Раҳмон: Тавофуқнома дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи Русия пойиз тасвиб хоҳад шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон пас аз дидору мулоқот бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар Маскав гуфтааст, пойизи имсол порлумони кишвараш тавофуқнома дар бораи идомаи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро тасвиб хоҳад кард.
Дар ин бора хабаргузории ИТАР ТАССи Русия хабар додааст.
Ин хабаргузорӣ суханони оқои Раҳмонро оварда, ки гуфтааст: "Бархурди мо бо ин мавзуъ ниҳоят ҷиддӣ аст ва мо қотеъона мусаммам ҳастем таъаҳҳудотеро, ки ба уҳда гирифтаем, иҷро кунем. Аз ин рӯ бо ҳалли масоиле, ки бо ҳам муртабит ҳастанд ва пас аз поёни замони таътилии кори порлумон ин мавзуъ пойизи соли чорӣ ҳалли худро хоҳад ёфт."
Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия, ки дар музокироти ҳайатҳои Русия ва Тоҷикистон ширкат дошта, ба хабарнигорон гуфтааст, умедвор аст, ки ин тавофуқнома дар наздиктарин нишасти порлумони Тоҷикистон дар пойизи соли ҷорӣ тасвиб шавад.
Хабаргузории ИТАР ТАССи Русия гузориш додааст, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба вазири дифоъи ин кишвар дастур додааст, ки бо назардошти хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар соли 2014 хатароти эҳтимолӣ барои пойгоҳи Русия дар Тоҷикистонро баррасӣ кунад.
Оқои Шойгу гуфтааст Русия барои навсозии таҷҳизоти артиши Тоҷикистон то соли 2025 ҳудуди 200 миллиюн дулор тахсис хоҳад дод, ки қарор бахше аз ин маблағ дар солҳои 2014 ва 2015 тахсис дода шавад.
Мулоқоти ғайрирасмии руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Русия дар қароргоҳи Владимир Путин дар наздикии Маскав оғоз шуд.
Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, қабл аз оғози ин мулоқот дар ҳузури хабарнигорон равобити миёни Тоҷикистон ва Русияро "тавсеъаёфта ва гоногунранг" унвон кард.
Ӯ гуфт: "Муносиботи мо хеле тавсеъаёфта ва гуногунранг аст, аммо ба бархе аз масоил бояд таваҷҷуҳи вижа дошта бошем ва ба фикрам, ин ба масоили байналмилалӣ бастагӣ дорад."
Эмомалӣ Раҳмон дар оғози ин мулоқот гуфт, ки ҳамеша аз нақши иқтисодии Русия дар Тоҷикистон дар канори ҳамкориҳо дар умури низомӣ ва энержӣ бо ин кишвар истиқбол мекунад.
Аммо оқои Путин таъкид кардааст, ки табодули коло миёни ду кишвар дар ним соли ҷорӣ "андак коҳиш ёфтааст."
Оқои Путин ҳамчунин гуфтааст: "Хушҳолам, ки Русия шарики шумораи яки тиҷоратӣ ва иқтисодӣ боқӣ мемонад. Русия ҳамчунин дар заминаи сармоягузорӣ бо маблағи 1.5 милиёрд дулор дар ҷойи аввал меистад."
Ӯ афзудааст, ки миёни ду кишвар ҳамкориҳои низомӣ, дифоъӣ, амниятӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоъӣ идома дорад.
Оқои Путин таъкид кард, ки аз 4.7 ҳазор донишҷӯи тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Русия, 500 нафар аз ҳисоби будҷеи давлат таҳсил мекунанд.
Тибқи гузоришҳои расида аз Маскав, Эмомалӣ Раҳмон ба ҷуз аз тақдир аз ҳамкориҳои иқтисодӣ ва низомиву энержии Русия бо Тоҷикистон ӯ гуфтааст: "Муҳим аст, ки масоили марбут ба муҳоҷирати корӣ... воридоти маводди сӯхтии Русия ба Тоҷикистонро баррасӣ кунем. Фикр мекунам, ин мулоқот барои баррасии ҳамаи ин масоил ва чашмандозе ба оянда фурсати хубест."
