Шӯҳрат Қудратов: 'Қазияи Саидов аз лату кӯб шудани ман муҳимтар буд'

Шӯҳрат Қудратов ба хабарнигорон аз лату кӯб шуданаш аз сӯйи яке аз бозрасони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон хабар дод.
Ин ҳодиса ба гуфтаи ӯ замоне руй дод, ки ӯ ҳанӯз вакили мудофеъи Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшуда буд. Оқои Қудратов, мегӯяд, аз ин ҳодиса ба бахши пулиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе шикоят бурдааст.
Оқои Қадратов, рӯзи ҷумъаи 5 июл ба Би-би-сӣ аз ҷузъиёти ин ҳодиса гуфт: “Мо он замон тасмим гирифтем, ки ҳимоят аз Зайд Саидов барои мо муҳимтар аст ва аз ин рӯ хомӯширо ихтиёр кардем. Фирдавс Ниёзбадалов, як бозрас баъд аз яке аз мулоқотҳои ман бо оқои Саидов ба ман ҳарфҳои қабеҳ гуфт ва замоне, ки ман аз ӯ тақозо кардам фоҳш надиҳад, ӯ маро лату кӯб кард.”
Аммо Фирдавс Ниёзбадалов дар сӯҳбати телефунӣ ба Би-би-сӣ гуфт ин иддаъоро рад кард ва аз ироаи ҷузъиёти ҳодиса сарпечӣ кард.
Зайд Саидов, вазири саноеъи вақти Тоҷикистон ки аз 19-уми майи соли ҷорӣ дар боздошт ба сар мебарад, 19 моҳи июни соли ҷорӣ эълом кард, ки аз кумаки ҳуқуқии Шӯҳрат Қудратов, даст кашид.
Ӯ дар ҷараёни мулоқоташ бо оқои Қудратов дар ҳузури бозрасон гуфт, ки дигар ба кумакҳои ҳуқуқии ӯ ниёз надорад. Оқои Қудратов гуфта буд, ки ҳадс мезанад, Зайд Саидов аз кумакҳои ҳуқуқии ӯ, “дар натиҷаи фишор аз сӯйи бозрасонҳо” даст кашида бошад.
Ҳамакнун аз оқои Саидов фақат ду вакили мудофеъ, Фахриддин Зокиров ва Исҳоқ Табаров ҳимоят хоҳанд кард.
Оқои Саидов дар пайи эъломи ибтикор дар мавриди таъсиси ҳизби ҷадиде бо номи "Тоҷикистони нав" дар моҳи майи соли ҷорӣ боздошт шуда буд.
Намояндагони бархе аз аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон ва ҲНИТ, қазияи боздошти Зайд Саидовро "сиёсӣ" хонда ва онро ба тасмими ахири ӯ барои таъсиси ҳизби ҷадиди сиёсӣ рабт доданд.
Зайд Саидов расман тибқи моддаи 319-и қонуни кайфарии Тоҷикистон яъне ришваситонӣ муттаҳам шудааст, аммо вай ин иттиҳом алайҳи худро бепоя хондааст.
