Вакили мудофеъ: Наметавонам бо Саидов мулоқот кунам

  • 6 Июн, 2013
Шуҳрат Қудратов
Image caption Оқои Қудратов аз вазъи саломати муваккилаш нигарон аст

Шуҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеъи Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик мегӯяд, ки ҳашт рӯз аст, ки бозрасон ба вукалои мудофеъ иҷозаи мулоқот бо оқои Саидовро намедиҳанд.

Ба гуфтаи ӯ дархости пайвандони оқои Саидов низ барои дидор бо вай дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон рад шудааст.

Шуҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеъи Зайд Саидов, ки як моҳ қабл боздошт шуд, гуфт нигарон аст, ки дар ин муддат бозрасон таҳқиқоти ин парванда ва бозпурсии оқои Саидовро бидуни ширкати вукалои мудофеъ анҷом медиҳанд.

Ӯ гуфт: "Ман бори охир бо оқои Саидов 29 май мулоқот кардам ва ҳарчанд рӯзи 30 май дубора дархости мулоқот кардам, то имрӯз Фирӯз Холмуродов, бозраси парванда ба ман бо ҳар баҳонае иҷоза намедиҳад, ки бо муваккилам дидор кунам."

Нигаронии дигари оқои Қудратов вазъи саломати муваккилаш будааст. Зеро ӯ мегӯяд, ки дар мулоқоти ахири ӯ бо оқои Саидов, вай аз бад шудани саломаташ шикоят кардааст.

Image caption Зайд Саидов аз 20 рӯз бад-ин сӯ дар боздоштгоҳ ба сар мебарад

Оқои Қудратов аз он бим дорад, ки бозрасон метавонанд бидуни ширкати вакилон мудофеъ оқои Саидовро бозпурсӣ кунанд ва ба ӯ фишор биёваранд.

Зайд Саидов, тоҷири матраҳ ва вазири собиқи саноеъи ин кишвар субҳи рӯзи 19 май дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе баъд аз бозгашт аз Фаронса аз сӯйи кормандони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон боздошт шуд.

Шуҳрат Қудратов мегӯяд, ки алайҳи Зайд Саидов фақат як иттиҳом тибқи моддаи 319-и қонуни ҷазои Тоҷикистон, яъне ришваситонӣ расман ворид шудааст. Дар мавориди иттиҳомоти дигар таҳқиқот идома доштааст.

Зайд Саидов, раҳбари гурӯҳи мубтакирони таъсиси ҳизбе мавсум ба "Тоҷикистони нав" дар гуфтугӯе бо Би-би-сӣ дар 12 май иттиҳомоти давлат алайҳи худро бепоя хонд.

Ин иттиҳомоти мақомот алайҳи ӯ пас аз он дар ихтиёри умум қарор гирифт, ки оқои Саидов ба унвони раиси гурӯҳи мубтакирон аз таъсиси ҳизбе ҷадид ба номи "Тоҷикистони нав" хабар дод.

Бисёре аз соҳибназарон мавриди пайгарди қонунӣ қарор гирифтани оқои Саидовро дар соли баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар кишвар, як иқдоми сиёсӣ алайҳи тасмими ӯ барои таъсиси ҳизбе ҷадид медонанд. Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки боз шудани парванда рабте ба ин тасмими ӯ надоштааст.

Таҳлилгарон мегӯянд мавриди пайгарди қонунӣ қарор гирифтани рақибони сиёсӣ ва мунтақидони давлат дар Тоҷикистон дар соли ахир амре маъмулӣ шудааст.

Матолиби муртабит