Ин дар ҳолест, ки нозирон мегӯянд, ки оқои Раҳмон як рӯз қабл бо ҳайъате аз мақомоти баландпояи Тоҷикистон ба дунболи касби ҳимояти Владимир Путин, ҳамтои русаш, дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон вориди Маскав шуд.
Қаблан эълом шуда буд, ки дар барномаи мулоқоти сарони ду кишвари Тоҷикистон ва Русия баррасии масоили марбут ба тавофуқоти бадастомада дар ҷараёни дидори Путин аз Душанбе дар моҳи октябри соли гузашта аст.
Яке аз мувофиқатномаҳои умдаи он мулоқот тавофуқот дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон аст. Мувофиқатномае, ки намояндагони порлумони Русия онро дар моҳи майи соли ҷорӣ ба тасвиб расонда, аммо ҳамтоёни тоҷикашон ҳанӯз ба баррасии он оғоз накардаанд.
Ин амр ба гуфтаи таҳлилгарон, боъиси озурдагии оқои Путин аз ҳамтои тоҷикаш шудааст.
Коршиносон гуфтаанд, ки ба эҳтимоли зиёд дар мулоқоти имрӯз оқои Раҳмон дар ивази замонати ҳимояти оқои Путин аз ӯ дар интихоботи қарибулвуқуъ, ба ҳамтои руси худ дар бораи тасвиби ин санад дар Тоҷикистон, замонат хоҳад дод.
Русия мехоҳад бидуни пардохти ҳеч қимате пойгоҳи худро барои се даҳаи дигар дар хоки Тоҷикистон мустақар кунад, аммо мақомоти тоҷик аз эҳтимоли бурузи норизоятиҳои густарда дар ин маврид нигаронанд.
Аз сӯйи дигар, оқои Раҳмон моил нест аз Маскав бо дасти холӣ ба Тоҷикистон баргардад. Ӯ ҳамчунин умедвор аст Русия ба тарҳҳои энержии Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад. Эҳтимолан ҳузури Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноъати Тоҷикистон дар ҳайати ҳамроҳи раисҷумҳур ба Маскав ба ҳамин ҳадаф аст.
Оқои Раҳмонро дар ин сафар ҳамчунин Эркин Раҳматтуллоев, мушовири ӯ дар умури сиёсати хориҷӣ, Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъ, Шариф Раҳимзода, вазири иқтисод, ҳамроҳӣ мекунанд.
Чизе ки ба назар мармуз мерасад адами ҳузури Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон дар таркиби ҳайати ҳамроҳони раҳбари Тоҷикистон аст.
Ин ҳайъат шомили Сайфулло Девонаев, раиси Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон ва мақомоти дигари давлатӣ низ ҳаст, ки ба манзури баррасии масоили марбут ба шароити кору зиндагии беш аз як милюн муҳоҷири кории тоҷик дар Русия аст.
Бо ин ҳама, муҳиммтарин ҳадафе, ки оқои Раҳмон дар ин сафар дунбол мекунад, ба эътиқоди таҳлилгарон, имкони касби ҳимояти Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, аз номзадии ӯ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли ҷорӣ аст.
Таҳлилгарон мегӯянд, ки оқои Раҳмонро дар авоили даҳаи 1990 Русия ба қудрат расонда ва ҳимояти Маскав аз ӯ пирӯзии ӯ дар се даври ояндаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишварро замонат дода буд.
Бо ин ки то замони интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон се моҳ боқӣ мемонад, оқои Раҳмон то ҳоло эълом накардааст, ки номзадиашро дар ин интихобот хоҳад гузошт. Коршиносон мегӯянд, оқои Раҳмон ин корро пас аз касби ҳимояти Русия дар ин замина хоҳад кард.
