Луйд Остин, фармондеҳи омрикоӣ вориди Душанбе шуд

Манобеъи сафорати Омрико дар Тоҷикистон гуфтанд, ки имрӯз, душанбеи 29-уми июл Женерол Луйд Ҷеймз Остин, фармондеҳи Фармондеҳии марказии артиши Омрико, вориди Душанбе шуд.
Қарор аст ӯ фардо, 30 июл дар Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кунад. Ҳумчунин интизор меравад, ки дар ҷараёни ин сафар оқои Остин бо Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон низ мулоқот анҷом бидиҳад.
Бино ба иттилоъи ин манбаъ ин сафари женерол Луйд Ҷеймз Остин ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби барномаи вижаи ошноӣ бо вазъи минтақаи Осиёи Миёна сурат мегирад.
Рӯзи 25-уми июл расонаҳо аз мулоқоти ин женероли баландрутбаи омрикоӣ бо мақомоти вазорати хориҷаи Ӯзбакистон гузориш дода буданд.
Аммо рӯзи 27-уми июл женерол Остин бо Муҳаммад Шариф Ёфталӣ, сартипи дуи Артиши Миллии Афғонистон дар вилояти Пактиё дидору гуфтугӯ кард.
Бино ба гузориши расмӣ дар ин мулоқот мавзӯъоти марбут ба чолишҳои пеширӯ дар минтақа пас аз хуруҷи нерӯҳои НОТУ аз Афғонистон баррасӣ шуд.
Интизор меравад дар ҷараёни мулоқоти женероли болорутбаи омрикоӣ бо оқои Раҳмон низ ҳамин мавзӯъ баррасӣ шавад.
Женерол Луйд Ҷеймз Остин қабл аз он ки дар моҳи марти соли ҷорӣ фармондеҳии Ситоди Марказии Артиши Омрикоро бар ӯҳда гирифт, ҳушдор дода буд, ки кишварҳои Осиёи Миёна пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилаллӣ аз минтақа бо хатароти ношӣ аз фаъъолиятҳои гурӯҳҳои ифротгаро, аз ҷумла созмони Ҳаракати Исломии Узбакистон, ки ба гуфтаи ӯ "аз дохили кишварҳои Осиёи Миёна фаъъолият анҷом медиҳанд" рӯбарӯ мешавад.
Тибқи гузоришҳои расида аз Тошканд, дар мулоқоти женерол Остин бо мақомоти вазорати хориҷаи Ӯзбакистон дар охири ҳафтаи гузашта низ дар канори баррасии равобити миёни ду кишвар, вазъи сиёсӣ ва амниятӣ дар Афғонистон дар маркази таваҷҷӯҳи тарафҳо будааст.
Мулоқоти як низомии болорутбаи омрикоӣ бо мақомоти минтақа дар ҳолест, ки раҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна мукарраран мавзӯъи амнияти минтақаро пас аз хуруҷи нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ алайҳи террурисм дар Афғонистон дар маҳофили сиёсӣ матраҳ кардаанд.
Аз ҷумла раиси ҷумҳури Тоҷикистон борҳо ба ниёзи ин кишвар ба кумакҳои фаннӣ ва молии ҷомеъаи байналмилалӣ дар ҳифзи марзҳои худ бо Афғонистон таъкид мекунад, зеро ба гуфтаи ӯ ҳифозат аз марзи Тоҷикистон ва Афғонистон "гарави амнияти тамоми минтақа, Русия ва Урупо аз хатари терурисми байналмилалӣ, ифротгароӣ, маводди мухаддир, аслиҳа ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ аст."
