Зоиров: 'Путин дар мавриди ҳимоят аз номзадии Раҳмон дудила аст'

  • 2 Август, 2013
Путин
Image caption Сусиёл-демукротҳои Тоҷикистон бар ин боваранд, ки Путин то ҳоло дар робита бо ҳимоят аз Раҳмон дар интихобот “дудила” аст

Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, мегӯяд, ки мулоқоти раиси ҷумҳурии Русия бо Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷикаш, ҳанӯз ба маънои тарафдории оқои Путин аз оқои Раҳмон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон нест.

Расонаҳо ва таҳлилгарони сиёсӣ дар бораи таваққуъот ва аҳдофи мулоқоти ахири Владимир Путин бо Эмолмалӣ Раҳмон, руасои ҷумҳури ду кишвар, навиштаанду гуфтаанд, аммо натоиҷи ин сафар ба интизороти умумии қаблан матраҳшуда чи андоза ҳамхон аст?

Раҳбарон ва фаъъолони аҳзоби мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар ин бора назароти мутафовите доштаанд.

Ҳикматулло Сайфуллозода, узви аршади Ҳизби наҳзати исломӣ, мегӯяд, ҳарчанд натоиҷи ин сафар ба сурати ошкор рӯшан нест, аммо “таҳлилҳо нишон медиҳад, ки оқои Раҳмон ҳимояти Путинро касб кардааст”. Ӯ мегӯяд: “Даъвати Раҳмон ба Маскав паёме ноошкор дар бораи пуштибонии Маскав аз Раҳмон буд. Барои Путин зарурӣ нест ошкор ин ҳарфро бигӯяд, ки ӯ тарафдори Раҳмон аст. Ишораҳое ки шуданд, кофӣ ҳастанд.”

Аммо сусиёл-демукротҳо ба ин боваранд, ки Кремлин ҳанӯз дар робита бо номзадии Раҳмон “дудила” аст. Раҳматилло Зойиров, раҳбари ин ҳизб мегӯяд: “Путин дарк мекунад ва Кремлин медонад, ки Раҳмон дигар ҳаққи гузоштани номзадияш ба интихоботро надорад. Путин дидаю дониста то ҳоло ҳеҷ изҳори ақида намекунад. Вай дудила аст. Пештар байни Раҳмон ва Путин ва Раҳмон бо Медведев саркашиҳо гузаштааст. Путин калавиданҳои Раҳмонро ба ёд дорад.”

Дар ин миён, Додоҷони Атовулло, раҳбари ҷунбиши “Ватандор” ва аз мунтақидони сарсахти оқои Раҳмон дар хориҷ аз кишвар, мулоқоти Путин бо Раҳмонро ба муъомилоти тиҷорӣ ташбеҳ карда ва мегӯяд: “Сафари ахири Рахмон ба Маскав гувоҳи он буд, ки ҳукумати имрӯз омода аст ба ивази боқӣ мондан дар қудрат ҳамаро бифурӯшад.”

Ба эътиқоди ӯ, Русия дар овардани Эмомалӣ Раҳмон ба қудрат дар Тоҷикистон дар даҳаи 1990 нақши калидӣ дошта ва барои боқӣ мондани ӯ дар қудрат дар ҷараёни интихоботҳои раёсати ҷумҳурии ин кишвар таъсиргузор будааст.

Ҳукумати Раҳмон низ Русияро пайваста шарики истротежики худ хонда ва дар соли гузашта дар бораи тамдиди ҳузури низомии ин кишвар дар Тоҷикистон барои сӣ соли оянда тавофуқ кард.

Пас аз мулоқот бо Владимир Путин дар Маскав дар рӯзи 1-уми август, Эмомалӣ Раҳмон эълом дошт, ки порлумони кишвараш ин мувофиқатномаро пас аз бозгашт аз мураххасӣ, яъне то замони баргузории интихоботи соли ҷорӣ дар кишвар, ба тасвиб хоҳад расонд.

