Ҳадафи ИНИТ 'таъсиси давлати демукротики дунявӣ аст'

Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳталаби Тоҷикистон (ИНИТ), ки ташаккуле тоза аз аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолифи давлати ин кишвар аст, бо тасвиби Консепсиюни пешазинтихоботии худ дар чаласаи рӯзи 24-уми август бар сари нукоти калидии барномаи номзади ягонаи мухолифини кишвар тавофуқ карданд.
Ин консепсиюн дастури аслӣ барои таҳияи барномаи интихоботии намзади ягонаи мухолифони давлати Тоҷикистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии поизи соли ҷорӣ хоҳад буд.
Раҳбари ҳизби сусиол-демукроти Тоҷикистон гуфт, ки номзади ягона то поёни моҳи ҷорӣ мушаххас шуда ва дар анҷуманҳои ҳизби сусиол-лемукрот ва наҳзати исломии Тоҷикистон дар 17-уми сентябр таъйид хоҳад шуд.
Коре ки то ҳоло аз сӯйи ИНИТ ба анҷом расид, таҳияи усулҳои асосӣ барои ончи тағйири низоми худкома ба низоми демукротики порлумонӣ хонда мешавад, аст.
Ин тағйирот, ки дар бахши аввали консепсиюни мавриди назар дарҷ шуда қабл аз ҳама тағйироти Қонуни асосиро барои тақсими ҳукумат миёни раиси ҷумҳурӣ, ҳукумати иҷроия ва порлумон ва гузор ба низоми порлумонии якпалатагиро дар назар дорад.
Раҳматилло Зоиров, раҳбари ҳизби сусиол-демукроти Тоҷикистон гуфт, ки тибқи ин консепсиюн, дар сурати ба қудрат расидани номзади ягонаи мухолифон ба ҳукумат, низоми порлмони якпалатаӣ дар кишвар роҳандозӣ шуда ва шумори вакилон дар он бештар хоҳад шуд.
Ба гуфтаи ӯ мақомоти маҳаллӣ дар шаҳру навоҳӣ, қуззоти марҳилаҳои мухталифи додгоҳ ва раиси Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз роҳи интихоб ба симматҳои худ таъйин хоҳанд шуд.
Оқои Зоиров гуфт, ки бархеҳо назари иштибоҳе дар мавриди аҳдофи ИНИТ дошта ва мегӯянд, ки чун бахши муҳимме аз ин иттиҳодро ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ташкил медиҳад, ин ҳизб низоми сиёсӣ дар кишварро ба исломӣ тағйир хоҳад дод.
Оқои Зоиров дар посух ба ин иддаъоҳо гуфт: “Ин тавр нест. Консепсиюн ҳомии як низоми демукротик ва дунявӣ аст. Ин консепсиюн албатто бар мабнои усулҳои таҳаммулпазирӣ ва бисёрандешӣ ё плурализмӣ сиёсӣ ва идиюлужик таҳия шудааст. Зеро таъмини озодиҳои мухталифи мазҳабӣ, соҳибкорӣ, фикру андеша, озодиҳои инсон ва озодии баён аз рукнҳои асосии ҷомеъаи демукротик ҳастанд.”
Дар ҳар сурат бар асоси консепсиюни тасвибшуда дар ҷаласаи рӯзи шанбе яке аз ӯҳдадориҳои аслии номзади ягонаи ИНИТ ин хоҳад буд, ки ӯ дар сурати пирӯзиаш тағйироти калидиро дар Қонуни асосӣ барои лағви салоҳияти ҳафтсолаи раисҷумҳурӣ анҷом дода ва дар муддати чаҳор сол шароит барои баргузории интихоботи ҷадиди раёсати ҷумҳурӣ ва порлумони кишварро фароҳам кунад.
Ин номзад дар сурати пирӯзиаш, раисиҷумҳурии “ҳукумати гузор” хоҳад буд ва нахоҳад тавонист дар интихоботи баъдии раёсати ҷумҳурӣ ширкат кунад.
Ба ҷуз ин, тибқи барномаи қабулшуда аз сӯйи ИНИТ дар “ҳукумати гузор”, ки ҳукумати технократҳо унвон шуда, ҳизби ҳоким наметавонад, беш аз даҳдарсади мақомоти давлатиро бар ӯҳда дошта бошад ва дар маҷмӯъ аҳзоби сиёсӣ ҳудуди чиҳил дарсади мақомоти давлатро таъсис хоҳанд дод.
Ба гуфтаи Раҳматилло Зоиров шастдарсади мансабҳо ба муттахасисон аз ҷумлаи шаҳрвандони шоистаи кишвар ишғол хоҳад шуд.
ИНИТ дар консепсиюни худ таъкид кардааст, ки дар интихоби кодрҳо барои ташкили ҳукумат мехоҳанд, ки занҳо ҳадди ақал 25 дарсади ин мақомҳоро дошта бошанд.
Таҳиягарони консепсиюни пешазинтихоботӣ гуфтанд, ки ҳудуди 550 нафар аз намояндагони ҷомеъаи мадании Тоҷикистон ва шаҳрвандони ин кишвар дар хориҷа пешниҳодҳои худро дар тӯли се рӯзи ба ИНИТ ирсол кардаанд, ки пешниҳодҳои онҳо аз сӯйи гурӯҳи кории ИНИТ баррасӣ шуд. Ба ҷуз ин, 7 консепсиюни олтернативӣ таҳия ва пешниҳод шуда ва дар маҷмӯъ пешниҳодҳои ирсолшуда ба ин ташаккул беш аз 100 саҳифаи роёнаиро ташкил додааст.
Таҳиякунандагони консепсиюни батасвибрасида гуфтанд, ки ҷой додани ҳамаи пешниҳодҳо дар барнома номумкин буд, аммо ҳадафи аксарияти ин пешниҳодҳо муштарак буда ва дар маҷмӯъ дар консепсиюн инъикос шудааст.
Бо ин ҳама, таҳлилгарон барномаи ислоҳотии ИНИТ-ро "ормонгароёна" мехонанд. Ин тағйирот дар гарави пирӯзии номзади мухолифон дар интихоботи моҳи ноябр аст, аммо баъид ба назар мерасад, ки давлат бо имконоти идорӣ ва молие, ки дар ихтиёр дорад, иҷоза бидиҳад, ки номзади мухолифон дар интихоботи оянда пирӯз шавад.
