Падари Ҳамза Икромзода ба унвони эътироз толори додгоҳро тарк кард

  • 15 Май, 2013
Ҷасади Ҳамза
Image caption Пайвандони Ҳамза Икромзода ба худкушӣ кардани ӯ дар зиндон бовар надоранд, зеро мегӯянд дар андоми ҷанозаи ӯ нишонаҳое аз шиканҷа мушоҳида шудааст.

Рӯзи 15-уми май додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе муҳокимаи парвандаи ҷиноӣ дар робита ба марги мармузи Ҳамза Икромзода, маҳбуси зиндони шумораи якро ба сабаби худдории падари Ҳамза аз ширкат дар ин муҳокима ба унвони эътироз ба таъвиқ гузошт.

Рустам Мирзоев, қозии парванда гуфт, ки муҳокимаи додгоҳ, ки қарор буд рӯзи чаҳоршанбе дар боздоштгоҳи муваққатии шумораи як пушти дарҳои баста оғоз шавад, рӯзи ҷумъа баргузор хоҳад шуд.

Гулҷеҳра Холматова, вакили мудофеъи хонаводаи Икромзода гуфт, ки қозӣ иҷоза додааст, аз пайвандони Ҳамза Икромзода танҳо Файзалӣ Икромов, падар метавонад дар додгоҳ ширкат кунад.

Ба ин сабаб Файзалӣ Икромов ба унвони эътироз ба ин қарори қозӣ аз ширкат дар муҳокимаи додгоҳии бидуни ширкати алоқамандони дигар ва баругзории муҳокима ба сурати баста, толори додгоҳро тарк кард ва ин боъиси лағви ҷаласаи додгоҳӣ шудааст.

Падари Ҳамза Икромзода, рӯзи чаҳоршанбе 15 май дар суҳбат ба Би-би-сӣ гуфт, ки мехоҳад муҳокимаи додгоҳӣ на дар сохтмони боздоштгоҳ, балки дар толори додгоҳ ва бо ширкати тамомии пайвандон ва хабарнигорон баргузор шавад.

Вай афзуд: “Имрӯз қозӣ танҳо иҷозаи ширкати маро дар муҳокима дод ва ман мухолифи чунин баргузории муҳокимаи додгоҳӣ ҳастам. Ман тақозо дорам, муҳокима бо ширкати хабарнигорон ва тамоми пайвандони хоҳишманд дар он баргузор шавад.”

Оқои Икромов гуфт, ки дар ғайри ин сурат ба баргузории мунсифонаи муҳокимаи додгоҳӣ бовар нахоҳад дошт.

Қабл аз он, ки муҳокимаи додгоҳӣ лағв шавад, қозии парванда имрӯз 15-уми май аз вуруди хабарнигорон ба муҳокимаи додгоҳӣ бо баҳонаи надоштани “муҷаввизи вижа” ҷилавгирӣ кард.

Муҳокимаи додгоҳӣ дар робита ба марги мармузи Ҳамза Икромзода ба дунболи шикояти пайвандони вай ба Додситони кулли Тоҷикистон ва таҳқиқоти ин ниҳод дар бораи ин қазия баргзор мешавад.

Пайвандони Ҳамза Икромзода бовар доранд, ки ӯ дар натиҷаи шиканҷа дар зиндон ҷони худро аз даст додааст.

Ба гуфтаи Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеъи хонаводаи Икромзода дар муҳокимаи додгоҳӣ, парвандаи ҷиноӣ алайҳи Маҳмуд Исмоъилов, яке аз кормандони зиндони шумораи яки шаҳри Душанбе бар асоси моддаи 316-и қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне сӯиистифода аз мансаб расидагӣ хоҳад шуд.

Файзи Олӣ яке дигар аз вукалои мудофеъ аст, ки дар муҳокимаи додгоҳии парванда аз мавқеъи хонаводаи Икромзода дифоъ хоҳад кард.

Ҳамза Икромзода 20-уми сентябри соли 2012 дар зиндони шумораи яки шаҳри Душанбе даргузашт.

Нахуст додситонӣ таҳқиқи марги ин зиндонии 27-соларо анҷом дода ва ташхиси пизишки қонунии вобаста ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон сабаби марги ӯро худкушӣ унвон карда буд.

Вале пайвандони Ҳамза Икромзода гуфтанд, ки ба худкушӣ кардани Ҳамза бовар надоранд, зеро мегӯянд дар андоми ҷанозаи ӯ нишонаҳое аз шиканҷа мушоҳида шудааст.

Баъд аз пофишориҳои зиёди падар ва бародани Ҳамза додситонӣ дубора ба ин ҳодиса расидагӣ карда ва се нафар аз кормандони зиндони шумораи якро дар сӯиистифода аз мансаб муттаҳам кард.

Ахиран муҳокимаҳои додгоҳӣ дар робита ба шикояти сокинон аз хушунат алайҳи пайвандонашон дар зиндонҳо ва боздоштгоҳҳо дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.

Дар моҳи марти соли ҷорӣ додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳукм кард, ки Вазорати кишвари Тоҷикистон ба хонаводаи Сафаралӣ Сангов, ки ду сол қабл дар асари шиканҷаи пулис дар боздоштгоҳ ҷон дода буд, 46.500 сомонӣ ғаромат бипардозад.

Ҳамчунин додгоҳи ноҳияи Синои ин шаҳр дар қазияи мушобеҳе миёни Вазорати адлияи Тоҷикистон ва ҳамсари Исмоъил Бачаҷонов, ки дар яке аз зиндонҳои ин кишвар дар асари шиканҷа даргузашта буд, бо мусолеҳаи додгоҳӣ поён дод ва хонуми Бачаҷонова бо дарёфти 30 ҳазор сомонӣ аз сӯйи ин вазорат шикояти худро аз додгоҳ бозпас гирифт.

Ин муҳокимаҳо аз ҷумлаи андак қазоеъи додгоҳӣ дар Тоҷикистон дар робита ба эъмоли хушунат буданд, ки ба суди шокиёни он ҳал шудаанд.

Матолиби муртабит