Додоҷони Атовулло ин амрро чизе ҷуз ришва барои касби ҳимояти Путин аз Раҳмон намедонад. Ӯ мегӯяд: “Сӣ сол ин даҳшат аст. Кӣ кафолат медиҳад, ки фардо нафаре чун Жирновский ба қудрат намеояд ва бо қудрате, ки артиши 201 дар Тоҷикистони бемор ва бемадор дорад, ин кишварро ба як губернияи Русия табдил намедиҳад?”

Мунтақидони дигари оқои Раҳмон, аз ҷумла Ҳикматулло Сайфуллозода, таҳлилгари аршади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, низ ин тавофуқро “ғайримантиқӣ” мехонанд.

Оқои Сайфуллозода мегӯяд: “Чунин тавофуқ барои як кишвари соҳибистиқлол мантиқӣ нест. Кӯ он кафолат, ки оқои Раҳмон 30 соли дигар дар қудрат боқӣ мемонад? Касе дигар ояд, мавқеъгириҳои дигар сурат мегиранд. Мо намегуем, ки нерӯҳои русӣ ҳатман аз кишвар ҳамин шабу рӯз хориҷ шаванд. Агар зарурат вуҷуд дорад, ҳеҷ нерӯе бо дарназардошти фарҳанги муносибатҳои давлатдорие, ки аз қабл бо Русия дорем, ҳеч нерӯи дигаре наметавонад дар инҷо ҳузур пайдо кунад, вале бо шарту шароит ва муддати хосси худаш.”

Шояд чунин мавзеъгириҳо ё шарҳи чунин мавзеъгириҳо оқои Путинро, ки зоҳиран нақши умдае дар интихоби раиси ҷумҳури Тоҷикистон дорад, ба боқӣ мондани Эмомалӣ Раҳмон дар қудрат дар Тоҷикистон алоқаманд мекунад. Зеро, ба гуфтаи Раҳматилло Зойиров, мушовирони раисҷумҳури Русия мегӯянд “Раҳмонро ба мисли панҷаи худ хуб мешиносанд, вале мухолифони ӯро на.”

Оқои Зойиров дар ин бора меафзояд: “Путин мухолифони ҳукумати Раҳмонро намешиносад, зеро мушовиронаш ва сафораташ хабарҳоро ба ӯ нодуруст мерасонанд.”

Аммо мавқеъи раҳбари сусиёл-демукротҳои Тоҷикистон дар қиболи пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон, мавзӯъи калидӣ барои Русия, шаффоф аст - ӯ мегӯяд, мувофиқатнома танҳо ба суди Русия аст ва бояд таҷдиди назар шавад.

Оқои Зойиров бо таъкид ба ин, ки оқои Путин дар мавриди мавзеъгирии мухолифони ҳукумати Раҳмон ошноии хуб надорад, афзуд: “Онҳо, мушовирони Путин, ба ӯ мегӯянд, ки ҲНИТ ё Зойиров ҷонибдорони намояндагони Омрико мебошанд, ё ҷонибдорони инқилобҳои рангин. Аммо ин тавр нест. Мо тарафдори манофеъи Тоҷикистон ҳастем. Онҳо моро намешиносанд.”

Оқои Зойиров қатъи равобити ҳасанаи сафорати Русия дар Тоҷикистон бо намояндагони мухолифони давлат аз соли 2009-ум бад-ин сӯро далели ин иддаъо хонд.

Ин иддаъо дар ҳоле матраҳ мешавад, ки раиси ҷумҳури Русия Юрий Попов, сафираш дар Душанберо аз симаташ барканор карда ва Игор Лякин-Фроловро, ки то ҳоло намояндаи Русия дар Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ буд, сафири ҷадиди Русия дар Тоҷикистон таъйин кардааст.

Хабари интисоби ӯ рӯзи 2 август, як рӯз пас аз мулоқоти оқоён Раҳмон ва Путин дар Маскав эълом шуда ва шарҳе дар мавриди ин тасмим интишор наёфтааст.

Матолиби муртабит