Ҳамоиши 'сулҳи тоҷикон' ва интиқоди The Economist аз Раҳмон

  • 5 Июл, 2013
Image caption Нашрияҳои "Независимая газета"-и Русия ва "The Economist"-и Бритониё аз эҳтимоли нооромиҳо дар Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд

Имрӯз, 5-уми июл дар дафтари “Федеросиюни сулҳу ризоят” дар Маскав бо ширкати коршиносон ва суфарои кишварҳои Осиёи Миёна конфаронси “Тоҷикистон ба сӯйи сулҳ ва ризоят” баргузор мешавад.

Бино ба иттилоъи “Федеросиюни сулҳу ризоят” баргузоркунандаи ин ҳамоиш “Анҷумани ҳуқуқи инсон” дар Русия аст ва дар он ширкаткунандагон панҷ мавзӯъро баррасӣ хоҳанд кард:

(1) “Вазъи кунунӣ дар Тоҷикистон дар пасманзари “баҳори арабӣ”, (2) “Сулҳ ҳаст, аммо ризоят миёни тарафайн вуҷуд дорад?” (3) Сулҳе, ки дар соли 1997 дастрас шуд то куҷо қавӣ аст? Оё омилҳое, ки ҳаводиси 1992-ро такрор кунанд вуҷуд доранд?”, (4) “Оё таҷрибаи сулҳи тоҷикон метавонад муделе барои ҳалли масоили мушобеҳ дар минтақа бошад?” ва (5) “Тоҷикистонро чӣ интизор аст?”.

Дар ин ҳамоиш аз Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонозода, рӯҳонии бонуфуз дар ин кишвар ва муъовини раҳбари Иттиҳоди Мухолифони пешин ширкат хоҳанд кард.

Бино ба иттилоъи “Федеросиюни сулҳу ризоят” қарор аст, дар ин ҷаласа, натанҳо суфарои ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна, балки сафирони Эрон ва Афғонистон низ ҳузур дошта бошанд.

Анатолий Адамишин, муъовини вақти вазири хориҷаи Русия, ки дар ҷараёни музокироти сулҳи Тоҷикистон ширкат дошт, ба ин конфаронс даъват шудааст.

“Барои Раҳмон ҷонишин мекобанд”

Расонаҳои мухталиф, аз ҷумла расонаҳои Русия интизороти мухталиферо аз натоиҷи ин ҳамоиш гузориш кардаанд.

Аз ҷумла “Независимая газета”, дар матлабе таҳти унвони “Барои Раҳмон ҷонишин мекобанд” менависад, ки намояндагони мухолифони давлати Тоҷикистон ба Маскав омадаанд, “то дар шароити роҳаттар вазъи суратгирифта дар Тоҷикистонро баррасӣ кунанд.”

Ин рӯзнома менависад, ки “Дар солҳои ахир давлати Тоҷикистон машғули нақзи шароити асосии мувофиқатномаи сулҳ будааст. Раҳбарони мухолифон таъқиб мешаванд ва гуногунфикрӣ саркуб мешавад.” Рӯзнома аз ҷумла меафзояд: “Ба назар мерасад, ки давлат аз эътирозҳо сахт бим дорад, аммо дар айни ҳол, ҳамаи гомҳоеро, ки ба бурузи эътирозҳо мунҷар шавад, анҷом медиҳад.”

Мусоҳибони ин рӯзнома гуфтаанд, ки чунин вазъ дар натиҷаи тасмимҳои афроди “ғайриҳирфаӣ, ғайридурандеш ва кундзеҳн дар ҳамаи арсаҳо” ба вуҷуд омадааст.

Аҷар Куртов, коршиноси Маркази мутолеъоти истротежики Русия ба нашрия гуфта, ки “Набояд дар Тоҷикистон мунтазири такрори баҳори арабӣ шуд.” Ӯ муътақид аст, ки “интихобкунандаи тоҷик дар замони интихобот хомӯшона раъй медиҳад ва дар ҷараёни таблиғоти интихоботӣ ё дар сурати норозигӣ аз натоиҷи интихобот, маъмулан садо баланд намекунад.”

