнияро ба русӣ "провокасия" ва ба тоҷикӣ иғвоангез меноманд

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон баёнияи ахири раҳбари ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон дар мавриди таҳвили қисмате аз қаламрави Тоҷикистон ба Чинро як амали иғвоангез (провокация) хондааст.

Сухангӯйи ҷадиди ин ниҳод дар нишасти ҳафтаи навбатии ин вазорат гуфт, ки чунин баёнияҳо асос надошта ва таҳвили замин ба Чин мушкили даҳсолаҳои миёни ин кишварҳоро аз байн бурдааст.

Абдулфайз Атоев, рӯзи сешанбеи 16 апрел дар ҳоле, ки ба суоли хабарнигорон посух медод, гуфт: “Мо бо дафтарҳои дахлдор низ суҳбат кардем, аслан ин гуфтаниҳо ҳеч пояе надоранд. Намедонам ин бо чи мақсад гуфта мешавад.”

Оқои Атоев, ки ба тозагӣ дар симати сухангӯйи ин вазорат ба фаъъолият оғоз карда, мегӯяд, ки таҳвили порае аз қаламрави Тоҷикистон ба Чин бар асоси тавофуқномае дуҷониба анҷом ёфтааст ва қисмати кӯчаке аз хоки ин кишвар ба Чин таҳвил дода шуд.

Ин дар ҳолест, ки Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон рӯзи душанбеи 15 апрел бо пахши баёнияе гуфтааст, ки марзбонони чинӣ ба 20 килуметрии умқи хоки Тоҷикистон ворид шудаанд.

Оқои Зойиров афзудааст, ки ин масофа фаротар аз тавофуқи Тоҷикистон ва Чин дар мавриди таҳвили порае аз замини ин кишвар ба Чин будааст.

Ҳамчунин раҳбари ин ҳизб дар мусоҳиба бо як расонаи эронӣ, гуфтааст, ки қарор аст, давлати Тоҷикистон дар изои вомҳояш ба Чин бахше аз қаламрави Тоҷикистон дар ноҳияи мурғоби Бадахшонро таҳвил диҳад.

Оқои Зойиров гуфтааст, ки дар ҷараёни як сафари худ ба ин ноҳия дидааст, ки марзбонони Чин дар умқи бештар аз 1142 килуметрии тавофуқшудаи марз қарор доштаанд.

Дар авоили соли 2011 намояндагони Порлумони Тоҷикистон бо тасвиби прутукули таъйини хутути марзӣ миёни Тоҷикистону Чин, 1142 килуметри мураббаъ аз қаламрави Тоҷикистон дар вилояти Бадахшонро ба ихтиёри Чин вогузор кард.

Ин иқдоми давлат дар Тоҷикистон вокунишҳои зиддунақизеро ба бор овард ва бисёре аз намояндагони ҷомеъаи маданӣ ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ аз ин иқдом интиқодоте шадид карда буданд.

Иддае низ таҳвили қитъаи қаламрави Тоҷикистон ба Чинро хилофи қонуни асосии ин кишвар хонданд.

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон он замон гуфта буд, ки Чин бар пояи бархе аз тавофуқоти қарни 18 бо Русия ба дарёфти то 24 дарсади қаламрави шарқи Тоҷикистон талош дошт, вале вай гуфт, ки диплумотҳои тоҷик тавонистаанд бо таҳвили се дарсад аз ин қитъаи мавриди баҳс масоили марзӣ бо Чинро ҳал кунанд.

Матолиби муртабит