'Кишварҳои шӯравии собиқ амниятро болотар аз ҳуқуқи башар медонанд'

  • 3 Июл, 2013

“Маро назди метрои “Университет” гирифтанд. Иҷоза намедонанд, сарамро боло кунам, шуруъ кардан ба задани ман. Гуфтанд, маро мекушанд. Туфангро ба сарам гузоштанд ва гуфтанд, агар ба Тоҷикистон бар нагардам маро мекушанд.”

Порае аз номаи як шаҳрванди Тоҷикистон ба вакили мудофеъаш дар Маскав аст, ки гузориши Афви Байналмилал таҳти унвони “Бозгашт ба шиканҷа дар Осиёи Миёна” бо он оғоз мешавад.

Сироҷиддин Ҷураеви 27-сола, муаллифи ин нома 31-уми октябри соли 2011 дар хиёбоне дар Маскав рабуда шуда ва ба сурати иҷборӣ ба ватан баргардонида шудааст.

Ин танҳо нома бо чунин муҳтаво нест. Гузориши ҷадиди Афви Байналмиллал намунаҳои зиёде аз номаҳои мушобеҳ аз афроди рабудашуда, мустарадшуда ва онҳое, ки мунтазири истирдод ба кишварҳои худ ҳастандро дар ин гузориш ҷо додааст.

Ин созмон менависад, одамрубоӣ ва ё истирдоди иҷбории мазнунон ба ватанашон, дар ҳоле, ки хатари шиканҷа шудани онҳо дар онҷо мавҷуд аст, амри маъмулие дар таҷрибаи ҳамкории маъмурони амниятии кишварҳои шӯравии собиқ дар солҳои ахир аст.

Дар ин гузориш мехонем, ки “дар Тоҷикистон, Ӯзабкистон ва ба мизони камтар дар Қирғизистон ва Қазоқистон мақомот аз кишварҳои ҳамсоя ва Русияву Укройн дархости истирдоди мазнунони ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои мамнуъ ба мисли Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон ва Ҳизби таҳрирро мекунанд.”

Ба навиштаи ин гузориш ҳарчанд кишварҳои мустақили ҳамсуд таъаҳҳудоти байналмилалӣ дар заминаи иҷоза надодан ба истирдоди афрод ба кишварҳое, ки дар онҳо хатари шиканҷа вуҷуд дорадро имзо кардаанд, аммо ниҳодҳои амниятии ин кишварҳо ахиран “ба сурати афзоянда” дар заминаи ҳамкорӣ мекунанд.

Чашмпӯшии ҷомеъаи ҷаҳонӣ

Ин дар ҳолест, ки тибқи таъаҳҳудоти байналмиллалии ҳуқуқи башар “Ҳар кишваре, ки нафареро ба кишваре ё қаламраве ихроҷ, мустарад ё равон мекунанд, ки дар онҷо ба ин нафар шиканҷаву озор таҳдид мекунад, муртакиби амре ғайриқонунӣ мешавад.”

Аммо ба гуфтаи Афви Байналмиллал кишварҳои мустақили ҳамсуд мувофиқатномаҳои худ дар заминаи ҳамкориҳои амниятӣ ва мубориза бо террурисмро дар авлавият қарор медиҳанд ва “чунин мувофиқатномаҳо ҳомили таъаҳҳудоти маҳдуде дар заминаи таъмини ҳуқуқи инсон доранд.”

Афви Байналмиллал аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ гиламанд аст, ки ба ин вазъият таваҷҷӯҳи андаке мекунанд.

Ҳарчанд ба навиштаи ин созмони мудофеъи ҳуқуқи инсон ин равандҳои нигаронкунанда “дар пеши чашми ҷомеъаи ҷаҳонӣ” сурат мегирад.

Дар гузориш мехонем: “Аҳкоми Додгоҳи Урупоии Ҳуқуқи Башар нодида гирифта мешаванд, аммо ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба ин амр чашм мебандад.”

Гузориш меафзояд: “Кумитаи Вузарои Шӯрои Урупо натавонистааст, Русия ва Укройнро барои нодида гирифтани аҳкоми Додгоҳи Урупои Ҳуқуқи Башар ба ҷавобгарӣ кашонад ва UNHCR ё Кумисориёи Олӣ дар умури Паноҳандагон низ ба сурати лозим дар бораи мушкили муҳимтар аз ҳуқуқи инсон донистани нигарониҳои амниятӣ аз сӯйи ин давлатҳо, садо баланд накардаанд.”

‘Фазои беҷазоӣ дар Осиёи Миёна ҳоким аст'

Гузориш меафзояд, Афви Байналмиллал аз соли 1991 вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои Осиёи Миёнаро назорат мекунад ва дар ҳар панҷ кишвар мавориди шиканҷа ва озори боздоштшудагон аз сӯйи пулис ва маъмурони амниятӣ ба таври густарда сурат мегирад.

Дар гузориш мехонем: “Дар ду даҳаи ахир ҳазорҳо нафар дар ин минтақа шикоят кардаанд, ки онҳо ба сурати ғайриқонунӣ боздошт шуда ва барои иътироф, ё ришваситонӣ аз хешовандонашон мавриди шиканҷаву озор қарор гирифтаанд.”

Афви Байналмиллал мегӯяд, дар тӯли ин муддат ҳамаи кишварҳои минтақа ислоҳоте дар қувваи қазоӣ барои тағйири ин вазъ муъаррифӣ кардаанд, аммо дар ҳеҷ яке аз онҳо тағйироти чашмгире дар ин замина сурат нагирифтааст.

Гузориш меафзояд “чунин рафтор нисбати мазнунон дар иртикоби ҷароими одӣ низ раво дониста мешавад ва дар нисбати мухолифони сиёсӣ, аъзои гурӯҳҳои ифротгаро ва терруристӣ ба сурати густарда истифода мешавад.”

Муаллифони ин гузориш гуфтаанд, ки вуҷуди фасоди ҳамагир дар сохторҳои пулис ва қувваи қазоӣ ба фазои “бахшудагӣ” ё беҷазо мондани гунаҳкорон дар минтақа мусоъида карда ва боиси адами эътимоди ҷомеъа ба системи адолати додгоҳӣ шудааст.

Ба ин хотир гузориш меафзояд, ки қурбониёни бадрафторӣ банудрат шикоят мекунанд, зеро огоҳанд, ки наметавонанд адолатро барқарор ё ғаромате дарёт кунанд.

Аз сӯйи дигар аксарият дар ин кишварҳо ба хотири бим аз интиқомҷӯӣ алайҳи худ ё хешовандонашон алайҳи маъмурони амниятӣ шаҳодат намедиҳанд.

Матолиби муртабит