Масдуд шудани посгоҳҳои марзии Чин бо кишварҳои ҳаммарз
Давлати Чин посгоҳҳои марзии худ бо Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ҳамарзро муваққатан мебандад.
Тибқи иттилоъи нерӯҳои марзбони Тоҷикистон ин иқдоми давлати Чин як тадобири амниятӣ дар остонаи рӯзҳои баргузории ҷашни миллӣ дар он кишвар аст.
Гузориш шудааст, Чин ба хотири таҷлил аз ҷашне бо номи Цан-Лин посгоҳҳои худ бо кишварҳои ҳамамрзи худ масдуд мекунанд.
Ба ин хотир қарор аст, аз соъати 12 шаби рӯзи 3 апрел рафту омади васоли нақлия дар посгоҳи “Кулма-Қарасу”, танҳо гузаргоҳи марзии миёни Чин ва Тоҷикистон барои се рӯз масдуд шавад.
Чин ва Тоҷикистон ҳудуди 800 килуметр марзи муштарак доранд ва бештари қисматҳои ин марз дар манотиқи душворгузари кӯҳистонӣ қарор гирифтаанд.
