Дидори Раҳмон ва Остин: Баррасии кумакҳои Омрико пас аз 2014

Рӯзи сешанбеи 30-юми июл Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, бо женерол Луйд Ҷеймз Остин, фармондеҳи Фармондеҳии марказии артиши Омрико, дар Душанбе мулоқот кард.
Оқои Раҳмон ва женерол Остин дар ин мулоқот мавзӯъи кумакҳои фаннӣ ва молии Омрико ба бахши дифоъӣ ва амниятии Тоҷикистон пас аз хурӯҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистонро баррасӣ кардаанд.
Бино ба иттилоъи расмӣ, дар мулоқоти оқои Раҳмон бо ин женероли баландрутбаи омрикоӣ ҳамчунин ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои дифоъӣ ва амниятӣ ба манзури ҳифзи субот дар минтақа матраҳ шудааст.
Дар гузориши сойти расмии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ин мулоқот омадааст: "Гуфтугӯйи судманд доир ба дастгирии минбаъдаи моддию техникии (фаннии) воҳидҳои низомӣ ва махсуси Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯҳои сарҳадии (марзбонии) кишвар барои пурзӯр намудани ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон, хусусан пас аз соли 2014, сурат гирифт."
Бино ба навиштаи ин сойт ҷонибҳо "ҳамгироии" бахшҳои дифоъӣ ва амниятии ду кишварро, ки то ҳоло "ба манзури таҳқим бахшидан ба субот дар Афғонистон ва пешгирӣ аз паҳншавии терурисму ифротгароӣ" сурат гирифтааст, мусбат арзёбӣ карда ва ба идомаи ҳамкориҳои "дуҷониба ва судманд" дар ин замина таъкид карданд.
Манобеъи сафорати Омрико дар Тоҷикистон рӯзи душанбе гуфта буданд, ки сафари женерол Луйд Ҷеймз Остин ба Тоҷикистон дар чорчӯби барномаи вижаи ошноии ӯ бо вазъи минтақаи Осиёи Миёна сурат мегирад.
Ӯ ҳафтаи гузашта бо мақомоти вазорати хориҷаи Узбакистон низ мулоқоте анҷом дода ва тибқи гузоришҳои расида аз Тошканд, дар ин мулоқот низ вазъи сиёсӣ ва амниятӣ дар Афғонистон дар меҳвари гуфтугӯҳои ӯ бо мақомоти узбак қарор доштааст.
Интизор меравад ин женероли баландрутбаи омрикоӣ бо Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон, низ мулоқот кунад.
Таъмини амният пас аз 2014
Женерол Луйд Ҷеймз Остин яке аз мақомоти низомии Омрикост, ки ҳушдор додааст, кишварҳои Осиёи Миёна пас аз хурӯҷи нерӯҳои байналмилаллӣ аз минтақа бо хатароти ношӣ аз фаъъолияти гурӯҳҳои ифротгаро, аз ҷумла Ҳаракати Исломии Узбакистон, рӯбарӯ мешаванд.
Мавзӯъи ташаннуҷи авзоъ дар кишварҳои ҳамсоя бо Афғонистон пас аз хурӯҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз он кишвар дар соли 2014 аз мавзӯъи доғе дар маҳофили сиёсии кишварҳои минтақа тайи як соли ахир аст.
Мақомоти кишварҳои Осиёи Миёна ин мавзӯъро пайваста дар музокирот ва дидорҳои худ бо намояндагони кишварҳои ғарбӣ матраҳ кардаанд, то кумакҳои ҳарчи бештаре аз онҳо дарёфт кунанд.
Аз ҷумла, мақомоти интизомии Тоҷикистон борҳо дар дидорҳои худ бо ҳамтоёни ғарбиашон таъкид кардаанд, ки нерӯҳои марзбонӣ ва интизомии ин кишвар дар заминаи мубориза бо қочоқи маводди мухаддир, терурисми байналмилалӣ ва ифротгароӣ ба кумакҳои фаннӣ ва омӯзишӣ ниёз доранд.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон низ борҳо ба ниёзи ин кишвар ба кумакҳои фаннӣ ва молии ҷомеъаи байналмилалӣ барои ҳифзи марзҳои худ бо Афғонистон таъкид кардааст, зеро ба гуфтаи ӯ ҳифозат аз марзи Тоҷикистон ва Афғонистон "гарави амнияти тамоми минтақа, Русия ва Урупо аз хатари терурисми байналмилалӣ, ифротгароӣ, маводди мухаддир, аслиҳа ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ аст."
Дидор бо Путин пас аз ду рӯз
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармондеҳи Фармондеҳии марказии Омрико дар ҳоле дидор мекунад, ки ду рӯз баъд ба Маскав ба дидори Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, хоҳад рафт.
Нозирон мегӯянд, ки бо дарназардошти сиёсатҳои жиюпулитики абарқудратҳо дар Осиёи Миёна мулоқоти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти баландпояи омрикоӣ тайи солҳои ахир пайваста дар фосилаи андаке бо дидорҳояш бо мақомоти рус сурат гирифтааст.
Равобити миёни Кремлин ва ҳукумати Раҳмон тайи солҳои ахир ҳамвор набудааст, ҳарчанд Душанбе ҳамеша Маскавро шарики истротежик мехонад.
Ҳарчанд яке аз ёригарони аслии Тоҷикистон дар бахши дифоъӣ, бахусус дар омода кардани кодрҳои низомӣ, Русия будааст, аммо Омрико ҳамеша кумакҳои молӣ ва фаннии худро ба Тоҷикистон дар ин замина ироа кардааст.
Ин кишвар аз соли 1992 то соли 2010 барои беҳбуди шароити фаъъолияти бахши интизомӣ ва марзбонӣ ва мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон беш аз 44 милюн дулор кумак кардааст.
