Ҳизби наҳзати исломӣ ҳадафи ҳамла ба муъовини худро ба ҳам задани авзоъи сиёсӣ хонд

Раҳбари Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамла ба муъовини раиси ин ҳизбро як амали сиёсӣ унвон карда ва аз мақомоти баландпояи ин кишвар дархости таҳти назорат гирифтани таҳқиқоти парванда дар ин робитаро кард.
Муҳиддин Кабирӣ, рӯзи душанбеи 22 апрел дар нишасти хабарӣ ҳодисаи ҳамла ба муъовини раҳбари Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар Душанберо маҳкум кард ва гуфт, ки "ин амал аз қабл тарҳрезӣ шуда будааст."
Муҳаммадалии Ҳайит, муъовини раҳбари ин ҳизб шоми 19-уми апрел дар даромадгоҳи сохтмони манзилаш дар маҳаллаи 91 шаҳри Душанбе мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифт ва аз ноҳияи сару рӯй шадидан захмӣ шудааст.
Ӯ баъд аз ду рӯзи бистарӣ дар бемористон ҳоло дар манзил қарор дорад ва ба гуфтаи намояндагони ҳизб, вазъи саломати оқои Ҳайит муътадил будааст.
Муҳиддин Кабирӣ ҳамла ба Муҳаммадалии Ҳайитро як амали "ноҷавонмардона" хонд ва ӯ баъид намедонад, ки ин ҳамла аз сӯйи суфоришгарони хориҷӣ сурат гирифта ва ҳадафи онҳо хадчадор кардани муносиботи ин ҳизб ва мақомоти давлатӣ, раҳбарияти Тоҷикистон будааст.
Вай афзуд: "Баъзе доираҳо бахусус дар остонаи тадобири муҳимм дар Тоҷикистон мехоҳанд, ки вазъияти кишварро ноором кунанд. Ман фикр мекунам, ки вақти анҷоми ин ҷиноят беҳуда ва тасодуфӣ, яъне қабл аз паёми Президент ва дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ интихоб нашудааст."
Оқои Кабирӣ ҳарчанд аз ҷараёни таҳқиқоти парвандаи ҷиноӣ дар робита ба ҳодисаи ахир аз сӯйи кормандони интизомӣ изҳори қаноаътмандӣ кард, вале гуфт, ки гиреҳи парвандаи латукӯб шудани Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯйи ҲНИТ то ҳанӯз боз нашуда ва муттаҳамони ин ҳодиса то ҳол дар озодӣ ҳастанд.
Раҳбари ҲНИТ мегӯяд, ки ҳизб бо таваҷҷӯҳ ба таҷрибаи кормандони интизомӣ барои анҷоми сареъи таҳқиқоти қазоеъ ба"шахсоне, ки дар ошкору дастгир намудани ҷинояткорон кумак ва мусоидат мекунанд, маблағи 10 ҳазор дулор ба унвони ҷоиза" дода мешавад.
Оқои Кабирӣ изҳорӣ умедворӣ кард, ки мақомоти зидахли ин кишвар афроди муқассир дар ин ҷиноятро ба зудӣ пайдо хоҳанд кард. Вай афзуд: "Танҳо тафтишот ва мақомот муъайян хоҳад кард, ки дар паси ин ҷиноят киҳо ҳастанд. Инҳо метавонанд доираҳое бошанд, ки берун аз кишвар қарор доранд, ки мехоҳанд авзоъро ба ҳам зананд ва ҳамчунин чунин доираҳо ҳатто метавонанд, ки дар дохили ҳуқумат бошанд."
Оқои Кабирӣ мӯътақид аст, ҳуқумат яктан ва якҷинс набуда ва бархе аз гурӯҳҳое дар он вуҷуд дорад, ки барои исботи муҳимм будани ҷойгоҳи худ дар миёни мақомот ва давлат, ниёз ба нооромии авзоъ доранд.
Ин дар ҳолест, ки оқои Кабирӣ мегӯяд, ки бидуни ин ҳам муносибатҳои миёни ин ҳизб ва давлат дар солҳои ахир чандон соддаву ҳамвор набудааст.
Оқои Кабирӣ аз мақомот даъват кард, ки дар қиболи ҳодисаи ахири латукӯби муъовини ҳизб ва қазияҳои дигари саркуб шудани хабарнигорон ва афроди алоҳида дар ин кишвар бетафовут набошанд.
Раҳбарияти ҲНИТ ҳамчунин аз афзоиши сатҳи ҷароим дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда ва намояндагони ҳизб дар порлумон пешниҳод кардаанд, ки вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар мавриди вазъи ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон ба порлумон гузориш диҳад.
Муҳиддин Кабирӣ, ҳамчунин дар нишасти имрӯзи ҲНИТ аз он изҳори таассуф кард, ки баъд аз соли 1997, яъне имзои созишномаи сулҳ руҳияие, ки дар кишвар танинандоз будааст, аз миён рафтааст.
Оқои Кабирӣ ҳамчунин аз афзоиши таҳдиду фишорҳо ва эҷоди маҳдудият барои аъзои ин ҳизб барои баргузории ҷаласоти он дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард. Вай мегӯяд, ки дар бархе аз манотиқ дар натиҷаи фишор аъзоёни ҳизб бо навиштани ариза аз узвияти ҳизб канорагирӣ мекунанд.
Оқои Кабирӣ афзуд, ки танҳо дар моҳи марти соли равон ҳудуди 100 нафар аз аъзои ҲНИТ узвият дар ҳизбро тарк карданд, аммо беш аз 400 нафар, ки умдатан ҷавонон будаанд, довталаболна ба узвияти ин ҳизб пайвастаанд.
Ҳарчанд бархе аз мақомоти давлатӣ сиҳат будани шумори аъзои ҲНИТ-ро зери суол мебаранд, вале масъулони он мегӯяд, ки шумори аъзои ин ҳизб дар соли 2012 то ба 41 ҳазор нафар расидааст.
ҲНИТ дар ҳоле ҳамла ба яке аз раҳбарони аршадашро маҳкум кардааст, ки дӯ рӯзи қабл Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch бо пахши баёния аз латукӯб шудани як аъзои ҳизби мухолифи давлат дар Тоҷикистон шадидан интиқод кардааст.
Ин созмон дар баёния навиштааст, ки мақомоти Тоҷикистон бояд ба таври оҷил ва комил баррасии ин ҳодисаро анҷом диҳанд.
Ин созмон ҳамчунин аз мақомоти давлатӣ даъват кардааст, ки фаъъолиятҳои ҳизбии озод, аз ҷумла баргузории ҷаласот ва озодбаёниро барои ҳамаи аҳзоби мухолиф дар ин кишвар дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар тирамоҳи соли ҷорӣ фароҳам кунанд.
Як масъули ин созмон гуфтааст, ки мақомоти тоҷик бояд ба таври оҷил афроди мазнун дар ин амалро боздошт ва ҳуввияти онҳоро ифшо кунанд.
Созмони байналмилалии Хонаи Озодӣ (Freedom House) низ бо пахши як баёния аз давлати Тоҷикистон хостори таҳқиқи мунсифона ва бидуни табъизи ҳодисаи ҳамла ба муъовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ дар Душанбе шуда буд.