The economist: Хиштҳои дар ҳоли уфт

Дар ҳоле, ки дар Маскав вазъи сиёсии Тоҷикистон бо ширкати раҳбари ҳизби умдаи мухолифи давлати ин кишвар баррасӣ мешавад, маҷаллаи бритониёии The Economist, яке аз ҳафтаворҳои бонуфуз, дар матлабе таҳти унвони “Саркӯбӣ дар Тоҷикистон: Хиштҳои дар ҳоли уфт” шиддати саркуби мухолифони ҳукумат дар Тоҷикистонро “бесобиқа” мехонад.

Муаллифи ин матлаб аз онҷо шурӯъ карда, ки мегӯяд вақте ҷашни арӯсии раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар интернет пайдо шуд, давлат ба ҷойи истиқбол аз ҷанбаъи инсонии шахси раиси ҷумҳурӣ Youtube-ро баст ва ба бозпурсии филмбардорони ҷашни арӯсӣ пардохт.

Дар мақола мехонем: “Ин танҳо иштибоҳи оқои Раҳмон нест, бо наздик омадани замони интихоботи ҷадиди раёсати ҷумҳурӣ, рафтори ин мард дар 21-умин соли ҳукуматаш ба сурати афзоянда нигаронкунанда ба назар мерасад.”

Мақола иддаъо дорад, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ шоҳиди интихоботи шаффоф набудааст, “аммо дар соли ҷорӣ интиқомҷӯии давлат аз мунтақидонаш бавижа хасмона будааст.”

Лату кӯби намояндагони ҳизби наҳзати исломӣ дар моли апрел ва боздошти Зайд Саидов, вазири собиқи саноеъи Тоҷикистон ба иттиҳоми ҷароиме, ки дар ҳашт соли пеш иттифоқ уфтодааст, яке аз мавориди зиёдест, ки The economist ба унвони мисоли таъқиб ва таҳдидҳои сиёсӣ баршумурдааст.

‘Бархе расонаҳо гумроҳ мекунанд’

Дар ҳоле, ки рӯзномаву маҷаллаҳои хориҷӣ аз ончи “вазъи ноором” дар Тоҷикистон мехонанд, ҳушдор медиҳанд, осоре аз чунин вазъият дар родю ва телевизиюнҳои давлатии ин кишвар дида намешавад.

Аммо Усмон Солеҳ, сухангӯи ҳизби ҳокими халқӣ демукроти Тоҷикистон ба раҳбарии раиси ҷумҳурӣ мегӯяд, гузоришҳо ва мақолаҳои интиқодӣ дар нашрияҳои хориҷӣ дар натиҷаи “гумроҳ шудани” муаллифони онҳо тавассути пушиши вазъияти Тоҷикистон дар бархе аз расонаҳои “ситезаҷу” навишта мешаванд.

Ӯ мегӯяд, “оқои Раҳмон касеро саркӯб накардааст” ва меафзояд, ки парвандаи Зайд Саидов, ки дар гузоришҳо ба он ишора мешавад, парвандаи иқтисодӣ аст ва мавориди таҳдидҳои телефунӣ ва латукӯбҳо таҳқиқ мешаванд.

Ӯ мегӯяд: “Воқеъият ин аст, ки оқои Раҳмон дар миёни мардум маҳбубияти қавӣ дорад, ӯ натанҳо сулҳ овард ва муҳоҷиронро баргардонд, ӯ дар ҷомеъа барои фаъъолияти гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ шароитро фароҳам кард. Сатҳи камбизоъатӣ ҳоло то 38 дарсад поён омадааст, афзоиши маҳсулоти нохолиси миллӣ имрӯз ҳафт фоизро ташкил медиҳад, инҳо ҳама пешрафтҳо ҳастанд, ки баъзеҳо нодида мегиранд.”

Матолиби муртабит