Вокуниши ҲСДТ дар қиболи боздошти Зайд Саидов

  • 20 Май, 2013
Зайд Саидов
Image caption Зайд Саидов рӯзи якшанбе дар фурӯдгоҳи Душанбе аз сӯйи масъулони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон боздошт шуд

Раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон бо пахши баёнияе аз шаҳрдории Душанбе ва намояндагони маҷлиси шаҳрӣ дархост кардааст, то дар қиболи қазияи боздошти Зайд Саидов, намояндаи маҷлиси шаҳрӣ мавқеъи хешро равшан кунанд.

Раҳматилло Зойиров, рӯзи душанбеи 20 май ин номаро унвонии Маҳмадсаид Убайдуллоев ирсол карда ва дар он боздошти оқои Саидов ва мавриди бозҷӯӣ қарор додани манзил ва дафтари вайро ғайриқонунӣ хондааст.

Дар ин баёния гуфта мешавад дар ҳоле, ки як намояндаи маҷлиси шаҳрӣ беш аз як рӯз дар боздоштгоҳ ба сар мебарад, вокуниши намояндагони маҷлиси шаҳрӣ дар ин бора ҳанӯз маълум набудааст.

Аз ин рӯ, аз оқои Убайдуллоев ба унвони шаҳрдор ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон тақозо шудааст, ки мавқеъи худ ва намояндагони маҷлиси шаҳриро дар ин бора дар асроъи вақт изҳор кунад.

Оқои Зойиров, ҳамчунин, аз Маҳмадсаид Убайдуллоев, посух ба ин суолро ҷӯё шудааст, ки агар Зайд Саидов, вакили маҷлиси шаҳрӣ аст, пас чи тавр мақомоти интизомӣ тавонистаанд, вайро боздошт кунанд?

Зеро оқои Саидов ба унвони намояндаи маҷлиси шаҳрӣ аз масуният бархурдор аст ва оқои Зойиров мепурсад, ки оё намояндагони маҷлиси шаҳрӣ ва додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ иҷозаи боздошти ӯро аз пеш ироа кардаанд?

Ҳамчунин, оқои Зойиров изҳор доштааст, ки дирӯз масъулони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон манзил ва дафтари кории оқои Саидовро мавриди бозҷӯӣ қарор дода ва роёна (компютер) ва мадорики зиёдеро аз дафтари вай бо худ бурдаанд.

Нигаронии масъулони Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон дар ҳолест, ки рӯзи душанбеи 20 май як масъули Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба Би-би-сӣ гуфт, ки то ҳол ин ниҳод алайҳи Зайд Саидов расман иттиҳоме ворид накардааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, иттилоъи расмӣ дар мавриди ворид шудани иттиҳомот алайҳи оқои Саидов баъд аз зуҳри имрӯз пахш хоҳад шуд.

Аз сӯйи дигар, се вакили мудофеъи Зайд Саидов, яке аз тоҷирони муваффақ, ки ахиран бо эъломи ҳизбе ҷадид ба фаъъолияти сиёсӣ низ дар Тоҷикистон пардохтааст, мегӯянд, ки то ҳол муваффақ нашудаанд, ки бо муваккилашон мулоқот кунанд.

Масъулони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон як рӯзе қабл дар сойти расмии хеш хабар дода буданд, ки Зайд Саидовро бар асоси се моддаи қонуни кайфарии Тоҷикистон, тақаллуб, ришваситонӣ ва суистифода аз мақоми хидматӣ муттаҳам кардаанд.

Зайд Саидов субҳи рӯзи якшанбеи 19 май ҳангоми бозгашт аз Фаронса дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон боздошт ва аз он ҷо ба бинои ин ниҳод, ки дар хиёбони Рӯдакӣ воқеъ аст, мунтақил шудааст.

Аз он муддат оқои Саидов аз бинои Ожонс берун наёмадааст ва дар вокуниш ба ин қазия гурӯҳи мубтакирони таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав" бо пахши баёнияе боздошти оқои Саидовро, ки раҳбарии ин гурӯҳро бар уҳда дорад, “қазияе сиёсӣ” хонданд.

Изҳороти ин гурӯҳ низ баъд аз зуҳри рӯзи якшанбе пахш шуда буд ва дар он гуфта шуд, ки пайвандони оқои Саидов аз вазъи саломати ӯ нигарон буда ва бо ин вуҷуд масъулони Ожонс иҷозаи мулоқоти онҳо ва вукалои мудофеъ бо оқои Саидовро надодаанд.

Дар ҳамин ҳол, ин гурӯҳ бо ишора ба боздошти ғайриқонунии раҳбари он, гуфтааст, ки баъд аз ин амал иддае аз рӯшанфикрон ва донишмандон, аз ҷумла, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, Ғуломиддин Сайфиддинов ва Барзуи Абдураззоқ ба ин гурӯҳ пайвастаанд.

Қаблан ду нафар, Ҷамшед Ҳафизов, муъовини раиси ширкати "ТоҷСохтмон-Байналмилал" ва Абдураҳим Алиев, раиси қаблии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе гурӯҳи мубтакирони таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав"-ро тарк карда буданд.

Матолиби муртабит