Таҳқиқи парвандаи марги Исмон Бобоев аз сар гирифта хоҳад шуд

  • 12 Апрел, 2013
самбули адолат
Image caption Додогоҳи шаҳри Хуҷанд қарори додситонии вилояти Суғд дар бораи қатъи парвандаи марги Исмон Бобоевро лағв кард

Таҳқиқи ҳодисаи марги Исмон Бобоев дар ҷараёни боздошт ва бозпурсӣ тавассути кормандони вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд дубора аз сар гирифта хоҳад шуд.

Рӯзи 12-уми апрел додгоҳи шаҳри Хуҷанд пас аз баррасии серӯзаи шикояти падари Исмон Бобоев дар бораи “қатъи ғайриқонунии таҳқиқи ин парванда” дар моҳи октябри соли гузашта, қарори додситонӣ дар бораи қатъи ин парвандаро лағв кард.

Дар ин бора Абдураҳмон Шарипов, вакили мудофеъи Ҷурабой Бобоев, падари Исмон Бобоев, ки гуфта мешавад дар асари шиканҷа дар боздошт ҷони худро аз даст додааст, иттилоъ дод.

Оқои Шарипов гуфт, ки вай ҳамчунин аз додгоҳ дархост карда буд, ки “нисбати шахсони мансабдор таҳқиқот анҷом шавад”, вале додгоҳ ба далели мушаххас набудани ҳуввияти мансабдорон ин хоҳишро рад кард.

Ба ин саволи Би-би-сӣ, ки манзур аз “шахсони мансабдор” дар ин дархост киҳо будаанд, оқои Шарипов гуфт: “Парванда ба далели бемор будани афроди мазнун дар ҷиноят қатъ шудааст. Аммо ҳуҷҷатҳое, ки бемории онҳоро тасдиқ кунад, бидуни ташхиси пизишкӣ содир шудаанд. Одамоне ки ин ҳуҷҷаҳоро додаанд, муфаттише ки ин ҳуҷҷатҳоро бидуни санҷиш қабул кардааст бояд дар пеши қонун ҷавоб бидиҳанд.”

Қарор аст акнун додситонии вилояти Суғд дубора таҳқиқоти муқаддамотии ин парвандаро анҷом бидиҳад ва сипас замони баррасии парвандаи марги Исмон Бобоев дар додгоҳ мушаххас хоҳад шуд.

Дар ин парванда, ки таҳқиқи он баҳори соли 2010 боз шуд ва дар ин муддат ду бор қатъ шуда буд, Фирдавс Шокиров ва Манучеҳр Акбаров кормандони собиқи вазорати кишвари Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шиканҷаи Исмон Бобоев, ки бо марги ӯ анҷомид, муттаҳам шудаанд.

Ба далели он ки ин ҷиноят қабл аз илова шудани модаи вижа дар бораи шиканҷа ба қонуни ҷиноии Тоҷикистон содир шудааст, ин мода дар парвандаи мазкур шомил нахоҳад буд.

Муттаҳамони ин парванда дар таҳқиқоти муқаддамотӣ тибқи модаҳои (104/1) куштор, (314) суистифода аз мансаб, (257) аххозӣ (ситонидани пул) ва (247) қаллобӣ муттаҳам шудаанд.

Исмон Бобоев, 19-уми феврали соли 2010 тавассути Манучеҳр Акбаров ва Фирдавс Шокиров, кормандони собиқи идораи мубориза бо ҷароими созмонёфта боздошт шуда буд.

Ӯ дар ҷараёни бозпурсӣ дар сохтмони ин идора ҷони худро аз даст дода буд. Пайвандони ӯ бовар доранд, ки шиканҷа боиси марги вай шудааст.

Зимнан, Кумитаи алайҳи шиканҷаи СММ соли гузашта зимни баррасии раванди иҷрои Кунвонсиюни алайҳи шиканҷа дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда буд, ки дар миёни парвандаҳои дигар аз ҷумла парвандаи марги Исмон Бобоев дар боздоштгоҳ мунсифона бозрасӣ нашудааст.

Тоҷикистон дар соли 1995 Кунвенсиюни СММ алайҳи шиканҷаро тасвиб карда ва дар моддаи 18-и Қонуни Асосии ин кишвар низ шиканҷа ва муносибати бераҳмона мамнӯъ эълом шудааст.

Бо ин вуҷуд, бино ба гузориши созмони “Марказ дар умури ҳуқуқи башар ва риояти қонуният” (BHR) то ҳол дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон мавориди шиканҷа иттифоқ меафтад.

Матолиби муртабит